Дар як сатр
» » Ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ шудани се нашрияи вилоят

Ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ шудани се нашрияи вилоят

2-01-2015, 20:56

Ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ шудани се нашрияи вилоятНашрияи «Субҳи меҳнат»-и ноҳияи Муъминобод барандаи озмуни ҷумҳуриявии «ВАО муқобили коррупсия» гардида, бо диплом ва 3000 сомонӣ мукофотонида шуд.

Нашрияи ноҳиявии «Ҳақиқати Ховалинг» ва рӯзномаи вилоятии «Новий Хатлон» низ дар озмуни мазкур, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуда буд, «барои саҳми арзанда дар инъикоси мавзӯъҳо оид ба муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ғолиб дониста шуданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Орумбекзода дар табрики барандаҳои озмун зикр намуд, ки мақсад аз гузаронидани озмуни «ВАО-муқобили коррупсия» мусоидат намудан ба фаъол гардонидани нашрияҳои давлатӣ дар инъикоси мавзӯъҳои муқовимат ба коррупсия мебошад.

Ҳайати эҷодии рӯзномаи «Хатлон» ҳамкорони соҳибҷоизаи худро аз ин нашрияҳо самимона шодбош гуфта, барояшон комёбиҳои тоза ба тозаро орзуманд аст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Озмуни вилоятӣ, ки 5000 сомонӣ ҷоиза дорад, 4-уми май ҷамъбаст мешавад

Озмуни вилоятӣ, ки 5000 сомонӣ ҷоиза дорад, 4-уми май ҷамъбаст мешавад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҷоиза муборак бод!

Ҷоиза муборак бод!

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Данғара: Озмуни алласароӣ

Данғара: Озмуни алласароӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Кӯлоб. Озмуни «Шукуфаҳои баҳор»

Кӯлоб. Озмуни «Шукуфаҳои баҳор»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Озмуни асарҳои драмавӣ ба ифтихори «Соли оила»

Озмуни асарҳои драмавӣ ба ифтихори «Соли оила»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА