Дар як сатр
» » Ҷавонони ДДҚ - парчамбардорони давлат

Ҷавонони ДДҚ - парчамбардорони давлат

16-11-2015, 14:22


Ҷавонони ДДҚ -  парчамбардорони давлат
Шанбеи гузашта дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ба ифтихори Рӯзи парчами давлатӣ ҳунарнамоӣ намуда, намоишномаи фарҳангии ҷолибу диданиеро манзури бинандагон гардониданд.


Ин намоишнома иборат аз сурудҳои ҷаззобу рақсҳои дилфиреб, саҳначаҳои ҳаҷвию тақлидкорӣ ва ширингӯйиҳо буд. Ҳар яки он бо пурмазмунияш ҷавононро ба ватандӯстию хештаншиносӣ таҳрик дода, дар ниҳоди онҳо садоқат ба Ватанро афзун менамояд. Ин ҳунарнамоӣ, ба иқрори тамошогарон, камназир буд.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон - парчамбардорони давлат» баргузор гардид.
Ҷавонони ДДҚ -  парчамбардорони давлат

Гулафрӯз Шарипова, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маҳфил ҳусни ифтитоҳ бахшида, гуфт, ки «ҷашни умумимиллии парчам бо ташаббуси пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сар аз 24-уми ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибихтиёрии мамлакат қайд карда мешавад. Эҳтироми парчам эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ аст. Зеро парчам дар баробари нишон ва суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти кишвар маҳсуб гардида, рамзи баҳамоиву ваҳдатофарӣ мебошад» - идома дод Г. Шарипова.

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баромадаш қайд намуд, ки Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон, воқеан, ғамхору роҳнамои ҷавонон буда, барои рушди онҳо шароитҳои мусоид фароҳам меорад.

Сипас, Муҳаммадҷон Ҳайитов, аз номи ҷавонони кишвар барои қироати савганди ҷавонӣ ва даъвати тамоми ҷавонони мамлакат ба шукргузорӣ аз фазои тинҷу ором ва ваҳдату истиқлолият ба минбар баромада, аз ҷумла гуфт:

«Мо - ҷавонони тоҷик, эҳтироми гузаштагони худро ба ҷо оварда, ба номи Ватан савганд ёд мекунем. Савганд ёд мекунем, ки обу хоки ин сарзамини ба ҷону дил баробарро азизу муқаддас медонем. Бузургони миллату давлатро муътабар дониста, пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори некро ҳамеша риоя ва тарғиб менамоем. Ҳар як дақиқаи худро дар роҳи ободию осоиштагии ин ватани маҳбуб равона месозем. Мо намегузорем, ки ҳеҷ як гурӯҳ ё нафаре зидди Ватани мо сар бардорад. Зеро мо - ҷавонон дар ҳифзи он ҳамеша тайёрем. Дар ҳифзи Ватани азизу маҳбуб камари ҳиммат баста, агар лозим ояд, ҷони худро нисор мекунем, то Ватан-модар обод ва мардуми он хушбахт бошанд. Тинҷуву оромиро баробари ҷони худ дониста, парчами Тоҷикистони азизро баланд мебардорем ва чун соҳибони нангу номус мефахрем, ки сарваре дорем ватанхоҳу диловар ва закию дурандеш, ки ӯро ном аст Эмомалӣ Раҳмон».
Ҷавонони ДДҚ -  парчамбардорони давлат

Гуфтан бамаврид аст, ки баъди ба раёсати Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав омадани ректори феълии он Шодиён Муҳаммад Султонзода, устодону донишҷӯёни ин даргоҳ аз ҳарвақта дида дар чорабиниҳои оммавӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ ширкати фаъол доранд.

Ба ғайр аз намоиши сесоатаи ҳунарии донишҷӯён, ҳамчунин намунаҳои дастовардҳои илмию методӣ ва техникии устодону шогирдони Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ба маъраз гузошта шуд.

Амонҷон МАҲКАМОВ,

Қӯрғонтеппа-Душанбе-Қӯрғонтеппа


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар  Хатлон

Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Силсилаи мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷавонони  ...

Силсилаи мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷавонони ...

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Суруди сарбоз» - гулчини сурудҳои ватандӯстона

«Суруди сарбоз» - гулчини сурудҳои ватандӯстона

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Эҳтироми Парчам эҳтиром ба давлату миллат аст

Эҳтироми Парчам эҳтиром ба давлату миллат аст

Сиёсат, Хабарҳо
Тақдими 740 китоби таълимӣ барои донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ

Тақдими 740 китоби таълимӣ барои донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм