Дар як сатр
» » Барномаи нави рушд - дар амал

Барномаи нави рушд - дар амал

15-01-2016, 14:42

Сар аз 1 январи соли нави 2016 дар шаҳри Қӯрғонтеппа «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Қӯрғонтеппа барои солҳои 2016-2020» мавриди амал қарор гирифт.
Барномаи нави рушд  - дар амал
Қобили зикр аст, ки дар доираи ин Барнома татбиқи зиёда аз 130 лоиҳа пешбинӣ шудааст. Маблағгузории он дар тӯли 5 соли оянда (солҳои 2016-2020) ба ҳамаи соҳаҳо ва аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 1 миллиарду 751 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Тибқи ин Барнома, дар минтақаи саноатӣ бунёди 12 корхонаи истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст. Тӯли солҳои 2016-2020 дар шаҳр сохтмону барқарорсозии зиёда аз 60 иншоот аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст.

Сохтмони 2 муассисаи таълимӣ бо 1240 ҷойи нишаст, ки маблағи лоиҳавии пешбинишудаи он 26 млн. 200 ҳазор сомонӣ, сохтмони биноҳои иловагӣ дар 5 муассисаи таълимӣ бо 2280 ҷойи нишаст, маблағи пешбинишудаи он 27 млн. 650 ҳазор сомонӣ, сохтмони муассисаи таълимии томактабӣ бо 120 ҷойи нишаст бо маблағи 2 млн. 300 ҳазор сомонӣ ва дигар биноҳои таълимию табобатии замонавӣ низ дар назар аст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳамадонӣ: Ихтисоси 1,8 миллион сомонӣ барои таъмири мактабҳо

Ҳамадонӣ: Ихтисоси 1,8 миллион сомонӣ барои таъмири мактабҳо

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қӯрғонтеппа. Бунёди 17 иншооти ҷашнӣ дар назар аст

Қӯрғонтеппа. Бунёди 17 иншооти ҷашнӣ дар назар аст

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кӯлоб. Бунёди 7 иншооти нав

Кӯлоб. Бунёди 7 иншооти нав

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Раҳмонзода нишасти матбуотӣ орост

Раҳмонзода нишасти матбуотӣ орост

Хабарҳо
Иҷрои 262 лоиҳа дар доираи Барномаи рушд

Иҷрои 262 лоиҳа дар доираи Барномаи рушд

Хабарҳо