Дар як сатр
» » Поянда бод дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Поянда бод дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон

18-08-2018, 08:15

Гурӯҳи калони ходимони фарҳанг ва кормандони васоити ахбори оммаи Ӯзбекистон ба маркази маъмурии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар расид. Маросими пешвозгирии меҳмонон дар майдони "Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон ва дигар шахсони масъул бо нону намак, гулу гулдастаҳо ва таҳти навои карнаю сурнай барпо гардид.

Ба муносибати ташрифи меҳмонон ва тараннуми дӯстиву ҳамгироии мардумони тоҷику ӯзбек аҳли фарҳанги шаҳри Бохтар таҳти унвони «Шоми дустӣ» барномаи фарҳангӣ барпо намуданд. Ҳама таронаҳои пешниҳодгашта, ифодагари  меҳру муҳаббат, самимияти мардуми ду кишвар, ҳамзистии тоҷикону ӯзбекон, урфу одат, фарҳанги  қадимаи ниёгон, нақши роҳбарони ду мамлакат дар барқарорсозӣ ва мустаҳкамкунии муносибатҳои дуҷониба буд. Зимни суҳбат рӯзноманигорони ӯзбекистонӣ чунин изҳор доштанд: «Имрӯзҳо ҳамкорӣ миёни ду мамлакат беҳтару хубтар гашта истодааст ва умед аст, ки дар ояндаи наздик омаду рафт боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.”

Сипас, ҳайати рӯзнома-нигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз бозорҳои  «Ҳоҷи Шариф» ва «Фаровон»-и шаҳри Бохтар дидан намуда, аз маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, санъати заргарӣ, матоъҳои либосворӣ ва шароити тиҷорату зиндагии мардуми тоҷик  шинос гардида, ба  фарҳанги баланди бозорнишинии тоҷирони тоҷик  баҳои баланд доданд. Баъдан, журналистони ӯзбек бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии ӯзбекзабонониТоҷикистон  ба маҳаллаи Ургутмаҳаллаи шаҳри Бохтар раҳсипор шуданд. Меҳмононро  сокинон бо риояи анъанаи хоси  тоҷикона  пешвоз гирифтанд.

Зимни боздид аз ин маҳаллаи фарҳангӣ ба ифтихори меҳмонони кишвари ҳамсоя, намоиши ҳунарҳои миллӣ ва маҳорату кадбонугӣ баргузор гардид. Рӯзноманигрони ӯзбек аз дастранҷи ҳунармандону косибони хатлонӣ дидан намуда, иброз намуданд, ки воқен ҳам, мардуми тоҷик фарҳанг ва арзишҳои миллии ниёгони худро пос доштанд.

Бо  ҳамин тартиб намояндагони васоити ахбори оммаи Ӯзбекистон аз Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар боздид ба амал оварданд.  Онҳо бо ҳунармандони тоҷик суҳбат намуда, порчае аз намоишномаи театрии "Қиёмат”-ро, ки аз рӯйи асари Чингиз Айтматов ба саҳна гузошта шуда буд, тамошо карданд.

Меҳмонон зикр намуданд, ки дар сафари чандрӯзаашон ҳар ҷое ки буданд, ҳисси миллии мардуми тоҷикро эҳсос менамуданд. Ҳамин тавр хабарнигорони  Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо як ҷаҳон таассуроти нек ва бо табъи болида ба кишвари худ баргаштанд.

Фаромӯз БОБОЕВ,

Далер ШАРИФОВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дарёфти чеҳраҳои нав

Дарёфти чеҳраҳои нав

Фарҳанг ва адабиёт
Намоиши маҳсулоти 50 корхонаи Хатлон дар Термизи Ӯзбекистон

Намоиши маҳсулоти 50 корхонаи Хатлон дар Термизи Ӯзбекистон

Арсаи кишоварзӣ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Хатлон

Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Хатлон

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, КОМРОНИ БАХТИЁР
Мардумони тоҷику ӯзбек аз қадим бо ҳам дӯсту бародар буданд

Мардумони тоҷику ӯзбек аз қадим бо ҳам дӯсту бародар буданд

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт