Дар як сатр
» » Дар 2015 ба фарзандатон чӣ ном мегузоред?

Дар 2015 ба фарзандатон чӣ ном мегузоред?

1-01-2015, 16:45

Дар 2015 ба фарзандатон чӣ ном мегузоред?Бале, номи зебо ними ҳусн аст. 2014 соле буд, ки номҳои бемантиқу дағалро аз миёни мардум бурда, ҷойи онро номҳои зебо ва ё ба қавле «мӯдгашта»-и дигар касб намуд. Чунин менамояд, ки акнун волидайн ба фарзандон номҳои қаҳрамонони қиссаву достонҳои халқиро камтар мегузоранд.

Гулракат Холиқова, мутахассиси пешбари шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Қӯрғонтеппа, зимни суҳбат гуфт: «Агар соли 2014 дар шаҳри Қӯрғонтеппа 1921 кӯдаки навзод ба қайд гирифта шуда бошад, ба қисмати бештари онҳо номҳои зебои китобӣ гузоштаанд. Хушбахтона, Гургалӣ, Сангалӣ, Борон барин номҳо, ки боиси хиҷолати фарзандон мегашт, гузошта нашудааст».

Ба иддаои Г. Холиқова, номҳое, ки ба қавле «мӯд» шудаанду мардум бештар ба онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба фарзандонашон мегузоранд, ин Муҳаммад, Мустафо, Абӯбакр, Мӯсо, Довуд, Юсуф, Билол, Умар, Иброҳим, Абдулло ва ба монанди инҳо мебошанд. Агар аз як ҷониб ба писарбачаҳо номҳои пайғамбарону ёронашонро гузоранд, аз ҷониби дигар ба духтарон номҳои Ойиша, Омина, Марям, Кибриё, Шаҳноза, Амина, Осия, Мадина, Меҳрона, Сумаяро гузоштаанд. Ин ҳама номҳоеанд, ки дар соли 2014 бисёр маъмулу серистифода буданд.

Маҳмадшариф Баротов, ҷомеашинос, дар робита ба ин мавзӯъ чунин ақида дорад: «Аслан номгузорӣ аз муҳити иҷтимоии оила вобастагӣ дорад. Яъне, пеш аз ҳама, падару модарон бояд ба фарзандонашон номҳои хуб ва бамантиқро аз китобҳо ҷустуҷӯ намуда гузоранд. Ба зебогии ному маънии он аҳамият диҳанд. Агар чанд сол қалб мардум аз бесаводӣ ба фарзандони худ номҳои бемазмуну дағал мегузоштанд, имрӯз бошад, мардум ба дарки маънии ном гузоштан мераванд ва он номҳоеро интихоб мекунанд, ки маънии хуб дорад. Ман фарзандамро Абӯбакр ном гузоштаам. Зеро ин ном бароям мақбул аст ва маънии хуб ҳам дорад».

Волидайн солҳои қаблӣ ба қаҳрамонони филмҳои дӯстдоштаашон, бахусус филмҳои истеҳсоли Туркия, тақлид намуда, ба фарзандони худ номи қаҳрамонони ин филмҳоро мегузоштанд. Ҳоло онҳо аз истифодаи чунин номҳо худдорӣ намуда, ба номҳои исломӣ бештар диққат медиҳанд.

Дар соли нави 2015 волидайн ба фарзандони хеш чӣ гуна номҳоро мегузошта бошанд? Бовар дорем, ки номҳои зеборо интихоб мекунанд.

Низомиддин ИСОЕВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Номи 4 ноҳияи вилоят тағйир хоҳад ёфт

Номи 4 ноҳияи вилоят тағйир хоҳад ёфт

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
ВАО: Абухолид кушта шуд

ВАО: Абухолид кушта шуд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Номи тифлро чӣ монем: Табару Гургак ё Абдурасул?

Номи тифлро чӣ монем: Табару Гургак ё Абдурасул?

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Оила маънии хушбахтиро дорад

Оила маънии хушбахтиро дорад

Номаҳои Шумо, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
«Хушдомани золим» ва «Гопӣ»-ро ба бозор дароварданд

«Хушдомани золим» ва «Гопӣ»-ро ба бозор дароварданд

Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР