Дар як сатр
» » Сафарбаркунии ҷавонон ба артиш таъмин шуд

Сафарбаркунии ҷавонон ба артиш таъмин шуд

11-11-2015, 09:09


Шаҳру навоҳии вилояти Хатлон нақшаи сафарбарии ҷавонон ба Артиши миллиро пурра иҷро намуданд.
Сафарбаркунии ҷавонон ба артиш таъмин шуд

Дар ин бора аз Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд. Ба қавли манбаъ, вилояти Хатлон пеш аз вилоятҳо ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ нақшаи даъват ба сафи Неруҳои Мусаллаҳи кишварро иҷро кардааст. То имрӯз танҳо вилояти Хатлон (101%) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (100%) дар бораи иҷрои дурнамо хабар додаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки то имрӯз нақшаи сафарбарии наваскарон ба артиш дар вилояти Суғд 91,9%, шаҳри Душанбе 90% ва навоҳии минтақаи Рашт 74,4% иҷро шудааст. Ин дурнамо дар сатҳи ҷумҳурӣ зиёда аз 90% ба иҷро расидааст.

Имсол низ ба мисли пешин комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии Сарбанд, Носири Хусрав, Балҷувон, Қӯрғонтеппа ва Темурмалик дар маъракаи даъвати ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳ фаъол буда, дар миқёси вилоят аввалин шуда нақшаро иҷро карданд.

- Имрӯз тартибу интизом ва шароити будубошу хизмат дар воҳидҳои низомии кишвар хеле хуб аст, сарбозон бо ғизо ва сарулибоси гарм таъминанд, - гуфт манбаъ. – Падару модарон ҳамеша имкон доранд, ки ба аёдати фарзандон рафта, аз ҳоли онҳо хабар гиранд. Дар ҷойи хобашон сарбозон бо гармӣ, кондитсионерҳо, барқи доимӣ таъминанд. Яъне, дар ин масъала волидон метавонанд умуман нигарон набошанд.

Дар Комиссариати ҳарбии вилоят инчунин зикр карданд, ки дар мавсими тирамоҳии даъват шумораи ҷавононе, ки довталабона ба сафи Неруҳои Мусаллаҳи кишвар пайвастанд (85% аз ҷамъи даъватшавандаҳо), дар муқоиса бо даъватҳои пешин бештар аст.

Н. МУСТАФО
"Хатлон", №42, аз 5 ноябри соли 2015


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Хабарҳо
Пешсафони маъракаи даъвати аскарӣ

Пешсафони маъракаи даъвати аскарӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Носири Хусрав. Иҷрои нақша дар як рӯз

Носири Хусрав. Иҷрои нақша дар як рӯз

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
74,5%-и даъватшавандаҳо ба хизмати аскарӣ довталабона ҳозир шуданд

74,5%-и даъватшавандаҳо ба хизмати аскарӣ довталабона ҳозир шуданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Сарсупурдаҳои Ватан

Сарсупурдаҳои Ватан

Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА