Дар як сатр
» » Бо дили бузург ба дунё омад

Бо дили бузург ба дунё омад

14-01-2016, 11:39

Бо дили бузург ба дунё омад
Имрӯз Тоҷикистон тинҷу ором аст. Барои мардуми заҳматкаш аз ин дида неъмати бузурге нест.


Дар даврони соҳибистиқлолӣ кишвари азизамон рӯ ба тараққӣ ниҳод. Аз ҷумла бунёди сохтмонҳои азим, роҳи абрешим, нақбҳо, созандагию ободонӣ таваҷҷуҳи бинандаро ба худ мекашад.

Миллати пошхӯрдаро сарҷамъ кардан осон набуд. Ин марди бузург назди ғарибони дур аз ватанбуда рафта, бо оби дида гурезаҳоро ба Ватан баргардонд.

Мамлакате, ки пайсае дар хазина надошт, ҳамаро аз сифр сар кард. Дар он ҳолат ҳеҷ кас ҷуръати роҳбарии мамлакатро ба уҳда гирифтан накард. Эмомалӣ Раҳмон мардуми азияткашидаро саробон шуд. Онҳо ба ӯ бовар карданду бо хости Худои бузург ҳамчун пешво миллатро аз парокандагӣ наҷот дод.

Имрӯз мо сарҷамъу тинҷу ободем. Ин заҳматҳои фарзанди содиқи миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки сиёсати хирадмандонааш ҳамчун пешво дар олам пазируфта шудааст.

Мурод ин аст, ки бунёдкорию созандагӣ бояд кори ҳар фарди Тоҷикистон бошад. Мо фирефтаи сиёсати пучи гурӯҳу равишҳои ба мо бегона нагардем. Зеро дар таърихи башар Хисрав ки баъди Анушервон зинда ном гирифт, нахондаам, ки сари ятимеро сила карда бошаду ӯро дар канори хеш бардошта бошад. Ин дили бузургу саршор, аз меҳру муҳаббатро Худои бузург насиби Пешвои мо гардонидааст, ки ятимону бепарасторон дар давлатдориаш макону навозиш меёбанд. Хоксорию фурутанияш як ҷаҳон маънӣ дорад. Мо тоҷикон дар симои Эмомалӣ Раҳмон инсони ҳақиқиро дарёфтем ва офаринаш мехонем, дар ин баҳри пурталотуми ҳаёт миллатро наҷот дода, ба соҳили мақсуд расонидааст. Пешво будан ин мансаб ё таъиноте нест, балки масъулият ҳаст. Пешвоёнро Худои бузург қалби пур аз меҳру шафқат медиҳад, дар он далерию шуҷоатмандию бузургиро ҷой мекунад. Ва бо хости Худои бузург чунин мардон миллати дар зулмот афтодаро ба сӯи рӯшанӣ мебаранд ва мардум ба чунин мардон боварӣ доранду паи вай мераванд. Пешвоён ҷони худро дар роҳи наҷоти миллату қавму диёр дареғ намедоранд. Эй басо пешвоён дар таърихи башар ҷонисорӣ кардаанд, баҳри наҷоти қавму миллати хеш. Ин амал амалӣ мардони ҳақиқӣ дар роҳи озодии миллат мебошад, ки танҳо соҳибхирадон дарк месозанд. Сад афсӯс, ки на ҳама дарк месозанд инро, баъзе ҳасудхуранд тангназарон аз бурдбориҳои Ватан рашк мебаранд, ба сари Пешвои он санг мезананд. Дарк намекунанд, ки қимати ватану ватандорӣ аз ҷон ҳам азизтар аст.

Мардони шуҷоъ миллатдӯсту ватандӯст ҷон нисорӣ ватанро ҳи-фз намудаанд. Сарҷамъии миллат аз тинҷию амнияти мулк аст. Ин неъматҳои бузург аз хирадмандии Сарвари мамлакат аст, ки дар ҳақиқат таърих халқи тоҷик мислашро чун пешво ёд надорад.
Оре, Эмомалӣ Раҳмон пешво асту моро ба сӯи қуллаҳои мурод мебарад.

Ба чӯбе, ки ниҳоданд боз ду тор,
Заданд нохун, омад ӯ ба гуфтор.
Аё одам, гузар дорӣ аз ин ҷой,
Накуӣ кун, бадиро як сӯ бигзор.

Ҳоҷӣ Бобохони МУЪМИНОБОДӢ,
сокини ноҳияи Муъминобод



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Пешвои  миллат - раҳнамои миллат

Пешвои миллат - раҳнамои миллат

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Худшиносу ҳомии ватан бошем

Худшиносу ҳомии ватан бошем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Паёми Пешво саодати рӯзгори мост

Паёми Пешво саодати рӯзгори мост

Хабарҳо, Маориф ва илм, Номаҳои Шумо
Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои арзандаи миллати тоҷик

Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои арзандаи миллати тоҷик

Сиёсат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Номаи қалби табибон

Номаи қалби табибон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Номаҳои Шумо