Дар як сатр
» » Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем!

Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем!

16-01-2016, 16:51



Бо шарофати ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ зиндагии озоду осоишта дошта, шукри ин неъмати худододро ба ҷо меоранд. Албатта, барои ҳамагон, махсусан насли калонсол, хуб маълум аст, ки барои миллати тоҷик ба даст овардани истиқлолият чӣ гуна муяссар гардид. Дар он рӯзҳои сангин, ки Тоҷикистон дар коми оташ месӯхту хатари аз байн рафтани давлат таҳдид мекард, касе ҷуръат пайдо намекард, ки роҳбарии давлатро ба зимма гирад.
Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем!
Хушбахтона, ба бахти миллати тоҷик фарзанди фарзонааш Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомӣ ва наҷотбахши миллат зуҳур кард ва аввалин ваъдае, ки ба миллат дод, барқарор намудани сулҳ дар Тоҷикистон буд. Бо хости Худованд, ӯ на танҳо сулҳ овард, балки як давлатеро, ки қариб ҳамаи пояҳои давлатдории он фалаҷ шуда буд, дар муддати кӯтоҳ ба як кишвари тараққикарда табдил дод, ки имрӯз онро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мешиносанд ва эътирофаш мекунанд…

Имрӯз Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузург ноил шудааст, ки мардум худ шоҳид мебошанд ва хуб медонанд. Мутаассифона, имрӯз нафароне ҳастанд, ки ин дастовардҳо ва сулҳу ваҳдати тоҷиконро дидан намехоҳанд. Бар сари миллату ватани худ санги маломат мезананд. Ватане, ки дар оғӯши худ онҳоро парвариш намуд, акнун ин фарзандонаш ба ӯ хиёнатро раво мебинанд. Манзур аз ин гуфтаҳо, амали ноҷавонмардонаи гурӯҳи террористӣ бо роҳбарии генерали хиёнаткор Назарзода Абдуҳалим (Ҳоҷӣ Ҳалим) аст, ки мехостанд оромии кишварро халалдор созанд, вале хушбахтона, ба ин ниятҳои нопоки худ нарасиданд. Тавре ки аз воситаҳои ахбори омма огаҳӣ пайдо намудем, дар паси ин амалҳои нангин саркардагони собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон меистанд. Имрӯз тафтишот муайян намудааст, ки собиқ раиси ин ҳизб М. Кабирӣ террористонро маблағгузорӣ кардааст. Худи наздикони М. Кабирӣ низ иқрор шудаанд, ки писари ӯ Руҳулло Тиллозода қабл аз амалҳои террористӣ бо супориши падараш 1 миллиону 200 ҳазор долларро ба Назарзода Абдуҳалим (Ҳоҷӣ Ҳалим) додааст.
Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем!
Акнун М. Кабирӣ, ки пайваста дар мусоҳибаҳояш аз сулҳу ваҳдат ва муттаҳидии миллат сухан мегуфт, дар «паноҳ»-и «дӯстон»-и хориҷиаш қарор дошта, боз ба сӯи Ҳукумати Тоҷикистон санги маломат мезанад.

Бояд зикр кард, ки соли 1999 бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба ҲНИТ иҷозат дода шуда буд, ки дубора фаъолият намуда, дар пешрафту тараққиёти Тоҷикистон саҳмгузор бошад. Вале, бо гузашти вақт маълум гардид, ки аъзоёни ҲНИТ дар ошӯбҳои аввали моҳи сентябр бевосита иштирок карда, ҷиноятҳои вазнин содир намуда, ба муқобили давлат бархестанд. Бинобар ин, асоси ҳуқуқи фаъолият доштани ин ҳизб дар Тоҷикистон пурра аз байн рафтааст. Аз ин лиҳоз, қабул шудани ҳалномаи Суди Олӣ дар бораи манъ кардани фаъолияти ҲНИТ дуруст ва саривақтӣ буд.

Итминони комил дорам, ки мардуми сулҳхоҳу ваҳдатофари Тоҷикистон ба дасисаву найрангҳои ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо дода нашуда, ба хотири пешрафти ҷомеа ва рушду тараққии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид мемонанд ва намегузоранд, ки душманони миллат баҳори моро хазон гардонанд.

Мо мардуми ин кишвари дар авҷу барорем,
Як зарра ҳам аз душмани худ тарс надорем.
Лекин ҳама чун якдилу ҷон сулҳшиорем,
Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем.


Умедҷони АБДУҶАББОР


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Каҷ шину рост бигӯ!

Каҷ шину рост бигӯ!

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои арзандаи миллати тоҷик

Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои арзандаи миллати тоҷик

Сиёсат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Табибон: Намехоҳем, ки нооромиҳои солҳои 90-ум такрор шаванд

Табибон: Намехоҳем, ки нооромиҳои солҳои 90-ум такрор шаванд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Тандурустӣ ва экология
Рӯҳониёни Сарбанд: Мардум, ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳед

Рӯҳониёни Сарбанд: Мардум, ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳед

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Назарзода ба қасами ҳарбӣ хиёнат кард

Назарзода ба қасами ҳарбӣ хиёнат кард

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо