Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Роҳандозии 153 намуди маҳсулоти саноатӣ дар Хатлон


Роҳандозии 153 намуди маҳсулоти саноатӣ дар Хатлон



Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилояти Хатлон нисбат ба соли 1991 зиёда аз ду баробар таъмин гардида, дар ин давра саноатчиёни вилоят ба маблағи 8,8 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.

авре аз таҳлилҳо бармеояд, соли 1991 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ 75 адад корхонаи саноатӣ фаъолият менамуданд, ки ин шумора дар соли 2021 ба 625 адад расонида шуда, дар ин давра беш аз 550 адад коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, ҳазорҳо ҷойҳои кории доимӣ таъсис ёфтаанд.

Соли равон номгӯи маҳсулоти саноатӣ, дар вилоят ба 153 намуд расонида шуд, ки ин нишондод дар қиёс ба соли 1991-ум 62 номгӯй зиёд буда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, дар ин давра 2,5 баробар ва теъдоди корхонаҳои нав – 8,3 баробар афзуда, танҳо дар давоми 2 соли охир дар вилоят истеҳсоли 13 намуд маҳсулоти нави саноатӣ ба роҳ монда шудааст.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода