Дар як сатр
» » Иқдоме, ки ба пайравӣ меарзад

Иқдоме, ки ба пайравӣ меарзад

25-08-2018, 09:44

Кошонаи ҳусни Ҳамрохон Тоирова тирамоҳи соли гузашта ба фаъолият оғоз кард. Дар ин фурсати кӯтоҳ соҳиби мизоҷони доимӣ шуд, ки хароҷоти ӯро пӯшиш дода, даромади оилаашро назар ба пешин ба андозаи 20% афзунтар кард. Беҳ шудани вазъи молиявии кошонаи ҳусн ба Ҳамрохон обрӯ дод ва ҳамакнун ҳарфи ӯ дар тасмимгириҳо ва муайян кардани афзалиятҳо дар хонаводааш таъсиргузор шудааст. Мароми зиндагии Ҳамрохон Тоирова комилан ранги дигар пайдо кард.

Ҳамрохон дар шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон, зиндагӣ мекунад. Соли 2008 ӯ ба хотири тарбияву парастории се фарзанди хурдсолаш тарки кори муҳосибӣ дар бонк намуд. Ба ӯ ва аҳли хонаводааш бахт омад кард – ҳамсари Ҳамрохон ва писари калониаш дар Тоҷикистон ҷойи кори хубе доштанду кулли хароҷоти рӯзгорро уҳда мекарданд. Ин ҳам, дар ҳоле ки бисёре аз ҳамсолони онҳо ба Русия барои мардикорӣ рафта, маблағи ночизе, бар ивази заҳматашон ба даст меоранд, ба зану фарзандонашон мефиристанд.

Давоми ҳашт сол Ҳамрохон Тоирова дар хона ба тарбияи фарзандон ва иҷрои масъулиятҳои дигари кадбонугӣ машғул шуд, аммо ҳамеша дар сараш ин андеша чарх мезад, ки чӣ тавр бизнеси худро оғоз кунад.

Дар ибтидои соли 2016 Ҳамрохон хабар ёфт, ки дар кумитаи маҳалла омӯзишҳои махсус барои занон оид ба интихоби идея ва оғози тиҷорат, идора кардани соҳибкории хурд ва саводи молиявӣ доир мешавад. Чунин омӯзиш мувофиқ ба табъи дили ӯ буд. Ҳамрохон яке аз иштирокдорони фаъоли ин омӯзишҳо гардид ва чанде баъд идеяи машғул шудан ба соҳибкорӣ дар самти муайяне дар зеҳнаш тавлид ёфт.

Азбаски оилаи вай дорои дукони холие дар маркази шаҳри Бохтар буд, ки то ин вақт истифода намешуд, Ҳамрохон қарор кард, дар он кошонаи ҳусн барои бонувон мекушояд. Аммо вақте ки ӯ шумораи зиёди ҷавонон-муҳоҷирони кории бозгашта аз Русияро дид, ки дар ҷустуҷӯи ҷойи кори мувофиқанд, бизнес-планашро тағйир дод: ба ҷойи кошонаи ҳусни занона сартарошхонаи мардона месозад.

Ҳамсари Ҳамрохон, вақте дарак ёфт, ки соҳибкории завҷааш метавонад чанд ҷавонро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намояд, қарори ӯро дастгирӣ кард ва гуфт, ки ин сартарошхона на танҳо ба оилаи ӯ даромад меорад, балки барои рушди ҷомеа низ хизмат хоҳад кард. Аҳли оила аз захираҳои худ истифода карда, толори сартарошхонаро ороиш доданд ва таҷҳизоти лозимаро дастрас намуданд.

Ҳамрохон, ки мехост кори сартарошхонааш ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ва пайгири мӯд бошад, гурӯҳи сартарошони ҷавонро ҷалб намуда, онҳоро ба курсҳои такмили ихтисос фиристод. Ҳамин тавр, ӯ бизнеси худро расман ифтитоҳ бахшид. Ҳоло салони Ҳамрохон, ки «Man Only» ном дорад, дар миёни мардҳо, бахсусус ҷавонон, аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст ва 5 сартароши ҷавон бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мебошанд.

Комёбии Ҳамрохон Тоирова дар ҷодаи соҳибкорӣ ба духтар ва келинаш низ илҳом бахшид. Духтари 20-солааш Марҳабо чанде қабл бизнеси худро оғоз кард. Ӯ маркази омӯзиши забонҳои англисӣ ва русиро барои кӯдакони синни хурд ва миёнаи мактабӣ таъсис дод. Келинаш бошад, ба ҳунарҳои мардумӣ машғул буда, пироҳанҳои зебоеро бо нақшу нигори миллӣ медӯзад.

Худи Ҳамрохон ҳоло ба ташкили толори арӯсӣ ва кошонаи ҳусн барои бонувон андармон аст.

Имрӯзҳо соҳибкории муваффақи Ҳамрохон Тоирова ва духтару келинашро дида, бонувони зиёде аз ӯ машварат мепурсанд. «Ман танҳо ҳунар ва зарфиятҳои худу оилаамро истифода кардам, он чиро ки доштам. Шумо ҳам потенсиали худро хубтар ба кор баред. Шумо ҳам метавонед», - мегӯяд ӯ дар посух.

 

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Дукони пурасрор»-и Инобат

«Дукони пурасрор»-и Инобат

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Иқтисоду тиҷорат, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Вохӯрии раиси вилояти хатлон Д. Гулмаҳмадзода бо фаъолон ва соҳибкорони ноҳ ...

Вохӯрии раиси вилояти хатлон Д. Гулмаҳмадзода бо фаъолон ва соҳибкорони ноҳ ...

Ҳокимияти давлатӣ
Шаҳло “зебо”-ро эҳё кард

Шаҳло “зебо”-ро эҳё кард

Иқтисоду тиҷорат
Қубодиён. Маркази омӯзишии дӯзандагӣ  кушода шуд

Қубодиён. Маркази омӯзишии дӯзандагӣ кушода шуд

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Номаҳои Шумо
Занони соҳибкор дар муттаҳидӣ табодули таҷриба мекунанд

Занони соҳибкор дар муттаҳидӣ табодули таҷриба мекунанд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ