Дар як сатр
» » Келини таҳсилдида мехоҳам

Келини таҳсилдида мехоҳам

1-01-2015, 16:53

Келини таҳсилдида мехоҳамКелин дар ҳар як хонадон аз рӯзи аввал ҳамчун фарзанд пазируфта мешавад ва ҳамчун узви хонавода вазифадор аст, ки ҳурмати шавҳар, хусуру хушдоман ва дигар аъзои оиларо ба ҷо орад. Аммо хушдоманҳо чи гуна келин мехоҳанд: таҳсилдида, рӯймолбанду порсо ё дӯзандаю пазанда?

Дар арафаи соли нави 2015 аз модароне, ки дар давоми ин сол писаронашонро хонадор кардан мехоҳанд, пурсидем, ки: «Ба Шумо чи хел келин мақбул аст?»

Н. Бегматова, тоҷири бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки худ маълумоти олӣ дорад, мегӯяд: «Аввалан интихобро ба писарам вомегузорам, вале ба худам ҳамчун хушдоман келине маъқул аст, ки маълумоти олӣ дошта бошад, то дар давоми зиндагӣ ҳам ба шавҳараш ёрӣ расонад ва ҳам фарзандонашро хуб тарбия карда тавонад. Ман келинро на барои хизмати худам, балки барои писарам интихоб мекунам. Мехоҳам, ки арӯси хонадонам пеш аз ҳама ба шавҳараш расидагӣ кунад, намехоҳам, ки барои корҳои одитарин, масалан омода кардану ба кор фиристодани шавҳараш байни онҳо нофаҳмӣ ба миён ояд».

Ба андешаи Бегматова, духтари хондагӣ пастиву баландиҳои зиндагиро бештар мефаҳмад ва ҳурмату эҳтиромро ҳам омӯхтааст. Яъне аз уҳдаи ҳамаи кор мебарояд.

Донахон Абдураҳмонова, сокини ноҳияи Бохтар, низ бо вуҷуди маълумоти олӣ надоштанаш мехоҳад, ки келини навбатиаш духтари таҳсилкарда бошад. Тавре ки худи ӯ мегӯяд: «Худам духтари хонашин будам ва дар зиндагӣ ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ гаштам. Аз ин рӯ, мехоҳам келини ояндаам духтари хондагӣ бошад ва бо писарам зиндагиашонро пеш бурда тавонанд».

Собирамо О., сокини ноҳияи Фархор, ки худ зани хонашин ва қуръонхон аст ва соли оянда нияти келин гирифтанро дорад, мехоҳад келинаш мисли худаш бошад ва андешаҳояшро чунин баён кард: «Келинҳои ман ҳамааш духтарони хонашин ҳастанд. Аз ин рӯ, мехоҳам арӯси навбатиям ҳам, ба монанди дигар келинҳоям духтари рӯймолбанд, худотарсу порсо, батавфиқу намозхон бошад, шавҳар ва наздикони ӯро эҳтиром намояд. Ба писаронам ҳам ҳамин гуна арӯс маъқул аст».

Модарони азиз, дар соли 2015 келинҳои ҳунарманд, фармонбардору дилогоҳ насибатон бод!

Низорамоҳ ҲАМИД


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Келин ганда ё хушдоман?

Келин ганда ё хушдоман?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Духтари чорум

Духтари чорум

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Карйера хуб аст ё шавҳар?

Карйера хуб аст ё шавҳар?

Ҷавонон ва варзиш, Таҳқиқи журналистӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
«Писарам ба занаш меҳрубонӣ кунаду  ман хомӯш шинам?»

«Писарам ба занаш меҳрубонӣ кунаду ман хомӯш шинам?»

Ҳаёти иҷтимоӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ҳамеша дар хизмати мардум хоҳам буд

Ҳамеша дар хизмати мардум хоҳам буд

Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА