Дар як сатр
» » Эҳтироми Парчам эҳтиром ба давлату миллат аст

Эҳтироми Парчам эҳтиром ба давлату миллат аст

24-11-2015, 08:00



Эҳтироми Парчам эҳтиром ба давлату миллат аст

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ба муносибати рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҳамдиёрони азиз!

Ҳамасола мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон Рӯзи Парчами давлатиро ҳамчун яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон дар фазои сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва садоқат ба ормонҳои чандинасраи халқамон таҷлил менамояд.

Дар арафаи ин ҷашни бузург ҳамаи шумо - мардуми баору номус ва сарбаланду заҳматкаши вилоятро аз самими қалб таб-рику муборакбод гуфта, бароятон хушбахтии рӯзгор, тинҷиву осудагӣ ва барору комёбиҳо орзу менамоям.

Парчами давлатии мо ҳамчун ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои миллати куҳанбунёди тоҷик, ки таърихи бою рангини чандинҳазорсола дорад, аз гузаштаҳои дури таърих сарчашма мегирад. Таърих собит намудааст, ки қавмҳои ориёӣ яке аз аввалинҳо шуда ойини парчамдориро ба вуҷуд овардаанд. Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то ба имрӯз боқӣ мондаанд, аз ин гувоҳӣ медиҳанд.

Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърихи қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафше будаанд, ки мавҷудияти давлатдории онҳоро ифода мекард. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда мешавад. Дирафши Ковиён то замони суқути давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони тоҷикон буд. Дар даврони Сосониён шакли он тағйир ёфта, дар қисми болои он таҷассуми парандаи заррин - мурғи ҳумо ҷой дода мешуд ва дар бахши мураббаи он қиматтарин сангҳо насб мегардиданд. Тавре ки дар «Шоҳнома» омадааст, ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо дирафши хоси худро доштаанд.

Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат буд ва ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо кардаанд. Дар ин замина, мо метавонем аз таърихи пурифтихори парафшонии парчамҳои Балхи бостонӣ, парчамбардории замони Кова, шоҳ Фаридун ва дигар сулолаҳои баъдинаи тоҷикон, ки нишонаи шаъну шарафи гузаштагони некномамон мебошанд, ёдовар шавем.

Боиси ифтихор аст, ки мардуми мо соҳиби суннату анъанаҳои бостонии парчамдорӣ ба шумор меравад. Миллати сарбаланди тоҷик тӯли ҳазорсолаҳо дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу душвори таърихӣ зери парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоя кардаанд. Парчами давлатӣ барои мо як пораи одии матоъ набуда, балки дар он даъват ба муттаҳидӣ, ваҳдат, ғайрату номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум ва саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар таҷассум гардидааст.

Мазмун ва муҳтавои Парчами давлатии мо дарбаргирандаи хусусиятҳои хоси миллӣ, ифодагари устувории давлат, нишонаи ҷоннисории фарзандони содиқи Ватан барои озодӣ ва намунаи заҳмати созандаву ободкорӣ ба хотири ободии кишвар мебошад.

Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам аз омилҳои муҳими пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарасти мамлакат ба ҳисоб меравад. Эҳтироми ливо арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, ба ниёгони тамаддунсозамон, эҳтиром ба миллат ва давлату давлатдорист. Аз ин хотир, эҳтироми Парчами миллӣ бояд дар миёни мардум ҳамчун муқаддасоти волои миллӣ пазируфта шавад.

Чуноне ки Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамояд: «Ҳар як фарди Ватанро зарур аст, ки маъно ва муҳтавои Парчами миллиро амиқан дарк намуда, бо заҳмати софдилона ва саъю талоши ватандӯстона ҷиҳати ободии сарзамини аҷдодиамон, таҳкими иқтидори иқтисодии давлати соҳибихтиёрамон ва парафшонии парчами он саҳмгузорӣ намояд».

Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг - ранги сурх-озодиву истиқлол, ранги сафед - сулҳу оромӣ, ранги сабз-ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Имсол аз афрохта шудани баландтарин пояи парчам дар пойтахти кишварамон шаш сол сипарӣ мешавад, ки он ифтихори хурду бузург ва инъикосгари эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии мардуми тоҷик буда, меҳри Парчами миллӣ ҳар яки моро ба сӯи заҳмати созанда ва ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд. Баландии манораи ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон 165 метрро ташкил медиҳад, ки мутобиқи маълумоти мутахассисон дар ҷаҳон баландтарин буда, тӯли матои рангинкамони он ба 60 метр ва паҳноиаш ба 30 метр баробар мебошад.

Дар марҳалаи навбатии рушди кишвари азизамон аз ҳар яки мо - парчамбардорони миллати тамаддунсоз, тақозо мегардад, ки азму талоши худро ба хотири пешрафту ободии Ватани муқаддасамон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи сокинони вилоят ва ҷумҳурӣ равона созем.
Бигзор парчами мо – рамзи давлатдории тоҷикон, ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси миллат дар фазои осоиштаи кишварамон то абад парафшон бошад.

Бори дигар шумо - ҳамдиёрони азизро ба муносибати ин ҷашни муқаддаси умумимиллӣ табрик менамоям.

Ҷашни Парчами миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Худшиносу ҳомии ватан бошем

Худшиносу ҳомии ватан бошем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Дар соли 2016 ба дастовардҳои бештар ноил гардем

Дар соли 2016 ба дастовардҳои бештар ноил гардем

Сиёсат, Хабарҳо
Д. Гулмаҳмадзода: Парчам матои одӣ нест (аксҳо ва видео)

Д. Гулмаҳмадзода: Парчам матои одӣ нест (аксҳо ва видео)

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Матолиби чандрасонаӣ, АМОН МАҲКАМОВ
Ҷавонони ДДҚ -  парчамбардорони давлат

Ҷавонони ДДҚ - парчамбардорони давлат

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, АМОН МАҲКАМОВ
“Аз нофаҳмиву беандешагӣ бозичаи дасти бегона нагардед”

“Аз нофаҳмиву беандешагӣ бозичаи дасти бегона нагардед”

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо