Дар як сатр
» » Хишти аввал монд сарвар, мамлакат обод гашт

Хишти аввал монд сарвар, мамлакат обод гашт

16-08-2018, 08:48

Ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
...Соли 1992 душманони давлати тозаистиқлоли тоҷикон тавонистанд   байни тоҷикон низоъ андохта, ба сар задани ҷанги шаҳрвандӣ сабаб гарданд. Таърих ёд надорад, ки тоҷик дар кадом асре тоҷиккушӣ карда бошад. Ба ақли инсонӣ рост намеояд, ки як миллат миллати худашро таҳқир карда, бо сабабе худкушӣ кунанд.
Дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе гирдиҳамоии майдонҳои "Шаҳидон” ва "Озодӣ” барҳам хӯрда бошанд ҳам, он дар баъзе манотиқ, хусусан дар собиқ вилояти Қӯрғонтеппа, идома ёфт. Вазъият рӯз аз рӯз мураккабтар гашта, бо вуҷуди баъзе кӯшишҳо барои сулҳ бӯйи ҷанг меомад. Силсилаи мулоқотҳо, ки байни гурӯҳҳои муқобил дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мешуд, натиҷа намебахшид. Сухан дигару амал дигар буд. Дар баъзе мулоқот гӯё созиш ба амал меомад, дар амал онро гурӯҳҳои силоҳбадаст қабул надоштанд. Ҳатто баъди баъзе мулоқотҳои тарафҳо ба ҷойи созиш амалиётҳои ҳарбӣ шиддат гирифта, садҳо ҷавонони бегуноҳ ба шаҳодат мерасид. Водии овозадори Вахш, ки онро водии тиллоӣ меномиданд, ба водии ҷангу ҷидол табдил ёфта буд.
Дар давраи тирамоҳу замистони солҳои 1992-1993 қариб чорсад ҳазор нафар гурезаҳо дарёи Омуро убур карда, ба ҳайси гуреза ба Давлати Исломии Афғонистон гузаштанд. Дар хаймаҳои сарду торик ғарибафтодаҳои тоҷик хору зор талхии ғарибиро чашида, аз Худои мутаол илтиҷо мекарданд, ки ба онҳо раҳму шафқат карда, рӯзҳои некро насибашон гардонад. Ҳама хоҳиши ба ватан, ба хоки поки аҷдодӣ баргаштан дош-танд. Тамоми гурезаҳо аз он сӯи Ому ба сӯи ватан нигоҳи пурмеҳр доштанд, аз Худованд илтиҷо доштанд, ки Тоҷикистони азизро дубора  бинанд, аз боду ҳавои ҷонбахшаш нафаси озод кашанд, бе ғаму ҳасрат сухан бигӯянд.
Ниҳоят, субҳи шодӣ дамид, рӯзҳои неку умедбахш фаро расид. Ҳамаи гурезаҳо барномаҳои радиои Тоҷикистонро гӯш карда, хабари хушеро, ки дер боз интизор буданд, шуниданд. 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид. Тамоми аҳолии кишвар, пиру барно, тоҷикони бурунмарзӣ умед ба ин Иҷлосия доштанд, то дар ватан якдигарфаҳмӣ, сулҳу ваҳдат пойдор гардида, ба амалиётҳои ҳарбӣ, хунрезиҳо хотима дода шавад. Муждаи нек дар ақсои олам паҳн гардид, фарзанди фарзонаи миллат, ҷавонмарди ҷасуру тавоно ва ба қавлаш устувор Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
Бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати мустақил ва соҳибистиқлоламон дар роҳи истиқлолият қадамҳои мушкил, вале аввалини худро гузошта, зина ба зина рушд ёфт. Вале халқи азизу муътабари мо гузаштаи начандон дур, он рӯзҳои сангину мураккаб ва тақдирсози миллатро ҳаргиз фаромӯш намекунанд. Имрӯз тамошои шаҳру деҳоти бошукӯҳу дилпазир, биноҳои хуштарҳу зебои замонавӣ, кӯчаю хиёбонҳои гулбасар ба бинанда олам-олам шодию нишот мебахшад. Ҷавонони ҷасуру ҷавонмардони бонангу номуси диёр барои ин рӯзҳои фараҳфазою осоишта басо ҷонбозиҳо карда, ҳазорҳо нафар дар ин роҳ ҷон бохтаанд. Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои дӯстдоштаи миллат дар сулҳофарии тоҷикон саҳми арзанда дошта, бо заҳмату талошҳои бевоситаи ӯ мо ба дастоварди беназир - сулҳи байни тоҷикон соҳиб шудем, ки ин таҷриба дар олам бебаҳост. Оламиён ин таҷрибаи арзишмандро барои ба эътидол овардани вазъият дар мамлакати худ акнун истифода мебаранд...
Иҷлосия иҷлосияи оштӣ, бахшиши гуноҳҳои якдигар, кӯшиш барои сулҳу осоиши саросари кишвар буд. Тадбирҳои судбахш имкон дод кори корхонаҳо мураттаб ба роҳ монда, беш аз миллион нафар фирориён ба ҷойи зисти аввалаи худ баргашта, ба кори пурмаҳсули ҷамъиятӣ машғул шаванд.
Қавми мо аз бофарҳангтарин мардуми гетӣ буда, ниёгонамон думболаи фурӯғи хуршед гирифта, гом ба саҳнаи таърих гузошта, доро ба ному мақом, мазалат будаанд. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо давлати зебо, рушдёбандаву пешрафтааст, ки аз дарёчаи хурди кӯҳӣ ба уқёнуси бузург, аз давлати хурд ба ҷаҳони бузург роҳ ёфта, дар пешниҳоду ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ қатори давлатҳои бузург дар Созмони Миллали Муттаҳид мавқеи хос дорад.
Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ медонад: сулҳофарӣ ҳам ҳунар аст, маҳорату ҷасорат, мардонагӣ мехоҳад. Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ҳис мекунад, ки фарзанди фарзона ва содиқ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаи мушкилтарин, ки тамоми манотиқи кишварро оташи ҷанги оламсӯз фаро гирифта буд, бо истеъдоди фавқулода, ҷаҳду талошҳои пайваста сулҳ овард, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ орзуи онро дошт.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз суханрониҳояш ба Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ишора намуда, гуфтааст: "Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шуданд, ғайриимкон менамуд. Зеро ҳанӯз оташи ҷанг аланга мезад ва кишвар харобазор гашта, садҳо ҳазор шаҳрвандони мо дур аз ватан ва сарсону саргардон умр ба сар мебурданд.
Вазъият боз аз он сабаб печидаву мураккаб буд, ки сохторҳои асосии ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, шуълаи умед дар дилам лаҳзае хомӯш намешуд. Ман ба раҳми Парвардигор, ба хиради азаливу иродаи неки халқам бовар доштам ва ҳамеша ба неруҳои солим ва рӯҳи сулҳхоҳонаи миллати тоҷик такя менамудам. Аз ин лиҳоз, дар ин лаҳзаҳои таърихӣ бори дигар дар назди халқи куҳанбунёду солори тоҷик сари таъзим фуруд меорам”.
Бо сарварии ин Роҳбари хирадманд ва соҳибистеъдод Тоҷикистони азизи мо рӯз аз рӯз симои худро дигар карда, пуршукӯҳтар, фараҳбахштар ва дилкаштар мегардад. Ҳар сол ба садҳо иншоотҳо дар ҳудуди кишвар Сарвари давлат хишти аввал мегузорад. Шоир дар ин боб фармудааст:
 
Хишти аввал монд сарвар,
мамлакат обод гашт,
Қасрҳову кӯшкҳои нав ба
нав бунёд гашт.
 
Бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зебодиёри мо-Тоҷикистон имрӯз бо хуштарҳу зебоӣ зеби дунё шуда, ҳазорҳо хориҷиёну сайёҳон аз тамошои он ҳаловат мебаранд.
Б. САЙДАЛИЕВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дастоварди бузурги миллат

Дастоварди бузурги миллат

Ҳуқуқу амният
Фактҳо аз Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олӣ

Фактҳо аз Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олӣ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Пешвои сулҳофар

Пешвои сулҳофар

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ваҳдат - шоҳсутуни миллат

Ваҳдат - шоҳсутуни миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Пешвои  миллат - раҳнамои миллат

Пешвои миллат - раҳнамои миллат

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо