Дар як сатр
» » Баҳси омӯзгору шогирд бо чӣ анҷом меёбад?

Баҳси омӯзгору шогирд бо чӣ анҷом меёбад?

19-11-2015, 14:38



Суди ноҳияи Бохтар ба баррасии парвандаи пурсарусадое шурӯъ кардааст, ки дар робита ба кордкашӣ ба сӯйи омӯзгори яке аз мактабҳои маҳаллӣ Давлат Тошев кушода шуда буд. Интизор меравад, ки ояндаи наздик ҳукми суд эълон шавад.
Баҳси омӯзгору шогирд бо чӣ анҷом меёбад?
Муаллим баҳри таълиму тарбияи шоистаи насли наврас дар ҷомеа хизмати босазо мекунад. Ӯ ҳама вақт кӯшиш мекунад, ки ниҳоли парваридааш самар диҳад ва ҳеҷ гоҳ ба шогирдон бадӣ намехоҳад. Шояд ҳамин хислатҳо буд, ки бузургони мо «ҳаққи устод аз падар беш аст в-аз падар устод дар пеш аст» гуфтаанд. Агар чунин аст, пас, чаро имрӯзҳо бархе ҷавонони мо нисбати устод беҳурматӣ, ҳатто зӯроварӣ нишон медиҳанд? Чаро ҷавонони мо ин панди ниёгонро нодида мегиранд?

Муноқишае, ки чанде пеш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и ноҳияи Бохтар миёни шогирд ва устод сар задааст, мутаассифона, далели гуфтаҳои болост. Даҳшат аст, вақте мешунавӣ, ки барои танбеҳ додани шогирд ба сари устод корд бикашанд. Чунин муносибат нисбати омӯзгоре раво дида шудааст, ки тоза ба кори омӯзгорӣ шурӯъ кардааст. Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки агар чунин ҳодиса нисбати омӯзгорони ҷавон рух додан гирад, шояд дигар ҳеҷ кас ин касбро интихоб накунад.

Муаллиме, ки аз сӯйи бародари шогирдаш мавриди зарбу лат қарор гирифтааст, Давлат Тошев ном дорад. Вай ин қазияро дар суҳбат бо мо чунин ёдовар шуд: «Дар вақти дарсро ба шогирдон фаҳмондан шогидам Аҳлиддин ба дарс эътибор намедоду ҳурзагӯӣ мекард. Як-ду маротиба огоҳӣ додамаш, аммо боз ҳам беҳурматӣ нишон дода, маро дашном кард. Худро дошта натавониста, як шаппотӣ задам. Ӯ баромада рафту модару бародаронашро гирифта овард. Бо ҳамроњии Р. Шарафова, ҷонишини директор, дар муаллимхона нишаста будам, ки ногоҳ даромаданд. Хостам асли воқеаро ба онҳо фаҳмонам, вале онҳо бе пурсупос ба ман ҳамла карданд. Аввал бародараш ҳамла кард, ӯро тела додаму модараш гулӯямро бо дастонаш дошт, ки дар ин ҳол бародари дигараш ба бадани ман корд зад.

Дар мактаб аз фанни тарбияи ҷисмонӣ дарс медиҳам. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ ҳамеша таъкид мекунад, ки ҷавонон ояндаи давлату миллатанд. Муаллимони ҷавон вақте ба кор меоянд, аз сабабе, ки хонандагони макотиб нисбаташон беҳурматӣ ва нописандӣ мекунанд, зуд тарки ин касб мекунанд. Вақте мо муаллими худро дар кӯча медидем, зуд даст пеши бар карда салом медодем. Ҳоло бошад, чунин нест ва шоҳиди он ҳам гаштаам, ки бархе аз шогирдон аз устоде, ки дарсаш медиҳад, беибо носу сигор мепурсанд…»

Давлат Тошев, ки аз зарби корди бародари шогирдаш захмӣ шуда буд, ҳоло худро беҳтар эҳсос мекунад. Вай бо изҳори таассуф аз коҳиши сатҳи тарбияи насли наврас мегӯяд, ки фарзанд асосан дар муҳити хона бояд хуб тарбия гирад. Ба қавли ӯ, вақте ки дар хона ба беодобии кӯдак эрод намегиранд, дар мактаб низ вай чунин рафтор мекунад ва ба ҳарфи омӯзгоронаш гӯш намекунаду ҳар кори мақбули дилашро анҷом медиҳад.

Олим Ҳомидов, сарвари МТМУ №27, дар бораи вуқӯи он ҳодисаи ҳамла ба омӯзгор чунин гуфт: «Бо талабагони синфи 10-ум оид ба давомот ва либоси мактабӣ суҳбат доштем. Ҳамин вақт яке аз талабагон, ки дар назди дар менишаст, хабар дод, ки дар даҳлез нафароне ҷанг карда истодаанд. Инро шунида, давида аз синф баромадам. Дидам, ки дар назди утоқи ҷонишини директор Шарофова Р. хун рехтааст. Муаллим Тошев Д. ба ман гуфт, ки ӯро Амонов Усмоналӣ бо корд задааст. Ҳамин вақт дар он ҷо модари Амонов Аҳлиддин, бародаронаш Амонов Усмоналӣ ва Амонов Фахриддин буданд. Ман ба онҳо гуфтам, ки Шумо бояд ба назди ман меомадед ва масъаларо ба хушӣ ҳал мекардем. Акнун, ки писарат даст ба ҷиноят задааст, ҷавобашро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ медиҳад».

Директори мактаб ҳамчунин афзуд, ки оид ба масъалаи пешгирии ҳуқуқвайронкунии хонандагон чораҳои мушаххас андешида шудааст. Дар синфҳои 9-11 роҳбарони синф дарсҳои тарбиявӣ гузарониданд ва рафтори талабаи синфи 11 Амонов Аҳлиддин маҳкум карда шуд. «Маҷлиси кумитаи падару модарони муассиса оид ба ин масъала баргузор гардид. Коллективи омӯзгорони муассиса минбаъд корҳои тарбиявиро боз ҳам беҳтар намуда, алоқаро бо падару модарон мустаҳкам намуда, бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунии хонандагон тадбирҳои заруриро меандешад», - иброз дошт директори мактаби номбурда Олим Ҳомидов.

Сабоҳат Алиева қариб 38 сол дар ҳамин мактаб ба ҳайси омӯзгор кор мекунад. Вай модари муаллим Давлат Тошев ва ҳамзамон роҳбари синфи Аҳлиддин Амонов мебошад.

- Фарзанди ман ҳамин сол ба кори мактаб омад, - мегӯяд С. Алиева. - Ҳаминаш аламовар аст, ки роҳбари синфи Аҳлиддин ман ҳастам. Дар синф ҳастанд талабаҳое, ки хуб мехонанд ва рафтори намунавӣ доранд. Беҳуда нагуфтаанд, ки «гӯшт бе устухон намешавад, гул бе хор». Албатта, дар миёни бачаҳои хуб бачаҳое низ ҳастанд, ки ба корҳои ношоиста даст мезананд. Асли қазия ин аст, ки беодобии Аҳлиддин фарзанди маро, ки ба ӯ дарс мегуфт, ба ғазаб меоварад ва ӯ Аҳлиддинро як торсакӣ мезанад. Вақте ки модару бародари Аҳлиддин ба мактаб омадаанд, ман аз ин ҳодиса огоҳ набудам. Ба шогирдон дарс мегуфтам, ки яку якбора садои доду фиғон баланд шуд. Аз синф баромада, дидам, ки заминро хун зер кардаасту фарзандам дар онҷо рост истодааст. Баъди дидани ин ҳол фишорам баланд гашту беҳуш шудам, дигар намедонам чӣ рӯй дод. Дар соати шаш вақте ба ҳуш омадам, хона пур аз мардум буд.

Ба андешаи С. Алиева масъулияти таълиму тарбияи фарзанд танҳо ба дӯши омӯзгорон нест ва пештару бештар аз ҳама бояд падару модар ба тарбияи ахлоқию маънавии ҷигарбанди худ дастбакор бошанд. «Ҳаминро ба модари Аҳлиддин гуфтам, ки «агар модари хуб мебудӣ, фарзандатро назди директори мактаб мебурдӣ, ё назди ман, ки роҳбари синфаш будам ва асли ҳолро пурсон мешудӣ. Ин масъаларо бо роҳи якдигарфаҳмӣ, суҳбат ҳал кардан мумкин буд». Маро ба суд ҷеғ заданд, гуфтам, ки гуноҳи шогирдамро мебахшам, вай ягон гуноҳ надорад. Гунаҳкори асосӣ модар аст, ки метавонист пеши роҳи хунрезиро бигирад. Агар хонанда ба омӯзгор итоат накунад, ягон омӯзгори ҷавон кор корда наметавонад. Агар муаллимони ҷавон ин ҳодисаро бинанд, аз кори мактаб дасту дил мешӯянд. Барои ҳамин, ҳозир аксари муаллимони мактабҳо миёнасолону нафақахӯрон ҳастанд.

Мо аз модари Аҳлиддин хоҳиш намудем, ки назари худро оид ба қазияи рухдода баён намояд, то асли ҳол ё ҳақиқати ӯро бишнавем. Аммо ин модар аз суҳбат бо мо худдорӣ варзид.

Шарифхон Шарифов, омӯзгори ДДҚ ба номи Носири Хусрав, дар шарҳи қазияи мазкур, гуфт, ки ҷомеае, ки ба устод эҳтиром намегузорад, оқибати хуб надорад. «Ҳадисе ҳаст ба ин мазмун, ки инсон бояд аз аз гаҳвора то ба гӯр илм омӯзад. Инсоният дар ин ҷода бе раҳнамоию машварати омӯзгор ба ҷое намерасад ва бе устод, ба қавле, кор бар бунёд нест. Ин воқеае, ки дар ноҳияи Бохтар рух додааст, аз назари ахлоқ бисёр ҳодисаи нангин аст. Чунин муносибат нисбат ба омӯзгор хилофи арзишҳои суннатии мардуми мост, ки ҳамеша қадру манзалати устодро боло медонад. Бояд миёни шогирд ва муаллим, миёни хурд ва калон эҳтиром бошад. Имрӯз ҳам аз тарафи давлат барои омӯзгорон шароитҳои мусоиди кор муҳайё сохта мешавад, аммо эътибори муаллим дар назди ҷомеаи мо коҳиш ёфтааст. Дар хонавода ба фарзандон кам мегӯем, ки бояд устодашро ҳурмат кунад, дар муносибат бо ӯ хушодоб бошад. Бархе ҷавонони мо аз телевизион ва интернет ҳар гунна филмҳо ва хабарҳоро оид ба муносибати дурушти ҷавонон бо насли калонсол мебинанд. Имрӯзҳо мебинем, ки ҳатто дар давлатҳои пешрафтае мисли Амрико мактаббачаҳо бо худ туфангча гирифта, ба сӯйи омӯзгор ё ҳамсинфони худ тир мекушоянд. Чун бача ба синни 15-16 мерасад, давраи гузаришро аз сар мегузаронад. Бисёр марҳилаи ҳассос барои наврас ва дар ин давраи талаккули ҷисму рӯҳ бояд волидон ва омӯзгорон ҳаддалимкон ба тарбия ва рафтори ӯ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Баъзан наврасон пайравӣ ба «демократии ғарбӣ» намуда, одоби шарқиёна ва арзишу суннатҳои миллии худро фаромӯш мекунанд. Аз сӯйи дигар, омӯзгор ҳам ҳақ надорад, ки шогирдашро занад. Ин усул коромад ва саҳеҳ нест, заифии устодро нишон медиҳад», - зикр кард Ш. Шарифов.

Аз мақомоти милитсия ба мо хабар доданд, ки аз рӯйи ин рафтори ҷинояткорона нисбати Амонов Усмоналӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст ва тафтишот ба анҷом расида, парвандаи ҷиноятӣ барои баррасӣ ба суди ноҳияи Бохтар фиристода шудааст.

Феълан мурофиаи судӣ ҷараён дорад ва қарор аст, ки ояндаи наздик суд ҳукми худро оид ба ин қазия эълон кунад.

Фаромўз БОБОЕВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Умри 70-солаи устод беҳуда нагузашт

Умри 70-солаи устод беҳуда нагузашт

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Чаро омӯзгор бо либоси хоси наварӯсон ба мактаб меояд?

Чаро омӯзгор бо либоси хоси наварӯсон ба мактаб меояд?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Тақдири насли пешбарандаи давлат дар дасти омӯзгор аст

Тақдири насли пешбарандаи давлат дар дасти омӯзгор аст

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Тарбиятгари наслҳои ояндасоз

Тарбиятгари наслҳои ояндасоз

Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ақлимо Давроновна -- омӯзгоре бо ҳарфҳои бузург

Ақлимо Давроновна -- омӯзгоре бо ҳарфҳои бузург

Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА