Дар як сатр
» » «Асрори тақдир» муаррифӣ гардид

«Асрори тақдир» муаррифӣ гардид

13-11-2015, 11:00

«Асрори тақдир» муаррифӣ гардид
Дар Кохи Лоҳутии шаҳри Қӯрғонтеппа нахустнамоиши филми «Асрори тақдир» доир гардид. Коргардон – таҳиягари филми мазкур коргардони ҷавону боистеъдод Зафари Валӣ, хатмкардаи шуъбаи кинорежисёрии Коллеҷи фарҳанги вилояти Новосибирски Федератсияи Россия, бо як маҳорати баланд филмро таҳия намудааст.

- Имсол, ки Роҳбари давлат зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба зарурати рушди соҳаи синамо таъкид кард, мо тасмим гирифтем, ки бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ як филми пурраметражи иҷтимоиро таҳия ва манзури тамошогарон кунем, - гуфт Хайрулло Давлатов, муаллифи сенарияи филми «Асрори тақдир».

«Асрори тақдир» муаррифӣ гардид Филм аз ишқи ду ятиме қисса мекунад, ки бо мушкилҳои зиёде ба воя мерасанд ва дар ҳаёташон дучори монеасозиҳо, хиёнати дӯстон ва мисли ин мешаванд. Қаҳрамонҳои «Асрори тақдир» бо сару либоси зебои миллӣ ҷилва дода, дар тамоми саҳнаҳои филм меъёрҳои адабии забони тоҷикӣ риоя шудаанд.

Қурбони Собир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Назирмад Мусоев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Моҳпайкар Ёрова, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Меҳринисо Ҳоҷибоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Зафари Валӣ дар нақши Зафар, донишҷӯи Донишкадаи санъати ба номи М. Турсунзода Маряна Баракбаева ва корманди Театри давлатии драмавии ба номи Лоҳутӣ Наргиси Муҳаммадшариф даъват шуда, нақшҳои асосиро бозидаанд. Аз ҷониби тамошобинон филм бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Зимни намоиши филм ҳунармандонро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон А. Ализода ба Қӯрғонтеппашаҳр хайрамақдам гуфта, ба муносибати Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи филм муборакбод намуд. Ба ҳунарманди ҷавону боистеъдод Зафари Валӣ барои тарғиби фарҳанги миллӣ, тарбияи дурусти фарзанд дар оила, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, баланд бардоштани дониши ҷавонон, ки яке аз ҳадафҳои асосии ҲХДТ мебошад, баҳои баланд дода, Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва туҳфаҳои хотиравии таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон супорида шуд.

Инчунин ҳамаи ҳунармандони дар боло қайдгардида ва муаллифи сенария Хайрулло Давлатов, наворбардор – таҳиягар Қудратулло Бобоев ва соҳибкор – продюсер Исломиддини Убайдулло аз тарафи директори КВД кино ва видеои вилояти Хатлон Лутфия Роибова бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Бояд қайд кард, ки аз тарафи Зафари Валӣ боз як филми нави мазҳакавии «Хаёлӣ» рӯи навор омада истодааст, ки аллакай 70 фисади он сабт шудааст ва дар ояндаи наздик пешкаши мухлисон хоҳад гардид


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Театри Кӯлоб соҳибҷоиза шуд

Театри Кӯлоб соҳибҷоиза шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
Наворбардории филми «Асрори тақдир» дар Қӯрғонтеппа

Наворбардории филми «Асрори тақдир» дар Қӯрғонтеппа

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Мусодира ва маҳви 110 ҳазор фитаи филмҳои пастсифат

Мусодира ва маҳви 110 ҳазор фитаи филмҳои пастсифат

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА