Дар як сатр
» » Фавти бармаҳали адиб Аброр Зоҳир

Фавти бармаҳали адиб Аброр Зоҳир

23-11-2015, 09:30

Яке аз сермаҳсултарин адибони муосири тоҷик Аброр Зоҳир, собиқ корманди рӯзномаи «Хатлон», дунёи фониро падруд гуфт. Маросими ҷанозаи марҳум соати 10:00 дар масҷиди маҳаллаи «Профсоюз»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Фавти бармаҳали адиб Аброр Зоҳир


Аброр Зоҳир 15 январи соли 1965 дар деҳаи Боҳтурободи шаҳри Сарбанд ба дунё омадааст. Фаъолияти корияшро соли 1982 ба ҳайси мусаҳҳеҳи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» сар карда, пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1989, дубора ба рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Хатлон» ба кор омадааст. Сипас, дар кумитаи комсомолии вилоят, ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», Иттиҳодияи ҷумҳуриявии кино ва видеои «Тоҷиккино» ба ҳайси сардори раёсат фаъолият дошт.

Соли 1998 Аброр Зоҳир сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҷаҳони паём», солҳои 2000-2004 директори телевизиони Тоҷикистон, солҳои 2004-2005 директори киностудияи «Тоҷикфилм» буд.

Пасон, то соли 2007 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ва аз соли 2007 то соли 2012 ба ҳайси директори китобхонаи марказӣ-шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият кардааст.

Аз соли 2012 то имрӯз директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и шаҳри Душанбе буд.

Аброр Зоҳир узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Иттифоқи киноматографистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст.

Аброр Зоҳир муаллифи даҳ китоб, аз ҷумла 15 роман, 20 повест, филмномаву намоишномаҳои телевизионӣ мебошад.

Аҳли қалами рӯзномаи вилоятии «Хатлон» аз реҳлати бармаҳали ҳамкори собиқи худ сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум аз даргоҳи Худованди карим сабри ҷамил хоҳонанд.


САОДАТ
(Ҳикоя)


Тифли ҳаштум низ духтар шуд, падар аз ғазаб ларзид. «Наход дар бисоти ман фарзанди нар набошад? Наход пеши қавм як умр бо сари хам монам?» Ҷавонмард оби дида рехт, аз бебарорӣ. Ҳамсараш баробари таваллуд зор–зор гирист. Доя тасаллояш дод. «Ҳоло ҷавон ҳастӣ, фарзанди нар мезоӣ, оби дида нарез!» Мард бо хашм дарро пӯшид. Тифлро дар матоъи чиркин печонда буданд.

- Гӯр, ки кардӣ, парпечро биёр, - гуфт модар, ки дар даҳлез оби дида мерехт, ба писари дар ғазабаш. Зан ба чеҳраи тифлакаш нигаристу варо ба синаи пур аз шираш пахш кард, қатраи ашк рӯйи кӯдак чакид. Чашмони дурахшони тифл ба рӯйи модари нотавону беҳуқуқ лағжид. Табассум дар лабонаш мармузу хаста падид омад. Модар лаб газиду талх гирист. Аз хушдоман ниҳон, пистон ба даҳони тифл гузошт. Тифл синаро ҳарисона макид, дар коми нармаш шир ҷӯшид.

- Бубахш, ҷону ҷигарам, аз ин пеш ҳам зора карда будам, ки падарат ақаллан яктои шуморо барои ояндаи насли одамӣ нигоҳ дорад. Ин нангро ба дӯш нагирифт. Падари мағрурат ҳафт хоҳаратро зинда ба хок супурд. Акнун навбати туст. Фардо ба мардҳои ин қавм зан лозим намешуда бошад? Ё чунон ки маро аз хонадонам дуздида, ба ин биёбон оварданд, ин кори зиштро идома медода бошанд? Ман намедонам хешу ақрабоям дар куҷо мезиянд? Вагарна як соат ин ҷо намеистодам. Бисёриҳо фирор карданд. Аммо насиби сусморҳои биёбон шуданд. Чун дар ин мурдарег хати роҳ вуҷуд надорад, то ки раҳнамоям он бошад. Азизам, ин лаҳза ман бо ту хайрбод мегӯям. Чӣ илоҷ? Ин қавм ба ҷинси шумо таваҷҷуҳ надоранд, - оби дидаи модар ба сони шир, ки дар коми тифл фағона мезад, рӯйи гунаҳои оташинаш мешорид, хати симини он лаҳзае пас чун чакрае, ки дар гӯшаҳои обҷӯшони мисин мешорад, аз ғояти тафс хушк мешуд.

Хушдоману доя, модару тифлро танҳо гузошта буданд. Ин ҳодиса дар рӯзгори онҳо низ борҳо такрор шуда буд. Ҳар ду зан модари фарзандони баркамол буданд. Яке шаш, дигаре панҷ тифлро аз ин ҷинс ба хок супурда, ҷигари сӯроху сӯхтаашон абгор буд. Қалби онҳо низ ин дам ба сони ахгар месӯхт. Чун садои тез кардани бел ба самъашон мерасид, дарун ба дарун об мешуданд. Ҳине, ки падар тифлро рӯйи даст гирифта, ҷониби саҳро равон шуд, занҳо хомӯш оби дида рехтанд. Падари бераҳм аз ғояти хашм меларзид. Барои ӯ нанг буд, ки боз ҳамсари ӯ духтар ба дунё овард. Калон-калон қадам мемонд. Тифл дар панҷаи дурушту шахшӯли падар ором буд, лаҳзаҳои охирини ҳаёташро таҳаммул мекард. Падар ба атроф назар намекард. Чун ба самъаш расид овои марде, ки истеҳзо дошт: «Занаш духтар зоидааст», дилаш дар кафи ғазаб фишор хӯрд, оҳ кашид.

Ҷаҳолат ҳукмравои даврон буд, ҳарчанд исломи наврас ба салтанати куҳанбунёд таарруз нишон медод, аз роҳи маърифат. Аммо мард курсии ларзонро дудаста дошта буд. «Маро ин нанг оқибат ба дӯзах мебарад». Дар паҳнои васеи биёбони беобу гиёҳ гум шуд. Дигар на биное, на сояе, на касе дида намешуд. Дар шафати хомаи регӣ, ки бод акнун ба вуҷуд оварда будаш, тифлро рӯи замин ниҳод, ду-се бел зада, хокро яксӯ партофт. Ин дам аз мағоке сусмор кала кашид, забони дуқӯшаашро баровард. Падар ба сӯйи сусмор кулӯхеро ғурронд. Белро паҳлӯи парпеч ниҳод, ки тифл дастони нозукашро бароварда буд. Чун сусморро суронд, омад ба назди тифл, ки белро бо панҷаи нозукаш медошт. Ва ширин-ширин ба рӯйи падар нигариста, табассум мекард. Падарро ин манзара об кард, ки паҳлӯи он афтод, аммо нанг, ки айём ба дӯши мардони духтардор ниҳода буд, ба сони вулқон дар замираш таркид. Белро ба даст гирифт. Зӯр зад, натавонист. Тааҷҷубаш зад, охир тифл белро бо ҳамон нерӯи ба назар кӯчакаш дошта буду сар намедод. Падар ҷаҳд мекард, зӯраш намерасид, гӯё ҷисмаш ба харбути карахту беҳис бадал шуда бошад, забонаш ҳатто ба дашном намепечид. Тифл табассум мекард, чунон нигоҳи дилрабо ба падар дӯхта буд, ки ин пайкари мамлӯ аз ғазаб дигар натавонист ҷаҳлро дар қалбаш чира гардонад. Тифлро дар бағал гирифт, надонист чигуна аз ҷабинаш бӯсид, хунаш соф шуд, осема ба сӯйи кулба шитофт.

Чун ҳамсараш дар бағалаш тифлро дид, ҳайрон шуд. Фикр кард, онҳо писарро бар ғалат духтар пиндоштаанд, ки баъдтар писар буданаш исбот шудааст…

Шом ҷавонмард бори ҷаҳолатро аз дӯш партофт, ба масҷид рафт, қатори муслимин калима арза кард. Пайғамбари ислом (с) ба тифл Саодат ном ниҳод.

Аброр Зоҳир



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Чаро ба таваллуди писар бартарӣ медиҳанд?

Чаро ба таваллуди писар бартарӣ медиҳанд?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Таҳқиқи журналистӣ, АМОН МАҲКАМОВ
Номи тифлро чӣ монем: Табару Гургак ё Абдурасул?

Номи тифлро чӣ монем: Табару Гургак ё Абдурасул?

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Бӯсаи вопасини падар (Ҳикоя)

Бӯсаи вопасини падар (Ҳикоя)

Фарҳанг ва адабиёт, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ
«Вақте шумо ҳам пир шудед…»

«Вақте шумо ҳам пир шудед…»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
АСАЛМО САФАРОВА (Вахшона)

АСАЛМО САФАРОВА (Вахшона)

Ҳайати эҷодӣ