Дар як сатр
» » Ҳамоиши соҳибкорон дар Хуросон

Ҳамоиши соҳибкорон дар Хуросон

17-08-2018, 09:35

Тавре ки хабар дода будем, рӯзҳои 7-8 августи соли ҷорӣ дар заминаи хоҷагии деҳқонии «Асадулло»-и ноҳияи Хуросон «Форуми тиҷоратии кишоварзии Хатлон-2018» баргузор гардид, ки дар он соҳибкорону тоҷирон аз давлатҳои Федеретсияи Россия, Белорусия, Қазоқистону Ӯзбекистон, аз намояндагии сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон, ҳамчунин масъулину мутахассисон аз  вилояти Суғду Хатлон  ширкат доштанд. Меҳмононро доктори илмҳои биологӣ, профессор дар соҳаи боғпарварӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, директори Маркази такмили ихтисоси кадрҳои комплекси агросаноатӣ, аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулов Сайдалӣ, муовини раиси вилояти Хатлон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ҳамроҳӣ доштанд.

Рӯзи аввали форум, ки дар мавзеи Фахробод гузашт, бо суханони меҳмоннавозона оғоз ёфта, баъдан, қисми назариявии он бо маърӯзаву пешниҳодот ва маслиҳатҳои масъулину мутахассисон оид ба рушди боғдории муосир (интенсивӣ) дар шароити кӯҳсор, тартиби интиқол, босифатии меваҷот, коркарди он ва ғайра ҷараён гирифт, ки аз он ширкаткунандагон манфиат бардоштанд. Дар ин рӯз, ҳамчунин, маҳсулоти кишоварзони ноҳия ба намоиш бароварда шуд. Меваҳои шаҳдбори минтақаи ҷануби ҷумҳурии офтобрӯяамон мақбули соҳибкорону тоҷирони меҳмон гардид ва маросими имзои шартномаҳои хариду интиқол бо камоли қаноатмандӣ гузашт.

Рӯзи дуюми форум дар боғҳои интенсивии хоҷагии мазкур, ки дар қаламрави деҳоти Ҳилолӣ доман паҳн намудааст, бо ширкати соҳибкорону тоҷирони кишвари ҳамсоя- Ӯзбекистон ва вилояти Суғд гузашт. Меҳмонон аз дидани боғоти ин мавзеъ, ки ҳосили хеле зиёд ва осебнадида доштанд, ба ваҷд омада, изҳор доштанд, ки чунин тарзи парваришро кам вохӯрдаанд. Роҳбалади гурӯҳ Сайдалӣ Гулов иттилоъ дод, ки ин мавзеъ то солҳои наздик заминҳои ғайрикишоварзӣ маҳсуб меёфт ва аз он манфиате намегирифтанд. Бо ба фаъолият пардохтани хоҷагии деҳқонии «Асадулло» ин заминҳоро ҳамчун мавзеи ба боғдорӣ мувофиқ истифода карда, хато накарданд. Дарахтони себи боғот, ки ба тарзи интенсивӣ бунёд ёфтаанд, аз вилояти Красноярскийи Федератсияи Россия  5 сол пеш оварда шудааст. Байни қаторҳои боғот се метр, тарафҳо якметриро ташкил медиҳанд.  Маҳз ҳамин мавзеъро интихоб кардану боғот бунёд кардан, аз он ҷиҳат аст, ки обу ҳавои он ба ин тарз мувофиқ афтодааст.

Боғдорон ҳамасола ҳосили зиёд ва шаҳдбори себ ҷамъоварӣ менамоянд, ки он, асосан, содирот мешавад. Бозорҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ низ аз ин меваҳо фаровонанд.  Умуман, талу теппаҳои Хуросон аз нигоҳи коршиносони соҳа ба боғпарварӣ, аз қабили парвариши себ, олу, зардолу, олучабандак, гелос хело мувофиқ аст. Меваҷот ба тарзи тару обдор ва ҳам баъди хушк кардан, ки манфиатбахшиашон ҳамчун доруворӣ дар тиб бештар имаълум аст, ба савдо бароварда мешавад.

Меҳмонони ӯзбкистонӣ, ба меҳнати самарабахши боғдорони тоҷик, ки соҳаро нисбати солҳои даврони пешин хеле зиёд рушд бахшидаанд, бо камоли мамнуният таҳсин намуда, дар навбати худ аз тарзи боғпарварии боғдорони кишварашон сухан карданд. Гуфта шуд, ки дар Ҷумҳурии  Ӯзбекистон боғот дар майдони хеле васеъ  парвариш ёфта, қисмати азими он бо турҳои нахи зиддишуоӣ пӯшонда мешаванд. Боғдорони мо изҳор доштанд, ки ин усул дар оянда мавриди омӯзиш карор хоҳад гирифт. 

Дар ҷараёни кори форум, меҳмонони кишвари ҳамсоя, Суннат Ҷалолов, Муъмин Исомиддинов, Улуғбек Бечанов ва дигарон, ҳамчунин боқаноатмандӣ қайд намуданд, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари дӯсту ҳамсоя хеле пеш рафта, мардуми шарифу меҳнатдӯсти он рисолати меҳмоннавозии худро дигар накардаанд. Дар ҳама ҷо қабулу суҳбатҳои дӯстона, пазироии шарқиёна  хотири онҳро шод намудааст ва боифтихор мегӯянд, ки ин ҳамаро оқилию дурандешии сарони ҳар ду кишвар-Пешвои миллати тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев фароҳам овардаанд. Тоҷику ӯзбек, ки аз умқи таърих  робитаи дӯстию бародарӣ доранд, ҳамин рисолат то абад хоҳад монд.

Ҳамин тариқ, «Форуми тиҷоратии кишоварзии Хатлон-2018» дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ гузашт. Умедбахш он буд, ки оянда соҳибкорони дуру наздик тиҷорати  тарафайнро дар мавриди таъмини кишварҳояшон бо меваҷоти шаҳдбори хатлониҳо ба роҳ хоҳанд монд. 

И. Ҳасанов

Акси М. Ашӯров



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Поянда бод дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Поянда бод дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Фарҳанг ва адабиёт, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Хатлонзамин минтақаи меваҳои шаҳдбор ва сабзавоти босифат аст

Хатлонзамин минтақаи меваҳои шаҳдбор ва сабзавоти босифат аст

Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Намоиши маҳсулоти 50 корхонаи Хатлон дар Термизи Ӯзбекистон

Намоиши маҳсулоти 50 корхонаи Хатлон дар Термизи Ӯзбекистон

Арсаи кишоварзӣ
Ҳамкории соҳибкорони Хатлону Сурхондарё

Ҳамкории соҳибкорони Хатлону Сурхондарё

Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ амалӣ мегардад

Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ амалӣ мегардад

Иқтисоду тиҷорат