Дар як сатр
» » Сиёсатмадори барҷаста ва абармарди сарсупурдаи миллат

Сиёсатмадори барҷаста ва абармарди сарсупурдаи миллат

6-01-2016, 13:09


Барои халқу Меҳан раҳнамо шуд,
Мукофоти Худо аз баҳри мо шуд.
Вакилон даъваташ бар тахт карданд,
Ватанро рӯ ба рӯ бо бахт карданд.
Амиршоҳи ХАТЛОНӢ

Сиёсатмадори барҷаста ва абармарди сарсупурдаи миллат

Он рӯзе, ки мо - сокинони вилояти Хатлон кайҳо интизораш будем, ниҳоят фаро расид. Нуҳуми декабри соли равон бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» Сарвари муаззами кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми арзандаиПешвои миллат сазовор гардид.

Азбаски мо - сокинони вилояти Хатлон рӯзҳои мудҳиши ҷанги бародаркушро аз ҳама бештар дида будему баъзан умедамонро аз расидан ба чунин рӯзҳои амну осоишта ва рӯзгори серу пур мекандем, таъмини сулҳу салоҳ ва ба Ватан баргардондани муҳоҷиронро аз ҷониби Ҷаноби Олӣ ҳамчун як ҳадяи яздонӣ қабул кардем. Биноан, мо ин сиёсатмадори фархундапай ва миллатдӯстро ҳанӯз аз ҳамон солҳо пешвои хеш меҳисобидем. Акнун ки ин ормонамон ба ҳукми қонун даромад, меболему мефахрем. Қадамҳои сиёсии минбаъдае ҳам, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гузошт, аз муҳимияти азими таърихӣ бархӯрдор буданд, ки мисолҳои поёнӣ намунаи камтарини он иқдомот ҳастанд.

Ҳамин тавр, пас аз баргардондани гурезаҳо ба ҷою макони хеш бо иқтисодиёти футуррафта аҳолии мамлакатро бо ѓизо ва дигар маҳсулоти аввалия таъмин намудан кори саҳл набуд. Хурду калон дар ѓами як бурда нон буданд. Хушбахтона, аз ҷониби Сарвари дурандешамон ихтисос додани зиёда аз 75 ҳазор гектар замини корам барои кишти зироатҳои ғалладонагӣ сокинони ҷумҳуриро аз таҳдиди гуруснагӣ раҳонд ва ҳамзамон бо ба даст омадани фоидаи бештар ва барқарор гардидани соҳаҳои савдою сохтмон хонаҳои сӯхтаю валангор дубора зиндагибоб шуданд. Дар ин росто, таҷдид гардидани собиқ хоҷагиҳои коллективӣ ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ низ зиндагии он солҳо вазнини сокинони вилоятро хеле беҳбуд бахшид.

Масъалаи дигаре, ки хизмати Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бобати ҳалли он бориз аст, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар мебошад. Дар 24 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон он қадар роҳу пулу нақбҳо ва дигар иншооти ҳаётан муҳим сохта шуданд, ки дар 70 соли даврони шӯравӣ назирашон кам андар кам дида мешавад. Ба шарофати ин хидмати Пешвои муаззами миллат мардуми Тоҷикистон тавонистанд, ки молу колои истеҳсолкардаи хешро ба бозорҳои ҷаҳонӣ бароварда, фоидаи бештар ба даст оранд ва чархи муваққатан аз гардиш бозмондаи рӯзгорашонро дубора гардон кунанд.

Талоши аз бунбасти энергетикӣ баровардани кишвар низ аз нақшаҳои бузурги дигари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки таҳти роҳбарии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи лозимӣ роҳандозӣ гардида истодааст. Дар баробари ин, бо пурра амалӣ гардидани иқдоми мазкур Тоҷикистон метавонад бозори минтақаро бо неруи барқи арзон таъмин кунад ва ҳамзамон, аз ин ҳисоб даромади иқтисодии хуб бигирад, ки ин баҳри расидан ба ояндаи дурахшони миллат бисёр муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар муаррифии тоҷикон ба ҳайси як миллати соҳибтамаддун дар арсаи байналмилалӣ низ саҳми Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тавассути ироаи масъалаҳои бузург ва муҳими аср, бахусус, ҳифзи захираҳои обии дунё, бисёр мондагор аст.

Хидматҳое, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 24 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ анҷом додааст, аз он намунаҳое, ки ин ҷо оварда шуд, муште аз хирвор мебошанд. Ин аст, ки аксари куллашон баҳри аз нобудӣ ҳифз кардану нишон додани симои як миллати сулҳофару соҳибтамаддун дар ҷаҳони муосир ва ба камоли худшиносӣ расондани насли навраси Тоҷикистон ба мисли хиштҳои тиллоӣ нақши бунёдӣ доранд.

Аз ин рӯ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат»-ро метавон муҳаббатномаи мардуми Тоҷикистон ба пешвои худ номид.

Зимнан, дар олами мутамаддин ҳар кишваре, ки сиёсатмадори барҷаста ва абармарди сарсупурдае дорад, ҳатман дар умури давлатдорӣ ва тарбияи ҳувияти миллӣ аз таҷрибаи ӯ истифода менамояд ва тавассути ном ва симои маъруфаш сиёсати хориҷии хешро татбиқ мегардонад. Аз ин лиҳоз, тасвиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» айни муддао буда, имкон медиҳад, ки сарҷамъии миллат, пешбурди иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва сиёсати давлат маҳкамтар таъмин гардад. Дар ин ҷодаи нек мо ба Пешвои муаззами хеш умри пурфайзу дароз ва сарбаландӣ таманно намуда, мардуми шарифи кишварро барои расидан ба чунин як рӯзи фархунда таҳният мегӯем.

Бо таманнои сарсабзии ҳамдиёрон, сокинони
вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Пешвои  миллат - раҳнамои миллат

Пешвои миллат - раҳнамои миллат

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Пешниҳоди Пешвои миллат: «Шабакаи якум бо номи «Тоҷикистон» номгузорӣ шавад ...

Пешниҳоди Пешвои миллат: «Шабакаи якум бо номи «Тоҷикистон» номгузорӣ шавад ...

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои арзандаи миллати тоҷик

Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои арзандаи миллати тоҷик

Сиёсат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Фарзанди фарзонаи миллат

Фарзанди фарзонаи миллат

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо