Дар як сатр
» » «Навниҳолони боғи сухан»

«Навниҳолони боғи сухан»

11-11-2015, 11:00


«Навниҳолони боғи сухан»Бо ҳамин ном китоби тозанашри хабарнигорони ҷавони рӯзномаи «Хатлон» Комрони Бахтиёр, Давлатбеки Каримзод, Низорамоҳи Ҳамид ва Низомиддин Исоев ба чоп расид, ки аз маҷмӯаи мақолаҳои таҳлилию танқидӣ иборат аст.

Матолиби ин маҷмӯа фарогири масъалаҳои гуногун буда, дар қолаби жанрҳои таҳлилӣ иншо гаштаанд. Аксари маводҳои ин китоб доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили проблемаҳои ҷавонон, арзишҳои миллӣ, ҷилавгарӣ аз гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, мушкилоти иҷтимоӣ, коррупсия, фарҳангу маориф, оиладорӣ ва монанди ин ҳикоят мекунад.

Дар пешгуфтори китоб Дилором Маҳкамова, декани факултаи филологияи тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, чунин навиштааст: «Дар тӯли таҷрибаи бисёрсолаи омӯзгориам дар шуъбаи рӯзноманигории донишгоҳ ба даҳҳо шогирдон сабақ омӯхтаам, аммо ин маҷмӯаи эҷоди донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ аввалин мебошад. Маҷмӯае, ки ҳоло ба дасти хонанда мерасад, аз маҳсули фаъолияти мо бо шогирдон далолат мекунад. Иқдоми шогирдони боистеъдод, ки дар пайроҳаи касби журналистӣ қадамҳои устувор гузоштанианд, ба дастгириву раҳнамоӣ меарзад».

Маврид ба ёдоварист, ки ин нахустин таҷрибаи нашри маҷмӯаи мақолаҳои фориғуттаҳсилони бахши журналистикаи ДДҚ буда, муаллифон кӯшидаанд, ки ба масъалаҳои замони муосир бо нигоҳи нав ва аз зовияҳои гуногун назар кунанд.

Ҳамкорони азизро ба нашри нахустин маҷмӯаи мақолаҳояшон самимона табрик мегӯем.

Ҳангомаи ИСМАТ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Беш аз 1130 матлаби «Хатлон» дар як сол!

Беш аз 1130 матлаби «Хатлон» дар як сол!

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюлҳо ва дурнамои рушд» ба чоп расид

«Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюлҳо ва дурнамои рушд» ба чоп расид

Хабарҳо, Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ рӯйи чоп омад

«Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ рӯйи чоп омад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Нашри нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон

Нашри нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қубодиён. Нашри 4 китоби таърихӣ дар як сол

Қубодиён. Нашри 4 китоби таърихӣ дар як сол

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА