Дар як сатр
» » Ҳунармандон ҳамнафаси мардуми офатзадаанд

Ҳунармандон ҳамнафаси мардуми офатзадаанд

22-12-2015, 10:27

Ҳунармандон ҳамнафаси мардуми офатзадаанд

Дар ин шабу рӯз, ки офати табиӣ ба сокинони водии Бартанги ноҳияи Рӯшон зарари зиёди моддӣ ва маънавӣ расонид, сокинони касбу кори гуногун бетараф нестанд.

Тамоми сокинони Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустин кӯмаки худро ба зарардидагон дареғ надоштанд.

Бо пешниҳоди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти муҳоҷират ҳайати эчодии Муассисаи давлатии «Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов»-и шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев яке аз аввалинҳо шуда, дар назди сокинони офатзада бо намоишномаи «Девори нанг» ҳунарнамоӣ карданд.

Бояд зикр намуд, ки имрӯзҳо 130 нафар кӯдакону наврасон аз водии Бартанг барои таҳсил ва зиндагӣ ба Мактаб - интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон оварда шуданд.

-Мо ният доштем, ки то фаро расидани Соли нав ба ноҳияи Рӯшон сафари ҳунарӣ карда, ба василаи ҳунар ҳастагиву маъюсиро аз дили наврасон барорем. Баромади нахустини мо дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон оғоз гардид. Дар толори консертии мактаб-интернат ба 130 нафар наврас аз водии Бартанг ва дигар тарбиятгарандагон, дар маҷмӯъ 500 нафар, намоишномаи «Девори нанг»-ро нишон додем, - гуфт зимни сӯҳбати телефонӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев.

Ҳайати эҷодии театр ният доранд, ки ба зарардидагони офат, ки дар деҳаҳои Шуҷанд, Баррӯшон ва дигар деҳаҳои ноҳияи Рӯшон муваққатан ҷой гирифтаанд, намоишномаро пешкаш намоянд. Дар тӯли як ҳафтаи сафари ҳунарӣ ҳунармандони «Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ба сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯқшон, Роштқаъла, Шуғнон, Ишкошим хизмати
фарҳангӣ расониданд. Мо, мегӯяд роҳбари театр Аловуддин Абдуллоев аз таваҷҷӯҳ, меҳру муҳаббат ва меҳмоннавозию истиқболи мардуми Вилояти Мӯхтори Бадахшони Куҳӣ хеле миннатпазир ҳастем.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Даромади театр – 81500 сомонӣ

Даромади театр – 81500 сомонӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Ҷоизаи «Сухан» ба Аловуддин

Ҷоизаи «Сухан» ба Аловуддин

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Сафари ҳунарӣ ба водии Рашт

Сафари ҳунарӣ ба водии Рашт

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Театри Кӯлоб соҳибҷоиза шуд

Театри Кӯлоб соҳибҷоиза шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо