Дар як сатр
» » Коршиносони ғайриҳирфаии рус воқеиятро намебинанд

Коршиносони ғайриҳирфаии рус воқеиятро намебинанд

20-08-2018, 09:22

Баъд аз ҳодисаи террористии аз ҷониби аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ тарҳрезишуда, ки рӯзи 29 июли соли ҷорӣ  дар ноҳияи Данғара ба амал омада, ҷони чор нафар сайёҳи хориҷиро гирифт, дар ВАО интишори мақолаҳои муғризонаи баъзе аз таҳлилгарон, коршиносон ва журналистони рус оид ба ин қазияи фоҷиабор шурӯъ шуд. Аксари муаллифони мақолаҳои ҳангомаҷӯе, ки дар олами буҳтону дурӯғ ва зӯроварии иттилоотӣ худро пиар (PR) ё худ реклама месозанд, аъзои ТТЭ ҲНИ-ро пуштибонӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки ҷинояти содиршударо дар муддати кӯтоҳтарин ошкор намуданд, айбдор мекунанд.

Коршиносони ғайриҳирфаии рус воқеиятро намебинанд

Дар зимн, далелҳо гувоҳи раднопазиранд. Ва онҳо яқинан ба сӯи муқобил шаҳодат медиҳанд. Ҳамин тавр, роҳбари гурӯҳи ҷинояткор, иҷрокунандаи асосии ҳамлаи террористӣ дар ноҳияи Данғара Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович, ки ҳангоми дар ш. Одинтсовои вилояти Маскави Русия қарор доштанаш, соли 2013 аз ҷониби узви фаъоли ТТЭ ҲНИ Убайдов Носирхӯҷа Аҳтамович бо лақаби «Қорӣ Носир» ба сафи ин ташкилоти террористӣ ҷалб карда шуд. Бародари Абдусамадов Ҳ. – Бахтиёр бо лақаби «Мулло Умар» узви ТБТ «Ҳаракати исломии Туркистон» буда, барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ ба муҳлати 24 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Зимни бозпурсӣ Абдусамадов Ҳ. тасдиқ намуд, ки аз соли 2014 то соли 2015 омодагии идеологӣ ва ҳарбӣ-тахрибкориро дар шаҳри Қум ва урдугоҳи тамринии шаҳри Омули остони Мозандарони Эрон гирифтааст. Баъд аз бозгашт, моҳи сентябри соли 2015 дар ҳайати гурӯҳи мусаллаҳонаи ТТЭ ҲНИ бо нияти кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар амалиёти ҷангӣ ба муқобили қувваҳои ҳукуматӣ иштирок намудааст (баъдан авф карда шуд). Бо нияти аз ҷавобгарии ҷиноятӣ гурехтан, 1 ноябри соли 2015 аз Ҷумҳурии Беларус, тавассути ҳавопаймо ба Озарбойҷон парвоз кард. Аз он ҷо 9 ноябри худи ҳамон сол ба Эрон парвоз кард, ки инро қайдҳояш дар хатсайрҳо собит месозанд. Чопи хатсайрҳои ӯро тавассути Интернет бидуни ҳеҷ мамоният дастрас кардан имконпазир аст ва метавон чунин суоли табииро ба миён гузошт: чаро баъди кӯшиши бенатиҷаи табаддулоти давлатӣ Абдусамадов Ҳ. ба хотири пинҳон шудан на ба Русия, Амрико, Аврупо, Африқо ва ё ҳамчун узви «Давлати исломӣ» ба Афғонистон, ки он ҷо ҳоло ҳазорҳо доишиҳо қарор доранд, фирор накарду балки маҳз ҷангҷӯ ба Эрон рафт? Агар Абдусамадов Ҳ. узви «Давлати исломӣ» мебуд, чаро хадамоти махсуси зираки Эрон, ки бо ин ташкилот дар ҳоли муқовимати шадид қарор доранд, ӯро дастгир накарданду иҷозат доданд, ки бемамониат ва озодона сарҳадро борҳо убур намояд ва дар қаламрави Эрон озодона ҳаракат намояд? Бо истифода аз пойгоҳи маълумоти байналмилалӣ оид ба террористон хадамоти махсуси ҶИЭ медонистанд, ки Абдусамадов Ҳ. дар ҷустуҷӯ қарор дорад, вале хомӯширо ихтиёр карданд. Лоақал, онҳоро далеле, ки аъзои ТТЭ ҲНИ Абдусамадов Ҳ. ва Убайдов Н.А. дар шаҳрҳои Одинтсово ва Подолски назди Маскав ҳамчун иддае аз террористон ҷамъ гардида, ба корҳои ҷалбкунӣ машғул шуда беҷазо мондаанд, бояд ҳушдор медод.

Фармоишгари ҷинояти мудҳише, ки дар Данғара содир карда шуд, Убайдов Носирхӯҷа Аҳтамович, с.т. 1973, зодаи ноҳияи Фархор, аз соли 1992 узви фаъоли ТТЭ ҲНИ ва аз соли 2012 дар ҷустуҷӯ қарор дорад, мебошад. Соли 2015 ба рӯйхати кофтуковии Интерпол ворид шудааст. Ҷинояткор ба падараш Убайдов Саидаҳтам, с.т. 1930, узви фаъоли ТТЭ ҲНИ пайравӣ кардааст. Падараш дар деҳаи Фрунзеи колхози Карл Маркси ноҳияи Фархор зиндагӣ мекард ва мудири анбор буд. Дар даст силоҳ ба муқобили сохти конститутсионӣ ҷангида, дар куштори чандин нафар аҳолии осоишта ва дар ҳамлаи террористӣ ба намояндагони зиёии кишвар даст дорад, инчунин дуздиву ғоратгарӣ низ кардааст. Писари ӯ, Убайдов Носирхӯҷа дар мактаби динии узви ТТЭ ҲНИ Мирзоев М.А., дар ноҳияи Ҳисор таҳсил кардааст. Ҳамзамон бо падараш, дар солҳои 90-ум, замоне ки ҳанӯз аз «Давлати исломӣ» ҳарфе ҳам набуд, ӯ ба сафи ТТЭ ҲНИ дохил шуд ва баъдан ба гирифтани қасоси падараш шурӯъ кард. Убайдов бо роҳбари қаноти ҷангии ТТЭ ҲНИ «Ҷамоати Ансоруллоҳ» Табаров Амриддин робитаи зич дошт. Аз соли 2002 то 2006 Убайдов Н.А. дар Эрон зиндагӣ карда, дар муассисаҳои динии шаҳрҳои Зоҳидон ва Хош таҳсил намудааст. Дар урдугоҳҳои тамринии Эрон омӯзиши тахрибкориро гузаштааст. Ҳангоми дар Эрон будан, Убайдов Н.А. фаъолона ба ҷалби ҷавонон аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул буд. Солҳои 2011-2015, вақте ки дар шаҳрҳои назди Маскав (Одинтсово ва Подолск) қарор дошт, ки он ҷо ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёнро ба сафи ТТЭ ҲНИ идома медод. Нисбат ба ӯ аз рӯи қ.2-и м.187 (Иштирок дар ҷамъияти ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст. Дар амалиёти ҳарбии кишварҳои Шарқи Наздик бар зидди қувваҳои ҳукуматӣ ширкат варзидааст. Ду ҳамсар дорад, ки яке аз онҳо Шарифова М.Т. дар соли 2004 дар мадрасаи «Мадинат ул-Явм» таҳсил кардааст. Ӯ ҳоло дар Ироқ дар маҳбас қарор дорад. Амалҳои гурӯҳи ҷинояткори Абдусамадов Ҳ-ро, ки амали террористӣ содир намуд, Убайдов Н.А. тавассути барномаи "WhatsApp”, на аз ҷои дигар, балки аз шаҳри Хоши Эрон роҳбарӣ мекард.

Аъзои дигари гурӯҳи ҷинояткор Маҷидов А.Ё. ва Сафаров З.Д. аз моҳи феврал то июни соли 2018 дар шаҳри Новосибирски Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд. Рӯзҳои 17 ва 20 июли соли ҷорӣ онҳо ба номи узви ТТЭ ҲНИ Ғаниев Кароматулло Исматуллоевич, истиқоматкунандаи шаҳри Норак дар ҳаҷми 20000 рубли русӣ маблағи пулӣ равон карданд, ки ӯ онҳоро барои омодагӣ ба содир намудани амали террористӣ нисбат ба сайёҳони велосипедрони хориҷӣ истифода намуд. Ҳоло Ғаниев К.И. таҳти тафтишот қарор дорад.

Далелҳои интиқоли маблағҳо мувофиқи аснод собит шудаанд (Дар зер расиди банк оид ба интиқоли маблағ бо забони русӣ оварда мешавад):

Коршиносони русро мебоист бидонанд, «Давлати исломӣ», ки талош доранд ҳамлаи террористӣ бар зидди сайёҳони велосипедрони хориҷӣ дар Данғараро бо он алоқаманд созанд, ҳамчун қувваи ба таври фаъол амалкунанда аллакай вуҷуд надорад, аз ҷумла бо шарофати амалҳои низомиёни Русия. Аз «Давлати исломӣ» гурӯҳҳои ночизе боқӣ мондаанд, ки дар Шарқи Наздику Миёна паҳн гардидаанд. Он паёмҳои видеоие, ки аз ном ва зери парчами «Давлати исломӣ», бо мақсади таблиғот ва тарсонидан интишор мешуданд, аз қабили навори аз ҷониби гурӯҳи Абдусамадов Ҳ. истифодашуда, дигар арзи вуҷуд надоранд. Ин ТТЭ ҲНИ аст, ки аз парчами бегона – парчами сиёҳи «Давлати исломӣ» истифода бурда, зери он ҷиноятҳои навбатии худро пинҳон месозад.

Ҳолатҳое мешаванд, ки «Давлати исломӣ» масъулияти ҳамлаи террористии содирнамудаи узви ташкилоти террористии дигарро (ТТЭ ҲНИ), ба хотири аз ҳастии худ дарак додан, нишон додани қувваи собиқа васеъ намудани миқёси ҷуғрофии нуфузи худ, ба зимма мегирад. Вале, маълум аст, ки дар айни ҳол хадамоти махсуси Эрон бренди «Давлати исломӣ»-ро ҳамчун асбоб ва пардаи пӯшиши ҳадафҳои худ истифода бурда, таҳти ин «чатр» изи фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро, ки нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳамлаи террористии мудҳиш содир намуд ва зери пуштибонии ғоявӣ, маънавӣ ва моли ҶИЭ қарор дорад, пинҳон месозад.

Боиси нигаронист, ки ҳамаи гуфтаҳои болозикр аз ҷониби ба ном «коршиносони мустақил», пинҳон ва барқасдона таҳриф мешаванд. Вале, маълум мешавад, ки ин мустақилият танҳо аз дурии онҳо нисбат ба ҳақиқат, воқеият, мантиқ ва афкори солим иборат буда, дар фазои ВАО тибқи қонунҳои манфиатҷӯӣ ва муносибатҳои бозаргонӣ ба роҳ монда шудааст.

А. Дубнов (бо Кабирӣ муносибатҳои шахсӣ дорад), В. Панфилова (шавҳараш – О. Панфилов дар солҳои 90-ум ҲНИТ-ро фаъолона дастгирӣ мекард), А. Серенко (солноманавис ва хушомадгӯи ТТЭ ҲНИ), А. Грозин, А. Князев ва дигар иштирокдорон ба эҳтимоли зиёд бо намояндагони ташкилоти террористӣ-экстремистии мазкур ҳамкории зич доранд. Онҳо дар мавзӯи Осиёи Марказӣ туфайлихӯр шуда, омодаанд дар бораи ҳар чизе, ки лозиму нолозим аст, нависанд, бе назардошти он ки як калимаи беҷо метавонад суитафоҳумро дар доираи худашон барнгезад.

Ҳар санҷиш ва таҳқиқи ҳар суоле аз ҷониби мутахассис (коршинос) аз ӯ донишҳои махсусеро дар соҳаҳои муайян тақозо мекунад. Мутаассифона, муаллифони номбаршудаи ВАО аз ин чиз бехабаранд. Фавти мудҳиши сокинони осоишта барои онҳо ҷиҳати бори дигар хидмати навбатӣ кардан ба хоҷагон - фармоишгаронашон баҳонаи иттилоотии муносиб гардид. Аз ҳама хатарнок ва зиёновар ин аст, ки онҳо худро ба унвони рӯзноманигорони рус муаррифӣ намуда, ноинсофона ба худ мақоми коршиносон-таҳлилгаронро гирифтаанд. Баъди гирифтани фармоиши иттилоотӣ, бо ҷӯшу хурӯш нуқтаи назари худро ҳамчун ҳақиқати ягона пешниҳод мекунанд. Бо дастрас будани Интернет ва дар пеши чашми худ доштани маводҳои расмии интишоршудаи тафтишот, маълумоти ВКД аз рӯи ҳодисаи ин ҷиноят, ягон нафаре аз ин бо ном коршиносон фурсат пайдо накардааст, ки оид ба қазияи рухдода дуруст фикр кунад, далелҳоро муқоиса намояд, ба иттифоқҳо диққат диҳад, иттилоотро баррасӣ намояд ва «мағзҳои таҳлилӣ»-ро густариш диҳад.

Ин чӣ аст? Корношоямии касбӣ, ғайриҳирфаӣ ё қасдан таҳриф кардан, ташкили нусхаҳои муғризона? Танҳо коршиносони ҳақиқӣ аз маълумоти камтарин метавонанд хулосаҳои саҳеҳ бароранд, на коршиносони сохта. Ҳол он ки имрӯз дар наш-риёти озод факту далелҳои зиёде мавҷуданд, ки дар бораи ҳамлаи террористӣ ва иҷрокунандагони онҳо гувоҳӣ медиҳанд.

Пас, барои чӣ муаллифони номбурда, ки ҳеҷ робитаи мустақиме бо Тоҷикистон надоранд, ба сохти дунявии иҷтимоӣ муносибати манфӣ зоҳир намуда, исломгароёни ифротӣ, ҷинояткорони ТТЭ ҲНИ-ро беғаразона ҳимоят мекунанд? Бо кадом мақсад ҷониби Кабириро мегиранд, ки аз лиҳози тафаккур, ақоид ва дину мазҳаб ба онҳо бегона аст? Таваҷҷуҳи онҳо нисбат ба террористони ТТЭ ҲНИ чӣ гуна аст? Чаро ҳимояи манфиатҳои ҷинояткороне, ки амалҳои хушунатбори ғайриинсониро анҷом додаанд, барои онҳо болотар аз ҳақиқат, амният ва субот аст? Чаро онҳо экстремистонро, ки ба ҳар роҳе набошад, мехоҳанд ҳокимиятро ба даст оварда, давлати шариатӣ барпо намоянд, ҳамраъйӣ мекунанд?

Маҳз аъзои ТТЭ ҲНИ нисбат ба намояндагони дигар миллату мазҳабҳо ва хориҷиён ҳисси бетаҳаммулӣ, кина ва бадбинӣ нишон медоданду медиҳанд. Онҳо буданд, ки иғвои хурӯҷи дастаҷамъонаи русҳо ва намояндагони дигар миллатҳоро аз Тоҷикистон барангехтанд. Ин ҳизб аз ибтидои ҳастии худ ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ буд. Ҳадафи террор – ин бо роҳи зӯроварӣ ноил шудан ба ҳадафҳои худ, тезутунд кардани фазо ва носубот сохтани вазъ бо роҳи хушунату тарсонидан мебошад. Дар куштори мақсадноки даҳҳо шаҳрвандони Русия, аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, журналистон ва аҳолии осоишта маҳз аъзои ТТЭ ҲНИ даст доштанд. Мардумони миллатҳои гуногуне, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекарданд, қурбонии онҳо гардидаанд.

13 июли соли 1993 силоҳбадастони ТТЭ ҲНИ ба постгоҳи марзии 12-и дас-таи сарҳадии Маскави гурӯҳи Қӯшунҳои сарҳадии Русия дар ҶТ ҳуҷум карда, 25 сарҳадбонро ба ҳалокат расониданд. Дар давраи аз с. 1994 то 1998 даст доштани аъзои ҳизби исломӣ-ваҳҳобӣ дар шаш ҳодисаи куштори хизматчиёни ҳарбии Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Чкалов ва Қӯрғонтеппа собит шудааст. Ба ғайр аз ин, 53 хизматчиёни ҳарбии Қазоқистон, ки қарзи хизматии худро дар Тоҷикистон адо мекарданд, қурбонии амалҳои террористии ТТЭ ҲНИ гардидаанд. Ҷинояткорони ТТЭ ҲНИ журналисти рус Виктор Никулинро дар ҷои кориаш ба таври ваҳшиёна ба қатл расониданд. Аз дасти онҳо беҳтарин фарзандони Тоҷикистон, аз ҷумлаи ходимони ҷамъиятӣ ва зиёиён И. Исҳоқӣ, М. Ғуломов, М. Осимӣ, М. Назаршоев, Н. Ҳувайдуллоев ва дигар ходимони равшанфикр ба ҳалокат расиданд. Фармоишгари ин ҷиноятҳои мудҳиш хадамоти Эрон буд. Агар коршиносони Русия таърихи динро меомӯхтанд ва медонис-танд, ки тоҷикон дар маҷмӯъ – суннианду эрониҳо - шиа, пас ба онҳо маълум мегардид, ки чӣ гуна фармоишгари ҷиноятҳо – хадамоти ҶИЭ ба осонӣ ба ТТЭ ҲНИ қатли ҳаммазҳабонашонро супориш дода буд. Ҳамаи қурбониён аз ҷониби тоҷиконе аз байн бурда шудаанд, ки омодагии махсусро дар қаламрави Эрон гирифтаанд. Айнан мисли имрӯз, баъди ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ, дар солҳои 90-ум роҳбарияти ТТЭ ҲНИ, сарпарастон ва пуштибонони хориҷии онҳо ба таври оммавӣ андуҳу тасаллияти мунофиқонаи худро ба хешовандони қурбониёни ҳамлаҳои террористии худашон ташкилнамуда изҳор мекарданд.

Ба ҷомеаи қаламбадасте, ки таҳти пӯшиши «коршиносони Осиёи Марказӣ» амал мекунанд, бояд чатри маъмулии, ҳазорҳо бор истифодашудаи пӯшиши хадамоти махсуси ҷаҳон, найрангҳои онҳо, кӯшиши зери парчами бегона амал кардан, ошно бошад. Парчами «Давлати исломӣ» низ чун шиносномаҳои қалбакии кишварҳои дигар, ки дар чопхонаҳои КСИР, Вазорати иттилооти Эрон чоп мекунанд ва дар бештари кишварҳои Шарқи Наздик ва Афғонистон паҳн гаштааст – ин ҳунари маъмулии ҳамарӯзаи охундҳоеанд, ки имрӯз ғосибони ҳукумати интеллектуалии мардуми Эрон мебошанд. Фикр намекунам, ки онҳо хостори як умр ҳамчун коршиносони таҳти пӯшиши нодонӣ бимонанд, бахусус бо боғоҷи шӯравӣ, бо иддаои нақши ҷӯяндагони ҳақиқат.

Аъзои ҷавони ТТЭ ҲНИ, ки ба шасти ҳамқавми сиёсии Эрон гирифтор шуда, омодагии тахрибкоронаро дар урдугоҳҳои Эрон гирифтаанд, анъанаҳои харобкоронаи гузаштагони худро идома медиҳанд.

Бинобар ин, ҳамлаи террористии нави ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон, ки бо дастури хадамоти махсуси Эрон содир шудааст, гувоҳи он аст, ки онҳо сайъ доранд, таърихи хунини солҳои 1990-умро такрор кунанд. Барои ҳамин ҳам, бояд ҷомеа сарҷамъу муттаҳид бошад, то густариши имконпазири таҷовузҳои террористиро саривақт пешгирӣ намояд.

Ин матлаб бояд барои коршиносони рус ҳамчун маълумот барои андешидан ва сабаб барои аз нав баррасӣ намудани ақидаҳои нодурусташон гардад.

Бахтиёр Раҳимов,

корманди илмии шуъбаи ҷомеашиносии АИ ҶТ

(Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият», №158 (23501) 10.08.2018)

Шарҳи хонандагон +
I am really keen of reading articles or reviews about creating new blog, or even concerning SEO.
11 сентябр 2018 21:08
female viagra online pharmacy
viagra coupons
buy generic viagra in the united states
sildenafil citrate
11 сентябр 2018 22:34
Hi there to every one, it’s genuinely a good for me to go to see this web site, it includes valuable Information.
11 сентябр 2018 23:16
It’s awesome to pay a visit this web site and reading the views of all colleagues on the topic of this post, while I am also eager of getting knowledge.
11 сентябр 2018 23:43
Quality posts is the important to interest the people to pay a visit the site, that’s what this web page is providing.
12 сентябр 2018 01:50
side effects of viagra 100 mg
sildenafil citrate
l thyroxine 100 wirkung viagra
female viagra pills
12 сентябр 2018 03:00
tohan 200mg viagra
viagra 100mg
lopressor r generico do viagra
viagra 100mg
12 сентябр 2018 03:05
viagra cost 50mg vs 100mg
viagra pill
tomar viagra com 20 anos faz mal por
viagra generic
12 сентябр 2018 05:07
It’s very trouble-free to find out any matter on web as compared to textbooks, as I fount this paragraph at this web site.
12 сентябр 2018 05:35
best buy viagra pills
100 mg viagra lowest price
viagra online cheap viagra sale 34868
cheap viagra
12 сентябр 2018 06:02
Hi, how's it going? Just shared this post with a colleague, we had a good laugh.
12 сентябр 2018 06:22
zakaria generic viagra
viagra generic
generico viagra doctor simi y
female viagra
12 сентябр 2018 07:27
Hi there colleagues, its enormous paragraph on the topic of cultureand fully explained, keep it up all the time.
12 сентябр 2018 07:43
When I saw this site having awesome quality YouTube video clips, I decided to watch out these all video clips.
12 сентябр 2018 08:28
These all YouTube gaming video tutorials are really in pleasant quality, I watched out all these along through my mates.
12 сентябр 2018 09:01
viagra generico in farmacia senza ricetta pasta
viagra generic
penvir 500 mg com 21 comprimidos viagra
viagra without a doctor prescription
12 сентябр 2018 09:31
Hi there colleagues, you are sharing your feelings regarding weblog Web optimization, I am also new user of web, thus I am also getting more from it. Thanks to everything.
12 сентябр 2018 09:50
novaminsulfon liechtenstein 500mg tropfen nebenwirkungen viagra
female viagra pills
azithral 100mg viagra
generic viagra
12 сентябр 2018 09:52
Hi friends, fastidious post and fastidious arguments commented here, I am truly enjoying by these.
12 сентябр 2018 10:44
Hi, I just wanted to tell you, you're wrong. Your blog doesn't make any sense.
12 сентябр 2018 11:11
viagra generico online contrassegno restaurant
viagra 100mg
viagra online bg film
viagra pill
12 сентябр 2018 12:04
can canadians buy viagra online
sildenafil 100 mg
metoject 10 mg nebenwirkungen viagra
buy viagra
12 сентябр 2018 12:46
If you desire to obtain a good deal from this piece of writing then you have to apply such techniques to your won web site.
12 сентябр 2018 13:20
watermelon viagra 2012 jeep
viagra uk
lorazepam generico do viagra
women viagra
12 сентябр 2018 13:34
I got so bored today afternoon, but while I watched this YouTube comic clip at this blog I turn into fresh and delighted too.
12 сентябр 2018 15:11
YouTube consists of not just comic and humorous video clips but also it contains learning related video tutorials.
12 сентябр 2018 15:15
Hurrah, that’s what I was looking for, what a stuff! present here at this blog, thanks admin of this website.
12 сентябр 2018 20:01
Hurrah, that’s what I was exploring for, what a material! present here at this blog, thanks admin of this web page.
12 сентябр 2018 21:48
brain viagra 2012 nissan
viagra natural
pendaftaran sma viagra 100
viagra for sale
12 сентябр 2018 23:22
buy viagra in south australia
sildenafil 100mg
oxecta generic viagra
viagra natural
12 сентябр 2018 23:47

Матолиби дигар:

Ҷазо барои терроризм сахттар шуд

Хабарҳо

Бояд ба гузаштҳо бар террористон нуқта гузошт

Хабарҳо, Сиёсат

Хатлониҳо куштори сайёҳонро ҷиддан маҳкум мекунанд

Хабарҳо, Сиёсат
С.Р. Мирзозода: «ҲНИТ, бидуни шак, дар кӯшиши табаддулот даст дошт»

С.Р. Мирзозода: «ҲНИТ, бидуни шак, дар кӯшиши табаддулот даст дошт»

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Сиёсат, Ҳуқуқу амният
СҲШ: «ҲНИТ ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд»

СҲШ: «ҲНИТ ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд»

Хабарҳо, Сиёсат, Ҳуқуқу амният