Дар як сатр
» » Сарқонун кафолат медиҳад...

Сарқонун кафолат медиҳад...

11-11-2015, 09:14


Сарқонун кафолат медиҳад...Дар моддаи якуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Яке аз ҳадафҳои Тоҷикистон сохтани давлати ҳуқуқбунёд мебошад, ки имрӯз давлати мо, халқу миллатҳои кишварамон баҳри созандагӣ ва бунёдкории он саъйю кӯшиш намуда истодаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандон, халқу миллатҳои кишварамон аз соли 1994 ба бунёди давлати навини ҳуқуқбунёд амал намуда, то ба имрӯз барои боз ҳам мустаҳкам ва созандатар гардонидани давлати ҳуқуқбунёд, саъйю кӯшиш менамоянд.

Дар сархати 2-юми моддаи аввали Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Ҳамин тариқ, шаҳодати давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон имрӯз дар ҷомеа аз он бармеояд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, яъне ба чунин шахсон аз тарафи давлат нафақа, кӯмакҳои молӣ, пулӣ ва дигар таъминоти иҷтимоӣ расонида мешавад. Инчунин, ба шахсоне, ки ҳангоми пиронсолӣ ё хурдсолӣ аз сарпараст маҳрум шудан ва ё қобилияти кории худро гум карданд, аз тарафи давлат хонаҳои пиронсолон, хонаҳои кӯдакон, нобиноён ва маъюбон ташкил карда шудааст, онҳо дар чунин хонаҳо (тарбиятхонаҳо) ҷойгир карда шуда, аз тарафи давлат нигоҳубин ва тарбият дода мешаванд.

Инчунин, дар сархати дуюми моддаи дуюми Конститутсия омадааст, ки ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд, яъне Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ истиқомати доимӣ ва муваққатӣ мекунанд, озодии забони модариро кафолат додааст. Қонуни асосии кишвари мо қадр ва эҳтироми забони модарии халқу миллатҳои гуногунро дониста, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар корхонаю муассисаҳои соҳаи буҷаи давлатиро вогузор намудааст, ки дар вақти кор бурдан бо шахсоне, ки забони давлатиро намедонанд, аз тарафи мақомоти дахлдор ба чунин шахсон баҳри ҳифзи ин ҳуқуқи конститутсионии онҳо, бояд, ройгон аз хизмати тарҷумон таъмин карда шаванд. Ғайр аз ин, ҳангоми аз тарафи мақомоти дахлдор ва ё корхонаю муассисаҳои соҳаи буҷаи давлатӣ ба шахсоне, ки забони давлатиро намедонанд, ҳангоми додани ягон ҳуҷҷати хаттӣ ҳатман онро бо забоне, ки онҳо медонанд, ройгон тарҷума карда дода мешавад.

Санадҳои зерқонунӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, дар навбати худ ҳифз, эҳтиром ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин менамоянд. Зеро санадҳои зерқонунӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мутобиқ ба Конститутсия буда, ҳадафи асосии онҳо ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сулҳу суботи ҷомеа, ҳифз ва ҳимояи Ватан, мустаҳкам намудани пояи давлат ва беҳтару хубтар намудани шарту шароити зиндагии инсон ва шаҳрванд мебошад.

Сайдаҳмад ЗАЙДУЛЛОЗОДА,
коромӯз-судя



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсия саривақтист

Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсия саривақтист

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Вожаи «Сарқонун» аз ном ва матни Конститутсия ихроҷ хоҳад шуд (видео)

Вожаи «Сарқонун» аз ном ва матни Конститутсия ихроҷ хоҳад шуд (видео)

Сиёсат, Хабарҳо, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Конститутсия - кафили озодии сухан

Конститутсия - кафили озодии сухан

Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА