Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 30 қадами устувор дар соҳаи роҳдорӣ


30 қадами устувор дар соҳаи роҳдорӣ



Дар даврони 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи соҳаҳо рушд кардандБарои такони ҷиддӣ бахшидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар тамоми имкониятҳо истифода гардиданд ва барои ин маблағҳои зиёде ҷудо карда шудандки натиҷаи хуб ба бор овард. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат бо камоли ифтихор ва сарфарозӣ қайд намуданд: «Тайи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон бо роҳҳои Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумҳурии исломии АфғонистонҶумҳурии Қирғизистон, кушода шудани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт ва ҳадафи дуюми стратегиамон амалӣ гардид».

 Дар робита ба ин сардори Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард дар
минтақаи Бохтар Маҳмадулло Файзалиев изҳор дошт, ки амалӣ шудани ин
ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуи деринаи ҳар як со-
кини Тоҷикистон маҳсуб меёфт, ки татбиқи воқеии он кори саҳлу осон на-
буд. Аз ин ҷост, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз
рӯзҳои нахустини ба сари ҳокимият омаданашон ба душвориҳои вақт нигоҳ
накарда, ба масъалаи бунёду азнавсозии роҳҳои мошингард аҳамияти
аввалиндараҷа дода, соли 1994 дар барномаи пешазинтихоботии худ гуф-
та буданд, ки роҳҳо ҳамчун раги хунгарди инсон, мардумро аз як гӯшаи
мамлакат ба гӯшаи дигари он расонида, дар ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи
онҳо нақши бузург мебозад.

САНГИ АСОС БАРОИ БУНЁДИ РОҲҲОИ АЗИМ
- Дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат қариб ҳамасола сохтмон,
баистифодадиҳӣ ё таъмири роҳҳо ба роҳ монда шуданд. Ин ҷо мо ҳамагӣ
чанд сол қаблро мисол оварда метавонем, ки соли 2017 Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Кангурт-Балҷувон-Ховалинг» санги асос гузошта, бо лоиҳаи он шинос гардиданд, - афзуд Набиҷон Ёқубов, коршиноси соҳаи роҳдорӣ. Мавсуф илова кард, ки зимни муаррифии лоиҳаи роҳи автомобилгарди «Кангурт-Балҷувон-Ховалинг» гуфта шуд, ки дарозии роҳ 43 километр буда, сохтмони он дар километри 22-юми роҳи автомобилгарди лоиҳавии «Восеъ — Ховалинг» оғоз меёбад. Барои бунёди роҳи мазкур 11,8 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст ва дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои сарфагардидаи роҳи мошингарди «Восеъ-Ховалинг» ва маблағҳои грантӣ ин лоиҳа татбиқ мегардад. Бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳи автомобилгарди «Кангурт- Балҷувон-Ховалинг», ки аз шафати дарёҳо мегузарад, роҳандозии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар масофаи 1 ҳазору 640 метр пешбинӣ гардид.
 
Лоиҳа қитъаҳои таъмирталаб, мавзеъҳои дохили минтақаҳои аҳолинишин ва 29 қубури обгузар, 7 қубури нав, 25 ҳазору 880 метр иншооти ҳимоявӣ, 4 ҳазору 870 метр роҳи пиёдагарди паҳноиаш аз 1,5 то 3 метр ва 19 ҳазору 390 метр ҷӯйбори оҳану бетониро дар бар мегирад. Яъне, дар ҳамин шакл ҳамасола роҳҳои зиёде бунёд гардиданд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат мебошад.
 
ҚАДАМҲОИ УСТУВОРИ РОҲДОРОН
 
Дар соҳаи роҳдории кишвар ҳар сол як қадами устувор гузошта мешуд ва зина ба зина ба ҳадафҳои асосӣ наздик мешудем. Аз он ҷумла, дар вилояти калонтарини мамлакат-Хатлон вазъи роҳҳо нигаронкунанда буданд ва сохтмону таъмири роҳҳо дар шакли имрӯза тасаввуроти хаёлии бошандагони ин минтақа буд. Аммо, бо мурури замон, бо дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат афсонаҳо ба ҳақиқат табдил ёфтанд ва дар муддати ҳамагӣ 30 сол 30 қадами устувор гузошта шуду роҳҳои маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бунёду азнавсозӣ гардиданд. Сохтмони роҳҳои нав тавонист, ки дар беҳшавии муносибати равуои мардуми Тоҷикистон бо дигар давлатҳои ҳамсоя ва дӯст беҳтар шавад.
 
Роҷеъ ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин соҳа Музаффар Холиқов мутахассиси соҳа гуфт, ки хизмати Пешвои миллатро дар сохтмон ва азнавсозии роҳҳои мошингард аз ин ҳам бузургтар метавон арзёбӣ кард. Хуб медонистем, ки дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор рафтуомади мардум ба вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба воситаи нақлиёти автомобилӣ бинобар мавҷудияти ағбаҳои душворгузар ғайримкон буд. 
 
- Махсусан роҳ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муддатҳои тӯлонӣ баста шуда, ҳатто имконияти воридоту содироти молҳои ниёзи аввал низ мавҷуд набуд. Анҷоми сохтмони ин poҳи автомобилгард ба осонӣ ба даст наомадааст. Бо кордонию матонати бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои зиёдест, ки мардуми сарбаланди Бадахшон бедушворӣ дар ҳамаи фасли сол дар муддати кӯтоҳ ба пойтахти ҷумҳуриамон рафтуомад доранд. Ин шоҳроҳ на танҳо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, балки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии мардумии Чин пайваст, ки боиси ифихору сарфарозӣ ва рушди тиҷорати мардуми ҳарду кишвар гардидааст, - мегӯяд М. Холиқов.
 
САҲМИ СОҲИБКОРОНИ ВАТАНӢ ДАР БУНЁДУ ТАЪМИРИ РОҲҲО
 
Агар таҳлил намоем, дар таҷлили 20-солагии Истиқлоли давлатӣ аллакай қариб ҳама соҳаҳо вазъи хубро касб карданд ва шароиту имкониятҳои корӣ рӯ ба пешрафт ниҳод. Аз ин пас, яъне, аз соли 2012 сар карда, хусусан, дар соҳаи роҳдорию роҳсозӣ якборагӣ ба дастовардҳои азимтар ноил гардидем.
 
Масалан, дар соли 2012 аз тарафи соҳибкорони ватанӣ 134 км ба маблағи 1758,3 ҳазор сомонӣ таъмири роҳ бо сангфаршкунӣ, 17 км ба маблағи 101,9 ҳазор сомонӣ таъмири ҷорӣ, таъмири пулҳо бошад, 26 адад бо маблағи 493,7 ҳазор сомонӣ анҷом дода шуда, 9 адад қубурҳои нав ба маблағи 161,5 ҳазор сомонӣ гузошта шуданд. Ба ҳамин монанд, соли 2013 таъмири асосӣ 0,3 км ба маблағи 219,8 ҳазор сомонӣ, таъмири ҷорӣ бошад, 2520 км, таъмири роҳ 23,2 км ва таъмири пул 14 адад ва 3 адад қубур иваз карда шудааст, - афзуд Маҳмадулло Файзалиев. Мавсуф илова кард, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 “Дар бораи тасдиқи барномаи мақсадноки Рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015”, «Барномаи сармоягузории таҷдиди роҳҳои автомобилгард аз тарафи маблағҳои бебозгашт», «Барқарорсозии роҳи автомобилгарди Дӯстӣ – Панҷи Поён» ба масофаи 18 км ба маблағи 23,6 млн доллари амрикоӣ таҷдид карда шуд. Дар асоси созишномаи қарзи грантии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд Автомашинаи Худфарории Ючинг – 2 адад ворид гардидааст. Аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ таъмири роҳ 28,7 км, таъмири ҷорӣ 63,5 км, таъмири пул 7 адад ва дар умум аз ин ҳисоб ба маблағи 2823,7 ҳазор сомонӣ корҳо анҷом дода шудаанд. Дар соли 2021 –ум бахшида ба омодагӣ барои 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам дастовардҳо дучанд ва роҳсозиву роҳдорӣ хубтар пешрафт кард.
 
МАРҲИЛАҲОИ НАВ БА НАВИ СОЗАНДАГӢ
 
М. Файзалиев ёдовар гардид, ки моҳи декабри соли 2016 дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ҷамъбасти марҳилаи аввал ва оғози марҳилаи дуюми сохтмони роҳҳои дохилии мошингарди шаҳрҳои Қӯрғонтеппа-Кӯлоб сурат гирифта буд. Сохтмони роҳҳо яке аз самтҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо ҳамеша таҳти назорати худ қарор додаанд. Дар доираи марҳилаи якуми корҳои сохтмонӣ 6,2 км роҳҳои шаҳри Бохтар ва 5,8 км роҳҳои шаҳри Кӯлоб таъмир ва
 таҷдид гардиданд. Дар марҳилаи дуюм 8,9 км роҳҳои шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ва 11,3 км роҳҳои шаҳри Кӯлоб аз таъмир ва таҷдид бароварда шаванд. Маблағи корҳои сохтмонӣ аз тарафи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо шуда, пудратчии лоиҳа ширкати «China Road» ба ҳисоб мерафт. Яъне тамоми манбаъҳо ва имкониятҳо, ҳамкориҳо барои сохтмону таъмири роҳҳо истифода мешуданд. Маҳз ин буд, ки мо тавонистем ба ҳадафи худ расем ва корҳоеро анҷом диҳем, ки барои дигарон тасхиркунанда аст.
 
РОҲҲО ПАЙВАНДАГАРИ МИНТАҚА ВА ҶАҲОН
 
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки сокинони минтакаи Кӯлоби вилояти
 Хатлон солҳои тӯлонӣ дар фасли зимистон аз душворгузар будани ағбаҳои «Шаршар» ва «Чормағзак» дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб азобу машаққат кашида, талафоти зиёди молию ҷонӣ дида буданд. Сохтмону ба истифода додани ду нақби азими мошингузар, ки дар маҷмӯъ 6653 метрро ташкил дода, масофаи ин роҳи автомобилгард даҳҳо километр наздик ва имконияти дар ҳама фасли сол бемонеа рафтуомад карданро фароҳам овардааст, мардумро аз ин мушкилӣ раҳонид. Қайд кардан ба ҷоиз аст, ки роҳҳои автомобилгарди Панҷи Поён - Бохтар, Восеъ - Ховалинг, Данғара - Кангурт, Кангурт – Балҷувон - Ховалинг ва ғайраҳо азнавсозӣ ва бунёд гардида, имрӯзҳо таҷдид ва сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе - Бохтар, Балҷувон-Сари Хосор, Кӯлоб-Муъминобод, Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин ва роҳҳои дохилии шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб бо маром идома дошта, лоиҳаи роҳи автомобилгарди Ҳулбук - Темурмалик – Кангурт оғоз гардида, боз садҳо километр рохҳои маҳаллӣ аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпеша азнавсозию таъмир шуда истодаанд. Соли 2018 дар ҷумҳурӣ, рӯйдоди хеле фараҳманду шодиовар, ки дили миллионҳо сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлонро шоду масрур гардонид, ба вуқуъ пайваст.
 
Бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев роҳи автомобилгарди аҳамияти байналмилалидоштаи Қизилқалъа - Ҷарбуҷа -Гулбаҳор - Термез ва роҳи оҳани Бохтар - Термез, ки солҳои зиёд аз фаъолият бозмонда буд, ба фаъолият оғоз кард. Ба фаъолият оғоз намудани роҳи автомобилгард ва роҳи оҳанба сокинон ва иқтисодиёти вилоят басо манфиатовар буда, ҳаҷми бору мусофиркашонӣ якчанд маротиба афзун гашт.
 
Маҳмадулло Файзалиев дар охир изҳор дошт, ки ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз сохтмону азнавсозии садҳо километр роҳу пулҳо ба нақша гирифта шудааст ва итминонамон комил аст, ки иҷрои ҳамаи онҳо таъмин хоҳад шуд. Бунёд, таъмиру азнавсозӣ гаштани роҳҳои автомобилгард, ки бо заҳмати зиёд ва маблағҳои калон амалӣ гаштааст. Ин ҳамаро дида сокинони шарафманди Хатлони бостон доиман шукргузор аз тинҷиву осоиштагии меҳан, якдиливу иттифоқии мардуми сарбаланди тоҷик, доштани чунин як сарвари ғамхору одил ва  дастовардҳои бузурги соҳибистиқлолӣ мекунанд. Дар воқеъ, истиқлолияти давлатӣ барои имрӯз ва ояндагони миллати тоҷик ва Тоҷикистониён самараи хуб ба бор овард, ки асрҳои аср аз хотирҳо зудуда намешаванд.
 
С. АЗИЗЗОДА, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода