Дар як сатр
» » Умри 70-солаи устод беҳуда нагузашт

Умри 70-солаи устод беҳуда нагузашт

25-11-2015, 08:16



Зиндагӣ чист? Хатест миёни оғозу анҷом, аз оғози будан то лаҳзаи фано. Аммо барои шахсони баргузида зиндагӣ як масири созандагӣ, масири сохтану сӯхтан ва аз худ ном боқӣ гузоштан аст. Дарки маънии аслии зиндагӣ ва ҳақиқати дар ҳақиқат будан танҳо барои нафароне даст медиҳад, ки вуҷудашон саршори покӣ ва рисолаташон хидмат ба мардум, тарбияти одамият бошад.
Умри 70-солаи устод беҳуда нагузашт
Устод Саид Толибов аз зумраи маҳз ҳамин гуна нафарони баргузида буд, ки умри қариб 70-солаи худро сарфи таълиму тарбият кард.

Таззодест, ки зиндагӣ ин гуна ашхосро дар имтиҳони ҳамешагӣ қарор медиҳад. Маҳз инсонҳое бо ин гуна замири фурӯзон ва иродаи сангин метавонанд дар қиболи чунин имтиҳонҳои вазнин, шикастанҳову рехтанҳо боз сар боло кунанд…

Табассуми доимии малеҳи устод Толибов, ки дар ростои шикастҳову мусибатҳои азиме, ки тӯли ин солҳо бар сарашон омаданд, бозгӯйи он буд. Устод гӯё ба ин ҳама сахтиҳои зиндагӣ таҳаммул мекард ва мани шогирд ҳар лаҳза аз ин табассум паёме ба тақдир, ба ноомаду мусибатҳо мехондам: «Ман мардам ва ин ҳамаро бо шукр, мардона паси сар мекунам».

Воқеан, барои мард вазнинтар аз марги фарзандон мусибату дарди сангине нест. Зиндагӣ барои устод Толибов беш аз пеш зулмҳо мекард, вазниниҳоро пеш меовард. Фарзандонашро дар овони тифлӣ аз ӯ мерабуд. Фарзанди баркамолаш Лашкар яке аз аввалин қурбониҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки дар овони навҷавониаш, дар рӯзҳои аввали ин ҷанг аз тири дайду ба ҳалокат расид. Фарзанди дигараш Аскар чанд сол пеш аз беморӣ фавтид, марг ҳамсарашро низ аз ӯ гирифт… Аммо ӯ боз ҳам сабр менамуд, табассуми малеҳашро ҳеҷ гоҳ аз лабонаш дур намекард...

Саид Толибов баъди хатми омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ба Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе дохил шуда, онро бо ихтисоси омӯзгори фанни таърих хатм намудааст. Фаъ-олияти худро дар мактаби миёнаи ноҳияҳои Фархор ва Бохтар, ҷамоати деҳоти «Бӯстонқалъа»-и ноҳияи Бохтар дар филиали Донишкадаи педагогии Душанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппа давом дода, солҳои тӯлонӣ дар вазифаи раиси иттифоқи касабаи ин муассисаи таълимӣ фаъолият намуда, ҳамчунин ба ҳайси омӯзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ аз фанни таърихи дин дарс гуфта, донишҷӯёнро бо таърихи адёни ҷаҳонӣ ошно намудааст.

Сарфи назар, аз ҳама шебу фарози рӯзгор устод Толибов ҳамчун шахсияти хирадманду комил миёни ҳамкорону шогирдон мавқеи устувори худро доро буду дар масоили гуногун бо пешниҳодҳои наву тоза баромад мекард. Маҳз бо ташаббуси устод Толибов баҳри ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии донишҷӯёну ҳайати омӯзгорону профессорони Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав як қатор тасмимҳои иҷтимоӣ гирифта шуд, ки бешубҳа, нуфузи ин созмонро ба маротиб боло бурда, феълан дар ин муассиса ба ҳукми анъана даромадааст.
Носири Хусрави Қубодиёнӣ барҳақ дар васфи чунин мардон мефармоянд:

Шамс чун пайдо шавад, офоқ аз ӯ равшан шавад,

Мард агар доно шавад, дил дар бараш дарё шавад.


Вақте баъди хатми донишгоҳ ба кафедраи «Фалсафа ва сиёсатшиносӣ»-и ДДҚ ба номи Носири Хусрав ба кор омадам, устод Саид Толибов бо ҳамон табассуми малеҳ панде бароям дод, ки то имрӯз бароям коромад аст: «Писарам, донишгоҳ, илм сарсупурдагӣ мехоҳад, бояд мо дар сарсупурдагӣ аз аввалинҳобошем, чунки донишҷӯ дар қатори илм, боз рафтору кирдори моро меомӯзад ва агар писандаш ояд, онро дар зиндагиаш ба худ интихоб мекунад, инро ҳеч гоҳ фаромӯш накун!»

Чанде пеш устод ғайриодат ба маҷлиси кафедра омада натавонист. Ҳамкорон хавотир шуданд ва ба устод занг заданд. Аз он сӯи гӯшӣ боз ҳам садои форами устод расид: «Ман сиҳату саломатам, ташвиш набошед» ва хандаи доимиашон садо дод. Ҳамагон хотирҷамъ шуданд. Аммо яке аз ҳамкоронро, ки дар ҳамсоягии устод мезист, муваззаф кардем, то аз аҳволи устод хабар бигирад.

Фардо ӯ хабар овард, ки як тарафи бадани устод бар асари фишори баланд аз кор мондааст…

Ин хабар моро хиҷил кард, вале боз маро матонату мардонагии устод бар ин имтиҳони навбатии зиндагӣ дар ҳайрат гузошт…

Чанд рӯз пеш бо ҳамкорон дар кафедра машғули таҳияи ҳуҷҷате будем. Ҳуҷҷати устод сари даст омад ва маълум гашт, ки соли оянда ӯ ба синни мубораки 70 мерасид ва ҳама тасмим гирифтем, ки онро бо як шукӯҳи хоса таҷлил бикунем. Аммо…

Аммо субҳи барвақти рӯзи 29 октябр хабар расид, ки устод аз дунё гузаштанд.

Сад дареғ, ки умр ба устод вафо накард ва оҷизии банни инсон назди аҷал бори дигар исбот шуд.

Ҳарчанд устод Толибов аз байни мо рафта бошад ҳам, табассуми малеҳ ва меҳри он кас дар дили мо - шогирдон, аъзои кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ ва кулли устодони ДДҚ ба номи Носири Хусрав ҷовидонӣ боқӣ мемонад, чунки шоир барҳақ барои чунин ашхос гуфтааст:

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро!


Раёсат, устодону кормандон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва аъзои кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДДҚ ба номи Носири Хусрав ба аҳли оилаи маҳрум изҳори тасаллият намуда, аз даргоҳи Худованд барояшон сабр ва ба устоди равоншод охирати обод таманно мекунанд.

Абӯбакри ФАЙЗАЛӢ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Баҳси омӯзгору шогирд бо чӣ анҷом меёбад?

Баҳси омӯзгору шогирд бо чӣ анҷом меёбад?

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
«Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ рӯйи чоп омад

«Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ рӯйи чоп омад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист…

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист…

Маориф ва илм
Омӯзгори соҳибиззат

Омӯзгори соҳибиззат

Маориф ва илм
Ақлимо Давроновна -- омӯзгоре бо ҳарфҳои бузург

Ақлимо Давроновна -- омӯзгоре бо ҳарфҳои бузург

Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА