Дар як сатр
» » Тибби оилавӣ рушд меёбад

Тибби оилавӣ рушд меёбад

1-01-2015, 16:49

Тибби оилавӣ рушд меёбадЛутфия то имрӯз дар яке аз муассисаҳои тиббии ноҳияи Фархор ҳамчун духтури кӯдакона танҳо ба хурдсолон ҳуқуқи хизмати тиббию санитарӣ расонидан дошт. Ҳамакнун баъди гузаштани курси шашмоҳаи тибби оилавӣ тахассуси ӯ васеъ гардид.

- Ман то ин вақт дар минтақаи ҷойи зисти хеш танҳо ба 800 кӯдак хидмати ташхисию табобатӣ расонида, ба ашхоси калонсол наметавонистам, ки ягон намуди хидмати тиббиро расонида бошам. Зеро ҳамагон маро ҳамчун табиби кӯдакона қабул намуда буданд. Имрӯз, ки курси такмили ихтисосро бапуррагӣ гузашта, шаҳодатномаи духтури тибби оилавиро соҳиб гардидам, акнун метавонам аз кӯдаки навзод то пиронсолонро ба кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ фаро гирам, - мегӯяд Лутфия Маҳмадалиева.

Соҳаи тандурустии кишвар рӯ ба пешравӣ ниҳода, хизматрасонии тиббию санитарӣ ба маризон беҳтар гаштааст. Аммо то ҳанӯз аксари муассисаҳои тиббии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз нарасидани кадрҳои баландихтисос ҳадс мезананд. Маҳз ҳамин мушкилиҳои ҷойдоштаро ба инобат гирифта, соли 2006-ум дар ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон Маркази таълимию клиникии тибби оилавиро таъсис додаанд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат проблемаҳои мавҷударо ҳаллу фасл намоянд. Маркази номбурда имрӯз аз ҳисоби ду ҷанбаи молиявӣ фаъолияти назаррас дошта, ба омода кардани мутахассисони тибби оилавӣ машғул аст.

Лоиҳаи рушди хизматрасонии тиббии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ алҳол дар тайёр намудани мутахассисони тибби оилавӣ нақши боризе гузошта, аз ҳисоби маблағи грантии Бонки Умумиҷаҳонӣ тамоми шароити таълимию маиширо фароҳам овардааст.

Ба қавли яке аз собиқ хатмунандагони Маркази бозомӯзӣ Раҳмоналӣ Саидов, дар ин ҷо шароити хуби донишандӯзӣ муҳайё гардидааст.

Роҳандозии ин намуди хизматрасонӣ ба манфиати ҳар ду ҷониб равона гардида, дар шароити кунунӣ саривақтӣ унвон мешавад. Маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилоят дар муддати 8 соли фаъолияти худ бо истифода аз тамоми шароити муосири илмомӯзӣ 613 нафар духтурону 1290 нафар ҳамшираҳои шафқатро ҳамчун мутахассиси тибби оилавӣ омода кардааст, ки онҳо имрӯз дар маҳалли зисти хеш ба ниёзмандон кӯмаки тиббию санитарӣ расонида меоянд.

Ба хотири дар сатҳи баланд тайёр намудани бозомӯзон адабиётҳои тозанашри соҳавӣ, хобгоҳи замонавӣ бо ҳама шароити фароғатии ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ муҳайё карда шуда, таҷрибаомӯзон ҳамзамон бо идрорпулӣ таъмин гаштаанд.

Дар ин рӯз хурсандии таҷрибаомӯзонро ҳадду канор набуд. Зеро дар як маврид ҳам соҳиби шаҳодатномаи тибби оилавӣ гардиданду ҳам ба наздикӣ адабиётҳои лозимаю борхалтаҳои тибби оилавиро соҳиб хоҳанд шуд, ки дар дохили он ҳама дастгоҳу лавозимоти замонавии тиббӣ бо дарназардошти талаботи сокинони деҳкадаҳои дурдаст мавҷуд аст, ки дар пешрафти кори минбаъдаи эшон мусоидат мекунад.
Дар ояндаи наздик аз ҳисоби чунин мутахассисони баландихтисоси тибби оилавӣ мушкилоти норасоии кадрҳо дар соҳаи тандурустӣ бартараф гардида, дастрасии сокинон ба ҳама намуди хизматрасонии тиббию санитарӣ махсусан дар минтақаҳои дурдаст боз ҳам беҳтар мешавад.

Қурбоналӣ ҚУРБОНОВ,
машваратчии маҳаллӣ оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеа ва ВАО
дар вилояти Хатлон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қабули ҳуҷҷатҳо ба ДДТХ шурӯъ мешавад

Қабули ҳуҷҷатҳо ба ДДТХ шурӯъ мешавад

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Корвони саломатӣ» дар шаҳри Кӯлоб

«Корвони саломатӣ» дар шаҳри Кӯлоб

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, КОМРОНИ БАХТИЁР
22 млн.$-и Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзӣ ва тандурустӣ дар Тоҷикистон

22 млн.$-и Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзӣ ва тандурустӣ дар Тоҷикистон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қӯрғонтеппа. Ташхиси ройгони тиббии 3700 нафар

Қӯрғонтеппа. Ташхиси ройгони тиббии 3700 нафар

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Татбиқи лоиҳаи нави тиббӣ дар Хатлон

Татбиқи лоиҳаи нави тиббӣ дар Хатлон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА