Дар як сатр
» » Дӯст хуни ҷигарам мекунад

Дӯст хуни ҷигарам мекунад

15-01-2016, 16:13


Дӯст хуни ҷигарам мекунад

Хабари ширкати Мухиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ-и мамнӯъ эълоншуда дар конфронси «Ваҳдати исломӣ»-и давлати исломии Эрон ва боз дар паҳлуи намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуданашро шунида, сахт шигифтзада шудем. Мо дар ҳайрат мондем, давлати исломие, ки бо мо ҳамдину ҳамзабон аст ва ҳамеша лофи ёриву бародарӣ мезанад, чӣ гуна шахсеро, ки фаъолияти ҳизби ифротиаш тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст ва Кабирӣ дар пайгарди байналмилалӣ қарор дорад, ба конфронси «Ваҳдати исломӣ» даъват мекунад?

Одаме, ки дасташ то оринҷ дар хун олуда аст, шахсе, ки рӯзгори осудаву хушу хуррамонаи ҳаммиллатон, падару модар ва пайвандони худро дидан намехоҳад, дар ин конфронси байналмилалӣ ба сухан баромада, аз боби Ваҳдату ҳамбастагӣ ва иттиҳоди мусалмонон чӣ мегуфта бошад? Магар мардуми Эрон аз тариқи ВАО аз аъмоли ӯ, ки дар моҳи сентябри соли 2015 шаҳри Душанберо ғарқи хун кард, хабар надоранд? Чаро мақомоти олии Эрон ба қонунҳою қарорҳои бародаркишвари худ эҳтиромро қоил нестанд? Давлати исломии Эрон, як тараф муқобили ДИИШ-у ифротгароён овоз баланд мекунад, аз тарафи дигар, ба конфронсе, ки бояд мусалмонҳоро дар мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва «Давлати исломӣ» муттаҳид созад, ифротгароён ва ҷудоиталабони диниро дар оғуши худ ҷой додаст. Бародарони исломии эронӣ рубоии зерини Ибни Синоро хуб дар хотир доранд:

Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,
Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.
Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,
Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст.


Барои як "кайк" шуда, пӯстинро оташ задан аз рӯи инсоф нест ва шахсе, ки ба Ватану халқи худ хиёнат мекунад, бар мардуми Эрон, ки имрӯз ӯро бологузар намуда, паногоҳу минбар додаанд, то охир вафодор нахоҳад монд. Бинобар ин ҳоло низ дер нашудааст, пайи қадами номубораки Кабириро аз Эрон рӯфта партоед, зеро чунин аблаҳ кирои дилсиёҳӣ бо давлати дӯсту бародарро намекунад.

Саидашрафи ХУТАЛОНӢ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Каждуми зери бӯрё

Каждуми зери бӯрё

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст…

Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст…

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Намоишгоҳи маҳсулоти Эрон

Намоишгоҳи маҳсулоти Эрон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
Волии Ҳамадон меояд

Волии Ҳамадон меояд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Таҳрифи воқеият кори мардони оқил нест

Таҳрифи воқеият кори мардони оқил нест

Сиёсат