Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ, санаи 22 сентябри соли 2021


Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ, санаи 22 сентябри соли 2021


 
Ҳамватанони азиз!
 
Ифтихормандем, ки миллати сарбаланду тамаддунофари тоҷик аз қадим соҳиби қаламу китоб, девону дафтар ва мактаби маърифат буда, аз худ ба ҷаҳониён ганҷинаи бебаҳоро ҳамчун мерос гузоштааанд.

Қобили зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ илму маориф ва фарҳанг ба як рукни муҳими иҷтимоӣ табдил ёфта, ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат эътироф гардидааст. Зеро ин падидаҳои бузурги башарӣ дар ташаккули маънавии ҷомеа хизмат намуда, дар тарбияи насли наврас, шинохти рисолати таърихӣ, густариши эҳсоси ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ таъсири амиқ мегузорад.

Дар ин роҳ бо дастгирию таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат дар самти шинохти чеҳраву симои хоси миллии хеш ва бозёфтҳои фарогири фарҳанги башарӣ миллати мо дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба комёбиву дастовардҳои беназир ноил гардид.

Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд.

Шинохти таърих ва ҳикмату фарҳанги оламгири ниёгон ба хотири муаррифии мақоми ҷаҳонӣ гаштани миллати тоҷик шароити созгор фароҳам оварда, он дар худогоҳӣ ва ҷустуҷӯҳои бостониву миллии тоҷикон марҳалаи комилан тозаро ба вуҷуд овардааст.

Таҷлили бузургдошти чеҳраҳои шинохтаи миллат, ба монанди 1150-солагии Қофиласолори адабиёти тоҷику форс устод Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ идомаи мантиқии тадбирҳои фарҳангӣ ва баланд бардоштани худшиносии миллии ҷавонон мебошад.

Ҳамасола 22 сентябр таҷлил намудани Рӯзи Рӯдакӣ нишонаи олии таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ба рушди адабиёти тоҷик ва дастгирию қадршиносии нобиғаҳои илму маърифат ба ҳисоб меравад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид медоранд “... устод Рӯдакӣ на танҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро, султони шоирон, қофиласолори  шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлолхоҳӣ, инчунин рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад”.

Дар ҳақиқат дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ масъалаҳои тарғиби одоби ҳамида, ахлоқи пок, дӯстиву рафоқат ва илму дониш тараннум мешаванд ва дар мавриди дигар баръакс нуқсонҳои табиати инсонӣ ва иллатҳои ҷомеа мазаммат мегарданд. 

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар воқеъ вассоф ва тараннумгари беҳамтои арзишҳои воло ва абадии маънавӣ-ватанпарастӣ, одамият, адолатхоҳӣ, дӯстиву рафоқат, саховат ва накӯкориву хайрандешӣ буд. Агар бигӯем, ки эҷодиёти Рӯдакӣ фарогири мавзӯъҳои гуногун буда, шеъри оламгири ӯ ҷавобгӯи ниёзмандиҳои ҳамаи наслҳои инсоният аст, камоли ҳақиқат хоҳад буд.

Мавриди ёдоварист, ки хизмати шоистаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  дар такомули забони тоҷикии форсӣ хеле барҷаста ва бузург аст. Маҳз ӯ ва муосиронаш ин забонро ба ҳадде сайқал доданд, ки он ба забони меъёри илму адаб тадбил ёфта, боиси мондагорӣ ва густариш пайдо кардани забон гардид. Ҳамин аст, ки то ба имрӯз шоирони адабиёти муосир дар пайравӣ ба эҷодиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ порчаҳои шеърӣ эҷод менамоянд.

Мактаби бунёднамудаи устоди устодон, шоири забардасти миллати тоҷик устод Рӯдакӣ оламгир гашта, эҷодиёташ дархурди мардум аст.
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нахустин шоири дар ҳақиқат миллии тоҷик буда, бо эҷоди ашъори олӣ, таблиғи арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ ва корбасти калимаву таркибҳои содаву равони тоҷикӣ шеъри моро ба маснади шоҳӣ бардошт ва кохи пурҷалолу бегазанди адабиёти тоҷику форсро бунёд гузошт.

Ақидаи Рӯдакӣ дар асри ӯ комилан нав, боҷасорат ва пешқадам буда, ба суханварони давр уфуқҳои тозаро мекушод.

Вай дар баробари шоири забардаст будан, донишманди комил низ будааст, ки аз таърих ва фалсафаи мамолики шарқ ва Юнони қадим маълумотҳои зиёд дошта, достону ривоятҳои қадими паҳлавӣ, суғдӣ, арабӣ ва дигар халқҳоро хеле хуб медонистааст.

Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки шеъри Рудакӣ ҳеҷ гоҳ куҳна нахоҳад шуд ва худи ӯ дар ҳама давру замон шоири муосир боқӣ хоҳад монд.
Ҳанӯз ҳазор сол муқаддам ин шоиру мутафаккири халқи тоҷик бо каломи ҳикматбори худ дили мардуми форсигӯро тасхир карда буд, ки сабку услубаш то ҳануз поянда аст. Забони шеъри Рӯдакӣ забони меъёр ва забони адабии мост, ки онро бо гузашти қариб дувоздаҳ аср мо имрӯз низ истифода мебарем. Бо он эҳтиром гузошта, бо шеъри Рӯдакӣ ҳар рӯз сухан мегӯем.

Ин нишонаи он аст, ки забони Рӯдакӣ забони зиндаи халқи тоҷик аст ва бузургиву шаҳомати шоири мутафаккир низ дар ҳамин нукта баён мегардад.

Рӯдакӣ шоири ватанпараст ва миллатдӯст буд. Қасидаву рубоӣ, ғазалу достонҳои пурҳикмати эҷоднамудаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ далели возеҳи гуфтаҳои боло аст.

Ашъори Рӯдакӣ бо сабки ниҳоят равон офарида шудааст, ки имрӯз барои ҳар як хонанда фаҳмост.

Қобили қайд аст, ки  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ на танҳо шаклу мазмуни назми тоҷикро ба такомул расонид, балки бо эҷодиёти ғанӣ, гаронбаҳо ва нотакрори худ ба сабки хуросонӣ ибтидо гузошт, ки онро то имрӯз сабки Рӯдакӣ ҳам мегӯянд. Ӯ ҳамчунин асоси адабиёти тоҷик ва гузашта аз он, бунёди тамоми адабиёти форсизабонро устувор кард ва дар ҷаҳон муаррифӣ намуд. Назми классикии ҷаҳон бо мероси гаронбаҳои шоири бузурги тоҷикон ғанӣ гардид.

Хизматҳои шоёни Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар самти рушди адабиёт ва покиза нигоҳдоштани забони дарии тоҷикӣ басо арзишманду шоистаи таҳсину офаринҳост. Маҳз истодагарӣ, интихоби мавзӯъ, навҷӯиву навпардозӣ, масъулияти баланд дар эҷоди шеър, ҷасорату матонат, накӯкориву миллатдӯстӣ аз хислатҳои ҳамидаи устод Рӯдакӣ буд, ки пояи адабиёти тоҷик устувор боқӣ монд.

Шеъри Рӯдакӣ пайвандгари наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи миллати тоҷик буда, бо арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ, илмиву фарҳангӣ ва таърихӣ ойинаи босафои зиндагии ҳар  як фарди кишвар мебошад. 

Бо ифтихор метавон гуфт, ки шеъри ҷовидонаи Рӯдакӣ омили ҳастӣ ва бақои забони тоҷикӣ буда, саҳми он дар баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносӣ, ватандориву ватанпарастӣ, таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ ва густариши фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик бениҳоят барҷаста мебошад.

Бояд гуфт, ки бо эъҷози пурғановати худ Рӯдакӣ ҳамчун бунёдгузори шеъри нави тоҷикиву форсӣ аст.

Ёдовар бояд гардид, ки дар вилояти Хатлон Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гузошта шуда, бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни ин абардмарди адабиёти форсу тоҷик муҷассамаи боҳашамати шоир дар назди Донишгоҳи болозикр бунёд гардидааст. Ҳамзамон, чандин ҷамоатҳои деҳот, муассисаҳои таълимӣ, хиёбону кӯчаҳо ба номи устод Рӯдакӣ гузошта шудааст, ки ин сидқан эътиқод доштан ба эҷоди пурэҷози шиори рангинхаёл мебошад.

Насли имрӯзаи ҷомеаро лозим аст, ки дар пайравӣ ба эҷодиёти пурғановати шоири тавоно амал карда, барои худ сабақи маънии зиндагӣ бардорад.

Таззодҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳар як фарди баору номус ва худшиносу меҳанпараст тақозо менамояд, ки баҳри пос доштани арзишҳои миллӣ, чун истиқлолияту ваҳдат ва сулҳу оромӣ, ҳимояи марзу буми Ватан аз панду андарз ва ҳикматҳои ибратомӯзи саромадони ададбиёти тоҷик, бахусус Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ истифода карда, дар зиндагӣ эҷодиёти ӯро сарманшаи кори ҳамарӯзаи худ қарор диҳанд.

Итминони комил дорам, ки маҳсули эҷоди шоир, маликушуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳазорсолаҳо барои ин миллату сарзамин ҷиҳати баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва сатҳи маърифатнокии мардуми тамоми дунё ҳамчун ганҷинаи маонӣ  хидмат хоҳад кард.

Бигузор рӯҳи Рӯдакӣ ва даҳҳо паёмбарони назм, ки дар сатҳи олӣ суханро ба риштаи назм кашидаанд ва нуфӯзи миллати тоҷиконро баланд бардоштаанд, дар арсаи байналхалқӣ абадӣ боқӣ монад.

Бигузор, кохи шеъри пайафкандаи Рӯдакӣ то абад бегазанд бошад ва шеъри ҷовидонаи Ӯ ҳамчун сарҳалқаи зарини назми оламгири тоҷику форс раҳнамои зиндагии босаодати мардуми мо гардад!

Бо ин ниятҳои нек бори дигар тамоми мардуми вилояти Хатлон ва ҳамаи эътиқодмандони шеъри оламгири тоҷикии форсиро бо ин рӯзи фархунда- «Рӯзи Рӯдакӣ» сидқану самимона муборакбод мегӯям ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу салоҳ, шукуфоӣ ва комгориро таманно дорам.
 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода