Дар як сатр
» » Таҷлили Меҳргон – Иди фаровонӣ (акс+видео)

Таҷлили Меҳргон – Иди фаровонӣ (акс+видео)

18-12-2015, 08:15


Таҷлили Меҳргон – Иди фаровонӣ (акс+видео)

15 декабр дар шаҳри Қӯрғонтеппа Меҳргон - яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинаҷод, ки маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё шуд, бо шаҳомати хос таҷлил гардид. Дар хиёбони Ваҳдати шаҳр намояндагони ҳамаи 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, инчунин идораҳои кишоварзию ҳифзи муҳити зисти вилоят беҳтарин намунаҳои маводи кишоварзӣ ва маҳсулоти дар корхонаҳои истеҳсолӣ тавлидгаштаи худро манзури тамошогарон намуданд.


Новобаста аз сардии ҳаво, ҳазорҳо нафар аз сокинони маҳаллӣ ва меҳмонон ба тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии вилоят омада, аз заҳамоти барзгарони хатлонӣ, инчунин онҳое, ки дар корхонаҳои истеҳсолӣ ба коркарди маводи кишоварзӣ машғуланд, ситоиш мекарданд. Фазои намоишгоҳ дар воқеъ иди фаровонӣ, ситоишу ниёиши меҳр, рамзи аҳду паймон, ваҳдату ягонагӣ, дӯстиву муҳаббатро мемонд. Ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд.

Дар баробари кишоварзони беҳтарин, инчунин ҷавонон бо шиору овезаҳо ва расми Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат аз майдон гузашта, пуштибонии ҳамаҷонибаи худро аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» баён доштанд.

Таҷлили Меҳргон – Иди фаровонӣ (акс+видео)


Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва ҳайати ҳамроҳонаш аз намоишгоҳ дидан карда, бо маҳсули дастранҷи деҳқонони вилоят шинос шуд ва ба онҳо баҳои баланд дод.

Сипас, дар «Кохи Лоҳутӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа маросими тантанавии таҷлили Меҳргон ва эълони беҳтаринҳои соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар оғоз Д. Гулмаҳмадзода ба сухан баромада, қабули Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро барои мардуми вилоят табрик гуфт.

- Мардуми мо ҳанӯз дар соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвои миллии худро шинохт ва инак, 23 сол аст, ки дар атрофи ин нобиғаи замон сарҷамъ омада, собитқадамона барои рушди устувори кишвари азизамон пеш меравад, - зикр кард раиси вилоят. – Маҳз ҳамин шахсияти таърихӣ, пешвои хирадманд буд, ки тавонист давлатро аз фаноёбӣ, миллатро аз парешонӣ наҷот дода, иқтисоди фалаҷгаштаи кишварро барқарору пешрафта кунад. Ман аз тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон, барои таҳияи Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат» ва ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои башаклдарорӣ ва қабули ин қонун миннатдории хешро баён мекунам.

Таҷлили Меҳргон – Иди фаровонӣ (акс+видео)


Дар идома Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳозиринро бо ҷашни Меҳргон таҳният гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки Меҳргонро таърихи беш аз сеҳазорсола дорад. Меҳр номи офтоб буда, дар ойини Сосониён дар Меҳрмоҳ тоҷеро, ки сурати Офтоб дар он буд, ба сар мегузоштанд. Ниёгони мо дар ин рӯз сару либоси идонаи арғувонӣ мепӯшиданд ва ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд. Суфраи ҷашни Меҳргон бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда менамуданд. Дар рӯйи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва бӯйҳои хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад. Хулоса, Меҳргон баробари инкишофи зироатчигӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, иди ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон аст.

Бо дар назардошти ин, Меҳргонро бештар ба унвони ҷашни кишоварзон мешиносанд. Ҳар сол дар ҷашнгоҳҳо намоишгоҳи анвои мухталифи меваю сабзавот, консерву оби мева ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маъраз гузошта шуда, базму тамошоҳо барпо мешавад.

Таҷлили Меҳргон – Иди фаровонӣ (акс+видео)


- Таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш оварда, эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад, - зикр кард Д. Гулмаҳмадзода дар паёми шодбошии худ. - Кишоварзони вилоят баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар амалӣ сохтани сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқавории мамлакат иҷроиши барномаҳои соҳавӣ, афзун гардонидани самаранокии истеҳсолот ва рушди инноватсионии соҳаи кишоварзӣ қадамҳои устувор гузошта, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 10 миллиарду 482 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба қадри 245,9 миллион сомонӣ бештар аст.

Яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии вилоят ғаллакорӣ ба шумор рафта, соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз майдони 201 ҳазор гектар 836,3 ҳазор тонна ғалладона истеҳсол гардида, ҳосилнокии он ба 41,6-сентнерӣ расонида шуд.

Соҳаи пахтакорӣ низ яке соҳаҳои афзалиятдор аст. Тавре аз маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилоят бармеояд, соли равон 261 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст. Пахтакорони шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Бохтар, Данғара, Ҷиликӯл, Ёвон, А.Ҷомӣ, Шаҳритус, Вахш, Хуросон, Панҷ ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дурнаморо сарбаландона иҷро намуданд.

Д. Гулмаҳмадзода дар идома ҳамчунин зикр кард, ки имсол дар вилоят истеҳсоли сабзавот ба 873,7 ҳазор тонна расида, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 247-сентнериро ташкил дод. Истеҳсоли полезӣ ба 432 ҳазор тонна расида, ҳосилнокии он 259-сентнериро ташкил намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 33 ҳазор тонна ва ҳосилнокии он 10-сентнерӣ зиёд мебошад.

Таҷлили Меҳргон – Иди фаровонӣ (акс+видео)


Дар ин давра аз майдони 11,5 ҳазор гектар картошка ҷамъоварӣ гардида, 241 ҳазор тонна картошкаи хушсифат истеҳсол карда шуд.

- Картошкапарварони вилоят дар давоми сол тавонистанд мушкилоти соҳаи картошкапарвариро дар вилояти Хатлон ҳаллу фасл намоянд, - афзуд раиси вилоят. - Имрӯз нарху навои арзон дар бозорҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки деҳқонони вилояти Хатлон дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилоятро зарур аст, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба кори картошкапарварӣ ва полезикорӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Боиси дастгирист, ки кишоварзони ноҳияи Муъминобод тасмим гирифтаанд, ки соли оянда майдони кишти картошкаро ду баробар зиёд намуда, ба 1500 гектар расонанд. Қаблан ман миннатдории хешро ба картошкапарварони ноҳияи Муъминобод мерасонам.

Дар истеҳсоли сабзавоту полезӣ бошад, кори хуби кишоварзони ноҳияҳои Қумсангир, Ёвон, Восеъ, Ҳамадонӣ, Бохтар, Вахш, Данғара, Ҷиликӯл ва Шаҳритус боиси таҳсину офарин мебошад.

Дар давоми 5 соли охир дар вилоят 26,9 ҳазор гектар боғу токзор бунёд карда шуд, ки 118,5 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Дар таъмини иҷрои барнома ноҳияҳои Данғара, Хуросон, Ёвон, Муъминобод, Темурмалик, Ховалинг, Балҷувон ва Шӯрообод саҳми арзандаи худро гузоштанд. Кишоварзон моҳияти бунёд кардани боғҳои интенсивиро дуруст дарк кардаанд. То ин давра дар ноҳияҳои Хуросон, Муъминобод, Шӯрообод, Ховалинг 127 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд карда шуд.

Соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар майдони 1415,1 гектар боғҳои нав бунёд ва 154,2 гектар боғу токзорҳои куҳна барқарор карда шуда, 142,1 ҳазор тонна мевагӣ ва 91,7 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта аз 3 то 9,3-фоизӣ зиёд мебошад.

Таҷлили Меҳргон – Иди фаровонӣ (акс+видео)


- Номусоид омадани боду ҳавои моҳи феврали соли ҷорӣ таъсири манфии худро ба ҳосили боғу токзорҳои вилояти Суғд расонид, - идома дод Д. Гулмаҳмадзода. - Вобаста ба ин, бо дархост ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои зарари офати табиӣ бо боғпарварони вилояти Суғд ҳамкориҳои судманд роҳандозӣ гардида, зиёда аз 4000 тонна мевагиҳо хушк карда шуд. Ҳамкориҳои мазкур аз як тараф нишонаи ваҳдату дастгирии ду вилояти бо ҳам дӯсту бародар дар ҳолатҳои ногувор бошад, аз тарафи дигар кишоварзони вилояти Хатлон таҷрибаи пешқадами хушконидани мева ва технологияи боғдориро омӯхтанд. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ҷиҳати бунёди коргоҳу корхонаҳои коркарди саноатии меваҷоту сабзавот тадбирҳои заруриро амалӣ созанд.

Тибқи дурнамо, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 90,2 ҳазор гектар замин барои гузаронидани кишти такрорӣ пешбинӣ гардида, дар майдони 91,9 ҳазор гектар кишт гузаронида шуд, ки ба 101,9 фоизи дурнамо баробар аст.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ, мувофиқи маълумоти оморӣ, то 1 декабри соли 2015 аз ҳисоби кишти такрорӣ дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 28,3 ҳазор тонна зироатҳои ғалладона, 16 ҳазор тонна шолӣ, 43,1 ҳазор тонна ҷуворимаккаи дон, 69 ҳазор тонна сабзавот ва 48,9 ҳазор тонна полезӣ истеҳсол карда шуд.

Таҷлили Меҳргон – Иди фаровонӣ (акс+видео)


Сабзавоткории барвақтӣ ва истифодаи васеи гармхонаҳо боиси рӯёнидани ҳосил дар тамоми фаслҳои сол ва омили ташкили ҷойҳои нави кориву баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Бояд гуфт, ки дар вилоят 88 гектар гармхонаҳои доимӣ мавҷуд буда, аз он 60 гектар истифода бурда мешавад. Ғайр аз ин, дар майдони 377 гектар гармхонаҳои мавсимӣ ҳамасола фаъолият намуда, дар маҷмӯъ зиёда аз 5 ҳазор тонна сабзавоти тару тоза истеҳсол карданд. Дар ин ҷода кишоварзони соҳибтаҷрибаи ноҳияи Ёвон дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ масоҳати гармхонаҳоро ба 49 гектар расонида, сохтмони сардхонаро барои нигоҳдории 3000 тонна маҳсулот ба нақша гирифтаанд. Алҳол сохтмони 196 гармхона ба анҷом расида, дар 176 гармхона истеҳсоли маҳсулоти барвақтӣ шурӯъ карда, ба ҳисоби миёна аз ҳар як гектари он қариб 50 тонна маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

Вале, ба таъкиди раиси вилоят, захираву имкониятҳои Хатлон барои зиёд намудани майдони гармхонаҳо, кишти тирамоҳию барвақтӣ ва такрории зироатҳо, аз ҷумла сабзавоту картошка, хеле калон аст.

Ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 6500 гектар заминҳои бекорхобида, ки аз ноҳияи Қумсангир ба ҶДММ Иттиҳоди Аграрии «Водии Заррин» дода шуда буд, 266 гектари он ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, дар майдони 26 гектар картошка, 40 гектар сабзӣ ва 200 гектар шолӣ кишт карда шуд. Ба ширкати муштараки Тоҷикистону Хитой ҶСП «Чунтай-Хатлон Синсилу» аз ноҳияҳои Данғара, Ҷиликӯл, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав тибқи шартнома 12290 гектар замин ҷудо карда шуда, дар 726 гектари он пахта кишт намуданд. Дар натиҷаи пурра амалӣ гардонидани ин ҳадафҳо дар ноҳияҳои зикргардида майдони умумии заминҳои обӣ афзуда, ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ шароити мусоид фароҳам омад.

Боиси хушнудист, ки мелиораторони вилоят соли ҷорӣ пурсамар меҳнат намуда, саривақт кишоварзонро бо об таъмин намуданд. Дар ягон шаҳру ноҳия мушкилиҳои ҷиддӣ мушоҳида нагардид.

- Имрӯз нарху навои арзони гӯшт дар бозорҳо гувоҳӣ медиҳад, ки чорводорони вилояти Хатлон дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, - зикр кард Д. Гулмаҳмадзода. - Тибқи маълумотҳои оморӣ, то 1 декабри соли 2015 чорвои калони шохдор ба 863 ҳазор сар, модагов 443 ҳазор сар, гӯсфанду буз 2 миллиону 71 ҳазор сар, асп 57 ҳазор сар, парранда 1 миллиону 635 ҳазор сар ва занбӯри асал ба 56,2 ҳазор оила расонида шуд. Дар ин давра истеҳсоли гӯшт ба 94,4 ҳазор тонна, шир 367 ҳазор тонна, пашм 4,2 ҳазор тонна, асал 895,8 тонна ва тухм ба 58 миллиону 646 ҳазор дона расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта аз 1,7 то 4,4 фоиз зиёд мебошад.

Бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ дар шаҳру ноҳияҳои Сарбанд, Панҷ, Данғара, Ёвон, Муъминобод фабрикаҳои замонавии паррандапарварӣ ташкил карда шуда, аҳолиро бо маҳсулоти худӣ (тухм, гушти мурғ) таъмин менамоянд.

Соҳаи моҳипарварӣ низ торафт рушд ёфта, теъдоди хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба зиёда аз 150 адад расонида шуд. Имсол аз масоҳати 1768 гектар кӯлу ҳавзҳои моҳипарварӣ 1014 тонна моҳӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3 тонна зиёд мебошад.

Барои татбиқи «Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016» чорабиниҳои саривақтӣ андешида, теъдоди оилаҳои занбӯри асал ба 56,2 ҳазор адад расонда шуда, дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ 895,8 тонна асал истеҳсол гардид, ки 105,8 фоизи иҷрои дурнамо ташкил медиҳад.

Раиси вилоят таъкид кард, ки ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории мамлакат чорводорони вилоят бояд ба соҳаи зотпарварӣ диққати ҷиддӣ дода, маҳсулнокии соҳаро баланд бардоранд.

Дар фароварди сухани худ Д. Гулмаҳмадзода зикр кард, ки маҳз бо меҳнату заҳмати бепоёни кишоварзон вилояти Хатлонро бо нону гандум ва тарбузу харбузаи лалмии шаҳдбори Данғара, сабзавоти тару тоза, хусусан пиёзу лиму ва қулфинайи Қумсангиру Вахш, боғу токзорҳои шаҳдбори Данғараю Хуросон, анору харбузаи Ҷиликӯлу Норак, бодомҳои хуштаъми Қубодиёну Шаҳритус, олу ва шафтолуҳои рангоранги Ҷалолиддини Румӣ, пахтакорони забардасти Бохтару Ёвон, пистаҳои хандони Фархору Панҷ, картошкаҳои болаззати Муъминободу Ховалинг, асали хуштаъми Балҷувону Шӯрообод натанҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ, балки берун аз он мешиносанд.

Сипас, Қурбон Ҳакимзода, муовини якуми раиси вилояти Хатлон, эълон кард, ки дар доираи омодагиҳо баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Меҳргон комиссияи тадорукот таъсис дода шуда, барои қадршиносии меҳнати беҳтарин кормандони соҳаи кишоварзӣ ва собиқадорони соҳа 75 номгӯи мукофот омода шудааст. Аъзои кумитаи тадорукот пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳо ва нишондиҳандаҳои соҳаҳои алоҳидаи кишоварзиро ба инобат гирифта, беҳтаринҳои соҳаро муайян карданд ва аз ҷониби Д. Гулмаҳмадзода онҳо бо Сипосномаи раиси вилоят ва мукофоти молӣ (телевизор) сарфароз гардонида шуданд.

Таҷлили Меҳргон – Иди фаровонӣ (акс+видео)


Инчунин барои иҷрои нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ, афзун намудани ҳаҷми маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, иштироки фаъолонаи кишоварзон дар чорабиниҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ноҳияи Бохтар сазовори ҷойи якум дониста шуда, бо 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуд. Ноҳияҳои Шӯрообод сазовори ҷойи дуюм (15000 сомонӣ мукофотпулӣ) ва Сарбанду Вахш сазовори ҷойи сеюм (10000 сомонӣ мукофотпулӣ) дониста шуданд.

Кумитаи тадорукот беҳтаринҳои соҳаро, ки бо Сипосномаи раиси вилоят ва мукофоти молӣ (телевизор) сарфароз гардонида шуданд, эълон намуд:

«Тухмипарвари беҳтарин» - Бегматов Абдураҳмон, аз хоҷагии тухмипарварии ба номи Ҷалолиддини Румӣ, ноҳияи Темурмалик (захираи тухмии гандум - 71 тонна, ҳосилнокии гандумро ба 35,4 сентнер расонидааст);

«Пахтакори беҳтарин» - Шодмонов Турдӣ, аз хоҷагии деҳқонии «Шоҳзамонбобо»-и ноҳияи Шаҳритус (аз майдони 40 гектар 46-сентнерӣ ҳосил ба даст овардааст);

«Ғаллакори беҳтарин» -
Сафаров Шомурод, аз хоҷагии деҳқонии «Одина-4» аз ноҳияи А. Ҷомӣ (аз майдони 4 гектар 25 тонна ғалла истеҳсол намудааст, ки ҳосилнокии он 62-сентнериро ташкил медиҳад);

«Шоликори беҳтарин» - Одинаев Султонмаҳмад, аз хоҷагии деҳқонии «Султон»-и ноҳияи Қубодиён (дар майдони 10 гектар 40 тонна шолӣ истеҳсол намудааст);

«Боғпарвари беҳтарин» - Азизов Ҳамид, роҳбари хоҷагии деҳқонии Асадуллои ноҳияи Хуросон (аз майдони 5 гектар боғи нав 112 тонна мева истеҳсол намудааст, ки ҳосилнокиро ба 224-сентнерӣ расонидааст);

«Сабзавоткори беҳтарин» -
Мирзоев Саид, аз хоҷагии деҳқонии «Марв»-и ноҳияи Кумсангир (аз майдони 36 гектар ба ҳисоби миёна 450-сентнерӣ сабзавот истеҳсол намудааст);

«Полезикори беҳтарин» - Холматов Икром, аз хоҷагии деҳқонии «Сомон»-и ноҳияи Н. Хусрав (аз майдони 2 гектар 300-сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намудааст);

«Картошкапарвари беҳтарин»
- Алиев Раҳматшо, аз хоҷагии деҳқонии «Қадамшоҳ»-и ноҳияи Муъминобод;

«Лимупарвари беҳтарин» - Тоиров Абдураҳим, аз хоҷагии деҳқонии «Ансорӣ»-и ноҳияи Қумсангир (аз майдони 0,50 гектар гармхона 15 тонна лиму истеҳсол намудааст. Собиқаи кории 25-сола дорад);

«Гулпарвари беҳтарин» - Амирхонова Шаъмигул, аз шаҳри Норак (дар майдони 0,016 гектар 40 ҳазор дона гул парвариш намудааст);

«Гармхонаи мавсимии намунавӣ» - Қушоқов Ҳоҷӣ Юнусалӣ аз шаҳри Қӯрғонтеппа (дар майдони 0,30 гектар гармхона 20 тонна сабзавот истеҳсол намудааст);

«Гармхонаи доимии намунавӣ» - Гулов Абдузоир аз шаҳри Норак (дар майдони умумии 12 гектар 218 тонна сабзавот истеҳсол намуда, ҳосилнокии онро ба 363-сентнерӣ расонидааст);

«Механизатори беҳтарин» - Ҳамидов Сафар аз Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб (дар ин давра 360 гектар заминҳоро шургор намуда, 650 гектар корҳои нармкунӣ баанҷом расонидааст. Собиқаи кории 38-сола дар соҳаи мазкур дорад);

«Кооперативи кишоварзии беҳтарин» - кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» аз ноҳияи Данғара (дар кооперативи мазкур ҳосилнокии гандум 51 сентнер, сабзавот 550, пахта 42 ва ангур 95-сентнериро ташкил менамояд);

«Хоҷагии деҳқонии беҳтарин» - хоҷагии деҳқонии «Раҳмонҷон» аз ноҳияи Данғара (дар хоҷагии мазкур ҳосилнокии сабзавотро ба 560 сентнер, картошка 300, пахта 32, гандум 50-сентнерӣ расонидаанд);

«Чорводори беҳтарин» - Алиев Нарзулло, сарзоотехники ширкати Исмоили Сомонӣ, аз ноҳияи Ҷ. Румӣ (аз 69 сар модагов 52 сар гӯсола гирифтааст, ки ба сад сар 75-сарӣ, истеҳсоли шир - 83,5 тонна, ба як сар чорво 1210 кг ташкил медиҳад);

«Говҷӯши беҳтарин» - Шарипова Қурбонгул, аз «Баракати Ёвон» ноҳияи Ёвон (аз 16 сар модагови вобасташуда 3847 литр аз ҳар сар модагов дӯшидааст);

«Сарчӯпони беҳтарин» - Сайдалов Ғуломалӣ, аз хоҷагии деҳқони «Сомониён»-и ноҳияи Фархор (аз сад сар меш 105 сар барра ба даст овардааст);

«Асппарвари беҳтарин» - Маҳмадуллоев Назаралӣ, аз ноҳияи Балҷувон (соли ҷорӣ 15 сар тойча гирифтааст, ки ба 100 сар 61-сариро ташкил медиҳад);

«Занбӯрпарвари беҳтарин» - Раҳматшоев Рустам аз ноҳияи Восеъ (аз 550 оила 17 тонна асал истеҳсол намудааст, ки ба як оила 31 кг рост меояд);

«Парандапарвари беҳтарин» - Зоидов Ҷамол, роҳбари фабрикаи парандапарварии «Панҷрӯд» ноҳияи Панҷ (саршумори парандаро ба 13,3 ҳазор сар нигоҳубин карда мешавад, ки дар ин давра истеҳсоли гӯштро ба 30 тонна расонидааст);

«Моҳипарвари беҳтарин» - Сараев Раҳим, роҳбари хоҷагии моҳипарварии «Чубек»-и ноҳияи Ҳамадонӣ (истеҳсоли моҳиро соли ҷорӣ ба 258 тонна расонидааст. Масоҳати ҳавзу кӯлҳо 159 гектарро ташкил менамояд);

«Пилапарвари беҳтарин» - Самадов Латиф, аз Ҷамоати деҳоти «Ҷомбахт»-и ноҳияи Ховалинг (аз як қуттӣ ба ҳисоби миёна 90 кг пилла истеҳсол намудааст);

«Фермаи ширию молии намунавӣ» - Холов Иноят, роҳбари хоҷагии зотпарварии «Саодат»-и ноҳияи Хуросон (фермаи навтаъсис 468 сар чорвои калони шохдори зоти сименталиро парвариш менамояд, ширдӯшӣ аз як сар модагов 6115 литрро ташкил менамояд);

«Фермаи гӯштии намунавӣ» - хоҷагии зотпарварии ҶСП «Баракати Ёвон» аз ноҳияи Ёвон (истеҳсоли гӯштро то ин давра 227 тонна расонидааст. Вазни миёнаи ҳар як сар чорво 653 кг-ро ташкил менамояд);

«Фермаи намунавии чорвои майдаи шохдор» - Қодиров Ёдгор, мудири фермаи № 2-и Кооперативи истеҳсолии «Чорводор»-и ноҳияи Вахш (дар ферма 8309 сар чорвои майдаи шохдор парвариш ёфта, 4050 сар барра гирифта шудааст);

«Ҷангалпарвари беҳтарин» - Ёраҳмадов Маҳмудҷон, роҳбари муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали «Даштиҷум»-и ноҳияи Шӯрообод (майдони умумии хоҷагӣ 52,8 гектарро ташкил намуда, соли ҷорӣ 27 гектар ҷангалзорҳоро барқарор намудааст);

«Мутахассиси беҳтарини муҳофизати растаниҳо» - Назаров Исмоил, мудири озмоишгоҳи биологии ноҳияи Фархор;

«Мутахассиси беҳтарин оид ба мубориза бар зидди малах» - Арзаев Равшан, мутахассиси соҳа аз ноҳияи Шаҳритус;

«Мелиоратори беҳтарин» - Имомов Бобохуҷа, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷиликӯл.

Инчунин нафарони зерин «олимони беҳтарини соҳа» эълон шуданд:

Таҷлили Меҳргон – Иди фаровонӣ (акс+видео)


Сангинов Абдуҷалил - сардори шуъбаи селексияи пахтаи маҳиннахи филиали Институти зироаткорӣ дар вилояти Хатлон, номзади илмҳои кишоварзӣ, аз шаҳри Қӯрғонтеппа, Гулов Сайдалӣ Маъмурович - директори Маркази такмили ихтисоси кормандони комплекси агросаноатии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор, Камолов Нурмаҳмад - муовини директори Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ, Давлатов Маҳмадӣ - агроном-тухмипарвари шуъбаи картошкапарварии Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон.

Ба ҷуз ин, ба чанде аз кормандони васоити ахбори умум, ки дар инъикоси соҳа бештар саҳмгузор буданд, низ мукофотҳо дода шуд.

«ХАТЛОН»,

бознашр аз шумораи №47



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% дар ноҳияи Н. Хусрав

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% дар ноҳияи Н. Хусрав

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Барои ободии Тоҷикистон заҳмати бештар мебояд

Барои ободии Тоҷикистон заҳмати бештар мебояд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)

Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)

Арсаи кишоварзӣ, Матолиби чандрасонаӣ, АСАЛМО САФАРОВА
АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

Матолиби чандрасонаӣ
Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Иқтисоду тиҷорат