Дар як сатр
» » Намоиш-фурӯши техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷомӣ

Намоиш-фурӯши техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷомӣ

17-11-2015, 10:47


Намоиш-фурӯши техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷомӣ

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ намоиш-фурўши техника ва дигар мошинолоти кишоварзӣ, ки истеҳсоли корхонаҳои ватанию хориҷӣ мебошанд, баргузор гардид. Дар ин намоишгоҳ наздики 20 навъи техникаи муосири хоҷагии қишлоқ ба маъраз гузошта шуд.

Дар чорабинии мазкур Қурбон Ҳакимзода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон, Абдулмуъмин Улфатов, сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят, намояндагони вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои кишоварзӣ, роҳбарони баъзе ҷамоатҳои деҳот ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ширкат варзиданд.

Қурбон Ҳакимзода, муовини якуми раиси вилоят, дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи мазкур оид аҳамияти истифодаи техника дар соҳаи кишоварзӣ суханронӣ карда, аз ҷумла гуфт, ки мақсад аз гузаронидани ин чорабинӣ, пеш аз ҳама, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ва таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзии вилоят бо техникаю таҷҳизоти замонавӣ мебошад. Намоиш-фурӯши техника ва мошинолоти кишоварзиро Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» баргузор кардааст ва алоқамандон метавонанд дар баробари харидории техника, ҳамчунин баъзе намудҳои онро ба иҷора бигиранд», - афзуд муовини якуми раиси вилоят.

Намоиш-фурӯши техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷомӣ
Дар доираи намоиш-фурӯши мазкур семинар-машварати вилоятӣ дар мавзӯи «Таъсис ва муҷаҳҳаз намудани марказҳои хизматрасонии техникӣ» барпо шуд. Қобили зикр аст, ки КВД «Тоҷикагролизинг» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ намояндагии худро оид ба хизматрасонии техникӣ таъсис додааст ва намояндагони хоҷагиҳои деҳқонии вилоят метавонанд барои дарёфти маълумот ва машварат оид ба харид, иҷора ва истифодаи техникаи кишоварзӣ ба ин муассиса муроҷиат намоянд.

Чунин семинар-машварати вилоятӣ оид ба таъсис ва муҷаҳҳаз намудани марказҳои хизматрасонии техникӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ низ баргузор гардид.

Низомиддин ИСОЕВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мубориза бар зидди малах  кори дастаҷамъона аст

Мубориза бар зидди малах кори дастаҷамъона аст

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Муъминобод барои  парвариши картошка мусоид аст

Муъминобод барои парвариши картошка мусоид аст

Иқтисоду тиҷорат, Арсаи кишоварзӣ, ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ
Ироаи 9 миллион сомонӣ барои маҳви малах

Ироаи 9 миллион сомонӣ барои маҳви малах

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Намоиши ниҳолҳо дар Хатлон

Намоиши ниҳолҳо дар Хатлон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Анонс: 14-15 феврал ярмарка дар Қӯрғонтеппаю Кӯлоб

Анонс: 14-15 феврал ярмарка дар Қӯрғонтеппаю Кӯлоб

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА