Дар як сатр
» » Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои арзандаи миллати тоҷик

Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои арзандаи миллати тоҷик

13-01-2016, 12:17


«Сарвари оқилу доно, таърихи куҳани миллӣ ва сулҳу субот миллатро аз нобудсозӣ наҷот медиҳад» СЕРВАНТЕС
Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои арзандаи миллати тоҷик

Ба дарки ин маънӣ кӯшишҳои пайвастаи Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки баҳри барқарор намудани сулҳу субот дар кишвар, ободӣ, баланд бардоштани сатҳи зисти аҳолӣ, вусъати робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва инсонӣ ва ба сатҳи муносибатҳои баланди байналмилалӣ баровардани Тоҷикистон равона гардидааст. Расули Акрам (с) мефармояд: «Подшоҳи одил дар рӯи замин, сояи Худованд аст. Ҳар касе, ки чунин подшоҳро эҳтиром кунад, Худоро эҳтиром намудааст».

Дар ташаккули ҳаёти ҳуқуқии халқу миллатҳо шахсиятҳои таърихие ҳастанд, ки ном, фаъолият ва зиндагиномаи онҳо бо таърих ва сарнавишти давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии онҳо пайванди ногусастанӣ дорад. Дар шаклгирии низоми ҳуқуқии тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он шахсиятҳои таърихи муосир аст, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқии муосири давлати соҳибихтиёрамон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ҳуқуқии ниёгон, таҳия ва қабули қонунҳои миллӣ хизматҳои шоиста намудааст.

Чи тавре ки таърих гувоҳӣ медиҳад, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, яъне вазъияти басо хатарнок ба уҳда гирифт. Чунки ҳамон рӯзҳои вазнин, вақте мардуми тоҷик паси сангарҳо қарор гирифта, муқобили ҳамдигар қиём менамуданд, роҳбарии кишвар ва бори сангини мардуми тоҷикро касе ба ҷузъ Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда нагирифт. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои барои миллат мушкилу тақдирсоз ва барои таърих фаромӯшнашаванда Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бе ягон тарсу ҳарос, бо шуҷоати том ва иродаи қавӣ ин бори сангинро ба душ гирифта, дар баромади аввалини худ дар Иҷлосияи XVI дар Қасри Арбоб савганд ёд намуданд, ки ба халқи тоҷик сулҳ меоварад ва Худованду мардуми тоҷик шоҳиди онанд, ки Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ вафо намуд.

Дар ин радиф Сарвари давлат чунин гуфта буданд: «Ман ба раҳми Парвардигор, ба хиради азаливу иродаи неки халқам боварӣ доштам ва ҳамеша ба нерӯҳои солим ва рӯҳи сулҳхоҳонаи миллати тоҷик такя менамудам».

Агар ба гуфтаи зикршудаи Франсис Бекон аҳамият диҳем, пас маълум хоҳад шуд, ки сиёсати Президенти кишвар баҳри аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани ҷумҳуриамон ва таъмини ҳаракати озоди одамон ва гардиши мол ҳадафи стратегӣ барои миллати тоҷик ва аҳамияти байналмилалӣ дошта, на танҳо барои Тоҷикистон, балки ба кишварҳои ҳамсоя низ шароити мусоидро барои вусъати тиҷорат ба вуҷуд меорад. Дар ин самт Сарвари давлат ҳанӯз аз давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон барои ҳалли мушкилиҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ ба мулоқотҳои дуҷониба ва бисёрҷониба фаъолияти дипломатиро оғоз карда буд. Баъд аз истиқрори сулҳ то инҷониб ин фаъолият васеътар ва пурсамартар гардида истодааст. Чунин самти фаъолияти Сарвари давлат аз вусъати робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ инсонӣ ва ба сатҳи муносибатҳои баланди байналмилалӣ баровардани сиёсати дохилии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Дигар самти фаъолияти Сарвари давлат, ки дар сатҳи баланд ба иҷро расид, ин ислоҳоти конститутсионӣ ва рушди низоми ҳуқуқӣ таҳти роҳбарии бунёдгузори давлати миллӣ, низоми ҳуқуқии кишварро ба низоми ҳуқуқии давлати комилан мустақили миллӣ табдил дод.

Тасдиқи гуфтаҳои боло ин дар тӯли даврони фазои истиқлолияти кишвари азизамон, қабул намудани Сарқонуни кишвар, 15 Қонунҳои конститутсионӣ, 21 Кодекс, 14 қонуни авф, 17-қонуни буҷет, 17 санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, 4 санади ҳамкории иқтисодии Авруосиё, 30 санади ҳуқуқии байналмилалии ду ҷониба (аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни дигар давлатҳои иттифоқ аввалин шуда соли 1998 санади байналмилалии суди ҷиноятии байналмилалиро қабул кард, ки он аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999 ратификатсия карда шуд), 313 қонуни соҳавӣ ва зиёда аз 17 ҳазор қарорҳои ҳукумат мебошад.

Ин ҳама комёбиҳо аз заҳмати тӯлонии Сарвари давлат гувоҳӣ медиҳанд. Агар мо дар бораи ҳама самтҳои фаъолияти Сарвари давлат сухан ронем, ҳафтаю, моҳҳо ва солҳо кам аст.

Аз ин рӯ, яке аз самтҳои асосӣ ва таърихии фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки амалӣ нмудааст, инҳоянд:

1. Миллатро аз нобудшавӣ наҷот дод;
2. Ба ҷанги шаҳрвандии хонумонсӯз хотима бахшид;
3. Сулҳу субот, оромиро барқарор намуд;
4. Гурезагонро ба Ватан баргардонид;
5. Тоҷикон ва Тоҷикистонро дар ҷаҳониён муаррифӣ намуд;
6. Сиёсати дохилии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд;
7. Кишварро ободу зебо гардонид;
8. Мутахассисони барҷастаро тайёр намуд;
9. Ғами халқу миллатро хӯрд.


Бале, ин ҳама ҳадафҳои иҷрошуда саҳифаи таърихи тоҷикон буда, Эмомалӣ Раҳмон асосгузори сулҳ, бунёдгузори давлати миллӣ, наҷотдиҳанда ва муттаҳидкунандаи миллати тоҷик ва Пешвои миллат мебошад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат», ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9 декабри соли 2015 қабул карда шуд, саривақтӣ мебошад. Ба он натиҷаҳое, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар давраи 23- соли сарвариаш ноил гардид, дар таърихи давлатдории тоҷикон нахустин буда, аз заҳматҳои пай дар пайи ӯ шаҳодат медиҳад. Чӣ тавре, ки таърих гувоҳ аст. Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ байни тоҷикон буда, арзандаи Пешвои миллат аст. Ин иқдомро кулли мардуми Тоҷикистон эътироф намуданд.

Амирулло АСАДУЛЛО,
раиси шаҳри Қӯрғонтеппа,
Н. АЗИМОВ,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Пешвои  миллат - раҳнамои миллат

Пешвои миллат - раҳнамои миллат

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Сиёсатмадори барҷаста ва абармарди сарсупурдаи миллат

Сиёсатмадори барҷаста ва абармарди сарсупурдаи миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Фарзанди фарзонаи миллат

Фарзанди фарзонаи миллат

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Эмомалӣ Раҳмон асосгузори сулҳу ваҳдати миллист

Эмомалӣ Раҳмон асосгузори сулҳу ваҳдати миллист

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА, КОМРОНИ БАХТИЁР