Дар як сатр
» » Огоҳкунии қаблӣ хатарро пешгирӣ мекунад

Огоҳкунии қаблӣ хатарро пешгирӣ мекунад

20-11-2015, 08:08


Огоҳкунии қаблӣ хатарро пешгирӣ мекунад

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории Системаи минтақавии мониторинг ва огоҳкунии қаблӣ бо иштироки Чарлз Келли, мушовири Барномаи рушди СММ оид ба коҳиши хатарҳои ҳолатҳои фавқулода ва барқарорсозӣ дар Тоҷикистон доир гардид.

- Мақсади ҷамъоварии маълумотҳои ҳармоҳаи Системаи мониторинг ва огоҳкунии қаблӣ дар вилояти Хатлон гузаронидани таҳлилҳо доир ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла озуқа, энергетика, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, тандурустӣ, обу ҳаво ва пешгирии хавфи рух додани офатҳои табиӣ дар вилояти Хатлон мебошад, - ёдовар шуд ҷаноби Келли.

Барот Бойматов, мудири шуъбаи робита бо кишварҳои хориҷии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ба ҷониби намояндагии Барномаи рушди СММ Чарлз Келли пешниҳод намуд, ки чунин гурӯҳи кории Системаи минтақавии мониторинг ва огоҳкунии қаблӣ дар ду минтақаи вилояти Хатлон яке дар Қӯрғонтеппа ва дигаре дар яке аз навоҳии кӯҳсори минқақаи Кӯлоб ташкил карда шавад. Чун дар кӯҳсор хавфи сар задании офатҳои табиӣ бештар аст.

Ҷаласа аз муаррифии ҳисоботҳои аъзои системаи болозикр шурӯъ гардида, барои беҳтар таҳия намудани он аз тарафи коршиносони соҳа маслиҳатҳо дода шуд.
Огоҳкунии қаблӣ хатарро пешгирӣ мекунад

Зимни ироаи маълумот ба Вафо Ашӯров, намояндаи Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят, машварат дода шуд, ки дар ҳисоботи минбаъдаи худ харитаи роҳ ё мавзеъҳои хатарноке, ки дар он этимоли зиёди садамаҳои нақлиётӣ вуҷуд доранд, таҳия кунад.

Ҷ. Ашӯров, намояндаи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, аз поин шудани нархи баъзе анвои асосии озуқаворӣ дар мисоли орд ва картошта дар бозорҳои истеъмолӣ мужда расонид. Ӯ гуфт, ки аз ин пас дар гузориши ҳисоботиаш доир ба гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ ва равғани растанию биринҷ маълумотҳои таҳлилӣ интишор мекунад, то аҳолӣ аз он бохабар бошанд.

Шодӣ Абдураҳмонов, мудири бахши КАТС-и Раёсати тандурустии вилоят, гуфт, ки моҳи ноябр бинобар сабаби паст фаромадани ҳарорати ҳаво мардум аз ангишт ҳамчун маводи сӯхт дар печҳои аловӣ истифода мебаранд, ки ин аз беэҳтиётӣ баъзан ба заҳролудшавии организми инсон оварда мерасонад.

Ҳамчунин дар ин айём эҳтимоли авҷ гирифтани бемориҳои роҳи нафас, зуком ва гулудард ҷой дошта, аҳолиро мебояд либосҳои гарм ба бар намоянду аз оби ҷӯшомада истифода баранд.

Мавсуф афзуд, ки баҳри пешгирӣ аз ин ҳолатҳо миёни аҳолӣ, мактабу кӯдакистонҳо, кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва мутахассисони кумаки аввалияи тиббии шаҳру ноҳияҳо пайваста чорабиниҳои профилактикӣ гузаронида, маслиҳат диҳанд, ки зуд-зуд ҳавои хонаю синфхонаҳоро иваз кунанд.

Дар охир ҳайати Системаи минтақавии мониторинг ва огоҳкунии қаблии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба омодагӣ ба вуқӯи ҳодисаҳои ғайричашмдошт табодули назар намуданд.

Амонҷон МАҲКАМОВ,
«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Гурӯҳҳои корӣ дар навоҳии наздимарзӣ

Гурӯҳҳои корӣ дар навоҳии наздимарзӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Тандурустӣ ва экология
Омодагӣ ба форуми соҳибкорони Тоҷикистон - «Хатлон-2016»

Омодагӣ ба форуми соҳибкорони Тоҷикистон - «Хатлон-2016»

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
СҲФ-и ноҳияи Носири Хусрав ҳушдор медиҳад

СҲФ-и ноҳияи Носири Хусрав ҳушдор медиҳад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба барномаи «Идоракунии хавфи офатҳои табиӣ»

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба барномаи «Идоракунии хавфи офатҳои табиӣ»

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, АМОН МАҲКАМОВ
«Барномаи рушди савдои вилояти Хатлон» таҳия мешавад

«Барномаи рушди савдои вилояти Хатлон» таҳия мешавад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо