Дар як сатр
» » Аҷинатеппа набояд хароб шавад! (аксҳо+видео)

Аҷинатеппа набояд хароб шавад! (аксҳо+видео)

12-01-2016, 08:46

Аҷинатеппа набояд хароб шавад! (аксҳо+видео)

Ҳолати имрӯзаи харобаи маъбади буддоии Аҷинатеппа, мавзеи таърихие, ки аз қарнҳои 7-8 то ба мо расидааст, беҳбуд мехоҳад. Ин маъбад, ки ҳамчун мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО эътироф шудааст, дар қаламрави ноҳияи Вахш қарор дошта, аз таърихи қадимии водии Вахш ҳикоят мекунад.

Ба ин мавзеъ ҳар сол меҳмонони зиёд аз дохил ва хориҷи кишвар ташриф меоранд. Аммо деворҳои маъбад аз боридани барфу борон батадриҷ хароб шуда, саҳни ин мавзеи бостониро алаф пӯшонидааст. Гоҳе ҳатто чорвои хонагиро ҳам андаруни маъбади Аҷинатеппа мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳолати феълии ин маъбади буддоӣ бостоншиносонро ба ташвиш овардааст ва онҳо мегӯянд, ки агар мақомоти масъул ба зудтарин фурсат аз пайи ҳифз кардани он нашаванд, шояд ин ҷойгоҳи таърихӣ дар чанд соли оянда комилан вайрон шавад.



Бино ба гуфтаи Наҷибулло Ҳақназаров, роҳбари ин мавзеи таърихӣ, ҳангоми боридани борон ба маъбад даромада намешавад. «Ҳарчанд мо деварҳои ин мавзеъро таъмир мекунем, валекин ҳар як бориши борон меборад боз меҳнати моро аз байн мебарад. Агар моро дастгирӣ накунанд, намедонам ҳоли Аҷинатеппа чӣ хоҳад шуд. Аҷинатеппа яке аз мавзеъҳои нодири таърихӣ буда, муаррификунандаи фарҳанги ғановатманди тоҷик мебошад», - қайд намуд Н. Ҳақназаров ва афзуд, ки ҳар боре меҳмонони хориҷӣ ба тамошои ин маъбад меоянд, ӯ шарм мекунад, ки онҳоро дохили он барад.

Аҷинатеппа набояд хароб шавад! (аксҳо+видео)


Қобили зикр аст, ки ҳангоми ковишҳои археологии Аҷинатеппа дар солҳои 60-уми асри гузашта ашёи бостоние, назири сафол, маснуоти шишагию фулузӣ ва сиккаҳо ёфт шудаанд. Аммо муҳимтарин бозёфт дар Аҷинатеппа муҷассамаи 12-метраи Буддои дар ҳолати нирвона ё хобида аст, ки номи ин мавзеъро дар сартосари Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои ҷаҳон машҳур кард. Дар канори муҷассамаи бузурги Буддо дар ин маъбад муҷассамаҳои хурди Буддои нишаста, муҷассамаҳои гилии рангубор додашудаи иблис, роҳиб ва сокинони ин минтақа кашф шуда буд. Ҳоло муҷассамаи бузурги Буддо дар ҳолати нирвона дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нигоҳдорӣ мешавад.

Аҷинатеппа аз соли 2008 инҷониб таҳти ҳимояти мероси фарҳангии ЮНЕСКО қарор дошта, дар соли 2009 деворҳои боқимондаи ин маъбад таъмир шуданд. Ҳамчунин, бо мусоидати молиявии давлати Ҷопон ба атрофи ин мавзеи таърихӣ симтӯр кашида шуд. Вале барои ҳифз, тармим ва бозсозии ин осори бостонӣ, ба гуфтаи коршиносон, маблағҳои бештаре лозим аст.

Аҷинатеппа набояд хароб шавад! (аксҳо+видео)


Н. Ҳақназаров дар поёнии суҳбат зикр кард, ки дар сурати барои бозсозии комили ин мавзеъ мусоидат намудани Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш, имкон дорад, ки маъбади Аҷинатеппа зиёратгоҳи сайёҳони дохилию хориҷӣ, аз он ҷумла, пайравони мазҳаби буддоии ҷаҳон шавад.

Фаромӯз БОБОЕВ,
рӯзномаи "Хатлон", №48, 25 декабри соли 2015



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ном ва макон ҳаст, вале ёдгорӣ не (аксҳо)

Ном ва макон ҳаст, вале ёдгорӣ не (аксҳо)

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Бинои «Осорхонаи мардумӣ» табоҳ мешавад? (акс ва видео)

Бинои «Осорхонаи мардумӣ» табоҳ мешавад? (акс ва видео)

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Балҷувон. Осорхонаи нав бо нигораҳо аз замони ҶБВ

Балҷувон. Осорхонаи нав бо нигораҳо аз замони ҶБВ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА