Дар як сатр
» » Мулоқот бо мардум

Мулоқот бо мардум

23-08-2018, 08:40

Дар раванди демократикунонии ҷомеа ҳизбу азҳоби сиёсӣ  ва иттиҳодияву ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ нақши боризе мегузоранд. Азҳоби сиёсӣ бо пешниҳод ва амалигардонии Барномаҳои хеш дар рушду тараққии ҷомеа саҳми муносиби хешро мегузоранд. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон низ тӯли фаъолияти беш аз 25-солаи хеш тавонист дар рушду тараққии ҷомеа саҳми арзандаи хешро гузорад. Зеро Барномаҳои пешниҳоднамудаи ҲХДТ имкон фароҳам меоварад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол беш аз пеш рушд ёбаду сокинонаш зиндагии шоистаро соҳиб гарданд. Имрӯзҳо фаъолияти кумитаҳои иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар маҳалҳо низ назаррас мебошад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант тибқи нақша бо аҳолӣ мулоқоту вохӯрӣ ва чорабиниҳои судманд доир намуда истодааст. Чунин як мулоқоти хотирмон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳудуди деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти «Ваҳдат» ва «Гулистон» ба амал омад. Сокинони деҳаҳои ҷамоатҳои мазкур ҳунари дастони хеш ва ашёҳои моҳияти таърихидоштаро ба маърази тамошо гузоштанд. Дар ин баробар, хӯришу хӯрокҳои миллии бо маҳорати хоса омоданамудаашон аз он шаҳодат медод, ки  аҳолии ин маҳалҳо то чӣ андоза тарзи омода намудани таомҳои миллиро нигоҳ дошта ва ба ҳунару анъанаҳои миллӣ арҷ мегузоранд.

Сеҳри дастони бонувон, бахусус чакану қуроқ ва сӯзанидӯзон низ иштирокдоронро ба худ ҷалб намуда буд. Дарвоқеъ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон тарғибгари фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Тавре раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Саидҷаъфар Ватанзода баён дошт, айни замон 66 адад ташкилотҳои ҳизбӣ 4985 нафарро дар сафҳои хеш шомил намудааст, ки аз ин шумора 1934 нафарашонро ҷавонону 1631 аъзои дигарро занон ташкил медиҳанд.

-Ҳадаф аз баргузории ин чорабиниҳо, пеш аз ҳама, тақвияти робита бо маҳал дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ ба шумор мераванд, - таъкид дошт Шаҳло Шомуддинова, масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант. - Дар ин баробар, масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо ҷавонону наврасон ва сокинони шаҳр мулоқот доир намуда, бобати худогоҳии миллӣ, худшиносӣ, дӯст доштани ватан – модар,  сарзамини аҷдодӣ, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳар гуна  ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан ронда, ҳамагонро ба корҳои ободонию созандагӣ роҳнамун месозанд.

 

ВАХШОНА,

«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» аз Хатлон оғоз ёфт

«Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» аз Хатлон оғоз ёфт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Ваҳдат созандагист

Ваҳдат созандагист

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Сиёсат, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Дар ҳамкорӣ терроризму ифротгароиро пешгирӣ намоем

Дар ҳамкорӣ терроризму ифротгароиро пешгирӣ намоем

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, АСАЛМО САФАРОВА
12 номзади ҲХДТ дар ҳавзаҳои якмандатии Хатлон пирӯз шуданд

12 номзади ҲХДТ дар ҳавзаҳои якмандатии Хатлон пирӯз шуданд

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Авҷи мулоқоти номзадҳо бо мардуми Хатлонзамин

Авҷи мулоқоти номзадҳо бо мардуми Хатлонзамин

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА