Дар як сатр
» » Нахустин амалиёти пайвандсозии гурда дар Хатлон

Нахустин амалиёти пайвандсозии гурда дар Хатлон

19-01-2016, 13:08

Моҳи декабри соли 2015 бори нахуст дар таърихи тибби вилоят амалиёти пайвандсозии гурда сурат гирифт. Ин амалиёт дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара муваффақона анҷом шудааст.

Нахустин амалиёти пайвандсозии гурда дар Хатлон

Тавре ки Хизматулло Шамсзода, сарпизишки беморхонаи мазкур, дар суҳбат бо мо иттилоъ дод, 4 декабр аз ҷониби ҷарроҳони ин беморхона дар ҳамдастӣ бо пизишкони Душанбе нахустин амалиёти ҷарроҳӣ оид ба трансплантатсия ё пайвандсозии гурда гузаронида шуд.

«Бемор Фарҳод Ҳоҷибоеви 37-сола, сокини шаҳри Хуҷанд буд. Донори ӯ яке аз хешовандонаш буд. Бо дарназардошти ин ки дар беморхонаи мо тамоми шароити мусоид барои анҷом додани чунин амалиёти мушкил фароҳам аст, бемор ба Данғара омад. Ҳоло вазъи саломатии Ф. Ҳоҷибоев ва донори ӯ хуб аст ва онҳо чанд рӯз пеш аз фарорасии соли нави мелодӣ ба хонаи худ баргаштанд. Мутахассисони тиб аз пойтахти кишвар бар ин назаранд, ки шароити Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара барои дар заминаи он таъсис додани Маркази транспанталогия мусоид аст, аммо ҳоло мо танҳо дар бораи ифтитоҳи шуъбаи он андеша дорем», - гуфт Х. Шамсзода.

Ба қавли сардухтури ин беморхона, тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ба 8 миллион аҳолӣ ҳудудан 180-200 бемори ниёзманд ба пайвандсозии гурдаи нав рост меояд. Таҷрибаи пайвандсозии гурда дар бемористонҳои Тоҷикистон ҳамагӣ 4 сол қабл шурӯъ шудааст.

Ҳоло беморон барои амалиёти пайвандсозии гурда дар Эрон 16 ҳазор доллари ИМА, дар Русия ҳудуди 70 ҳазор доллар ва дар Олмон то 120 ҳазор евро сарф мекунанд, аммо дар Тоҷикистон, ба иттилои Х. Шамсзода, чунин амалиёти ҷарроҳӣ бо сарфи ҳамагӣ камтар аз 48 ҳазор сомонӣ сурат мегирад, ки нархи нисбатан дастрас мебошад. Қарор аст, ки дар соли ҷорӣ низ дар беморхонаи ҷумҳуриявии Данғара якчанд амалиёти дигари пайвандсозӣ сурат бигирад.

Н. Маъмурзода


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, дастовардҳои Хатлон зиёданд

Сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, дастовардҳои Хатлон зиёданд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳоӣ дастовардҳо зиёданд»

«Сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳоӣ дастовардҳо зиёданд»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кори беморхонаи вилоятӣ беҳтар мешавад

Кори беморхонаи вилоятӣ беҳтар мешавад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Балҷувон. Бинои нав дар беморхонаи марказӣ

Балҷувон. Бинои нав дар беморхонаи марказӣ

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Анҷоми амалиёти

Анҷоми амалиёти "Пиёдагард"

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА