Дар як сатр
» » С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

10-11-2015, 09:16


С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

Вазъи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, таъмини хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят бо китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ, ҳолати ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо ва бархӯрдории омӯзгорони ҷавон аз имтиёзҳои давлатӣ яке аз мавзӯъҳои меҳварии ҷаласаи навбатии Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон буд. Раёсати ҷаласаро Ситора Шерзода, муовини раиси вилояти Хатлон, ба уҳда дошт.


Р. Саидов, мутахассиси Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илм дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, дар ин нишаст гуфт, ки дар соли таҳсили 2014-2015 шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Сарбанд, Норак, Вахш, Ёвон, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритуз, Носири Хусрав, Восеъ, Ховалинг, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва Данғара нақшаи маблағсупориро аз ҳисоби иҷораи китобҳои дарсӣ аз 103 то 120 фоиз иҷро карданд. Аммо, мутаассифона, шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Бохтар, Қумсангир ва Балҷувон нақшаи маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар давоми соли таҳсил пурра пардохт накарданд, аз ин рӯ, қарзи солҳои пешин ба ҷойи кам шудан зиёд гардид.

- Дар соли 2015 ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба миқдори 468 ҳазору 28 адад китобҳои дарсӣ ба маблағи 5 миллиону 207 ҳазору 542 сомонӣ, 110 ҳазору 555 адад маводи таълимӣ ба маблағи 963 ҳазору 458 сомонӣ тибқи дархост ворид карда шудааст, - зикр кард Р. Саидов.
Дар идома Ситора Шерзода, муовини раиси вилоят, аз фаъолияти иддае аз масъулони шуъбаҳои маориф интиқод кард, ки дар ҷамъоварии пули иҷораи китобҳои дарсӣ саҳлангорӣ нишон медиҳанд. “Муаллимон, ҳатман, аз хонандаҳо пули иҷораи китобро мегиранд, аммо сабаб чист, ки ин маблағҳо саривақт ба ниҳоди дахлдор супорида намешаванд? Дар ин самт кори шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Шӯрообод, Қубодиён, А. Ҷомӣ, Балҷувон, Ҷиликӯл қаноатбахш нест”, - зикр кард С. Шерзода.

Муовини раиси вилоят ҳамчунин доир ба муҳтаво ва сифати китобҳои дарсӣ сухан ронда, бо эроди баъзе аъзои шӯро дар бораи зарурати такмили онҳо изҳори мувофиқат кард. «Пешниҳод мекунам, ки дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон вохӯрии муаллифони китобҳои дарсӣ бо омӯзгорон, падару модарон ва фаъолони ҷомеа баргузор карда шавад», - афзуд С. Шерзода.

Ҳокимхон Вализода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, оид ба ҳолати ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят гузориш дода, аз ҷумла зикр намуд, ки муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят то имрӯз бо 8339 нафар омӯзгорони ихтисосманд, аз ҷумла дар соли 2015 бо 1612 омӯзгор, ки аз ин шумора 1207 нафарашон омӯзгорони ҷавон мебошанд, таъмин карда шуданд. Ба гуфтаи Ҳ. Вализода, соли хониши 2013-2014 мувофиқи роҳхати Вазорати маориф ва илм 1340 нафар мутахассисони ҷавон, аз ин шумора 1006 нафар, ки 75%-ро ташкил медиҳад, ба ҷойи кор ҳозир шуданд. Дар солҳои 2012, 2013 ва 2014 дар ноҳияҳои Ҷиликӯл, Вахш, Бохтар, Данғара, Ховалинг, Шӯрообод ба ҷойи кор ҳозир нашудани мутахассисони ҷавони тибқи роҳхат фиристодашуда бештар ба чашм мерасид.

- Новобаста аз ин, дар баъзе аз ноҳияҳои дурдасти вилоят, аз ҷумла Носири Хусрав, Қубодиён, Панҷ, Балҷувон ва Темурмалик бинобар нарасидани омӯзгорони ихтисосманди зарурӣ аз фанҳои забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ, химия ва физика мушкилоти ҷиддии кадрӣ ҷой дорад, - афзуд сардори Раёсати маориф. - Яке аз роҳҳои самарабахш ва ҳалли бомуваффақияти масъалаи тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ ва таъмини пурраи муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ихтисосманди омӯзгорӣ ҳамкории шуъбаҳои маориф бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ мебошад.

Соли таҳсили 2014-2015 1320 нафар мутахассисони ҷавон, ки бахшҳои омӯзгориро хатм намудаанд, тибқи роҳхат ба вилояти Хатлон фиристода шуда буданд. То имрӯз 1158 нафари онҳо, ки дар сатҳи вилоят 90%-ро ташкил медиҳад, ба ҷойи кор ҳозир гардидаанд.

Тибқи маълумоти сардори Раёсати маорифи вилоят, шурӯъ аз соли 2006 то инҷониб ба 1751 нафар омӯзгорони ҷавон қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ, ба 71 нафар қитъаи замин барои боғдориву полезкорӣ ва ба 172 нафар қарзи бо имтиёз дода шуда, алҳол дар ин самти фаъолият тадбирҳои иловагӣ андешида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки соли таҳсили ҷорӣ мушкилоти норасоии омӯзгорони ихтисосманд дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷмӯъ ҳаллу фасл гардида, ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимии дахлдори ниёзманд бо 146 нафар омӯзгорони ихтисосманди фанҳои дақиқ ва забонҳои русию англисӣ чораҷӯиҳо шуда истодааст. Мушкилоти норасоии кадрҳои омӯзгорӣ аз ҳама бештар дар ноҳияҳои Қубодиён (24), Балҷувон (14), Темурмалик (13), Вахш (12), Панҷ (12), Данғара (9),Шаҳритуз (9), Қумсангир (8), Хуросон (8), Ҷомӣ (8), Носири Хусрав (7) ҷой дошта, ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб (38%), Темурмалик (39%), Балҷувон (54%), Данғара (63%) ва Панҷ (68%) ба талабот ҷавобгӯ нест.

- Яке аз сабабҳои асосии ба касби омӯзгорӣ ҷалб нагаштани мутахассисони ҷавон дастгирии маънавӣ надидани онҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо ба ҳисоб меравад, - зикр кард Ҳ. Вализода. - Маҳз ташкили дурусти корҳои ташвиқотию тарғиботӣ метавонад имрӯз омӯзгори ҷавонро ба кори таълимгоҳ дилгарм намуда, ҳавасмандии онҳоро ба ин касби пуршараф бедор созад.

Пас аз муҳокимаи масъалаҳои матрӯҳаи ҷаласаи Шӯрои рушди маориф, раиси Шӯро Ситора Шерзода гуфт, ки омӯзгоронро бо истифода аз тамоми имконияти мавҷуда бояд ба кори таълиму тарбия дилгарм намоем. “Онҳо бояд аз имтиёзҳои давлатӣ бархӯрдор буда, шароити мусоид барои такмили ихтисосу бозомӯзӣ дошта бошанд, зеро ояндаи насли наврасу ҷавон ва ояндаи кишварамон аз савияи донишу маҳорати педагогии онҳо вобаста аст”, - таъкид кард С. Шерзода.

Муовини раиси вилоят ҳамчунин дастур дод, ки ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоят баҳри бартараф намудани мушкилот ва камбудию норасоиҳои дар самти такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи вилоят, таъмини хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят бо китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ, ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ва амалигардонии имтиёзҳои омӯзгорони ҷавон ҷойдошта бояд тадбирҳои зарурӣ андешида, барои рушди минбаъдаи соҳаи маориф дар маҳал мусоидат намоянд.

Н. МАЪМУРЗОДА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Имтиёз ба омӯзгорони ҷавон

Имтиёз ба омӯзгорони ҷавон

Хабарҳо, Маориф ва илм
Н. Саид: «Номувофиқ гузоштани баҳо ба дониши хонандагон истиқлолияти кишвар ...

Н. Саид: «Номувофиқ гузоштани баҳо ба дониши хонандагон истиқлолияти кишвар ...

Хабарҳо, Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Н. Хусрав. Таҳсили 3528 хонанда дар синфҳои ӯзбекӣ

Н. Хусрав. Таҳсили 3528 хонанда дар синфҳои ӯзбекӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм
Сарбанд. Ихтисоси қитъаҳои замин ба мутахассисони ҷавон

Сарбанд. Ихтисоси қитъаҳои замин ба мутахассисони ҷавон

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА