Дар як сатр
» » «Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюлҳо ва дурнамои рушд» ба чоп расид

«Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюлҳо ва дурнамои рушд» ба чоп расид

11-11-2015, 10:49


«Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюлҳо ва дурнамои рушд» ба чоп расид

Аз сӯйи нашриёти давлатии «Ирфон» китоби нави муҳаққиқи ҷавон Носирҷон Маъмурзода, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» ва ҳамзамон устоди кафедраи журналистикаи ДДҚ ба номи Носири Хусрав, зери номи «Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюлҳо ва дурнамои рушд» ба нашр расид.


Рисола таълифоти муаллифро доир ба заминаҳои пайдоиши ВАО-и минтақавӣ дар Тоҷикистон, вазъият, тамоюлҳо, инчунин дурнамои рушди журналистика дар вилояти Хатлон дар бар мегирад. Ин нахустин кӯшиши пажӯҳиш ва аз нуқтаи назари илмӣ арзёбӣ кардани таърихи ташаккул ва таҳаввули матбуоти даврӣ ва расонаҳои электронии вилояти Хатлон мебошад.

Ба қавли муҳаррири масъули маҷмӯа профессор Абдусаттор Нуралиев, муаллиф дар ин китоб перомуни заминаҳои пайдоиш ва таҳаввули матбуот дар ҷануби Тоҷикистон дар солҳои 30-юми асри гузашта, нақши аввалин рӯзномаи музофотӣ дар Хатлон – «Зарбдори сохтмони Вахш» дар рушди журналистикаи минтақавӣ, баъзе масъалаҳои услуби баён ва риояи қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ дар нашрияҳои шаҳрию ноҳиявӣ, контенти матбуоти даврии маҳаллӣ, вазъ ва муҳтавои матолиби ВАО-и музофот дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ташаккули расонаҳои электронии ахбор, вазъи амнияти иттилоотӣ, бозтоби вазъи иҷтимоии занони музофот аз нигоҳи занони журналисти вилояти Хатлон, сиёсати редаксионии ВАО ва инъикоси раванди сулҳу нақши ВАО-и Тоҷикистон дар хатми ҷанги шаҳрвандӣ андешаҳо ва хулосаи таҳлилҳояшро баён доштааст.

«Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюлҳо ва дурнамои рушд» аз 205 саҳифа иборат буда, масъалаҳои мухталифи марбут ба тамоюлҳои рушди расонаҳои гурӯҳии минтақавӣ дар Тоҷикистон (дар мисоли ВАО-и вилояти Хатлон) дар замони истиқлолияти давлатиро дар бар гирифтааст.

Комрони БАХТИЁР


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Беш аз 1130 матлаби «Хатлон» дар як сол!

Беш аз 1130 матлаби «Хатлон» дар як сол!

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Навниҳолони боғи сухан»

«Навниҳолони боғи сухан»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
ВАО бояд аз манфиатҳои миллию давлатӣ дифоъ кунанд

ВАО бояд аз манфиатҳои миллию давлатӣ дифоъ кунанд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Аз тамрин то тамкини сухан» рўйи чоп омад

«Аз тамрин то тамкини сухан» рўйи чоп омад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

Ҳайати эҷодӣ