Дар як сатр
» » «Одноклассники»-Туркия-СИЗО-афв

«Одноклассники»-Туркия-СИЗО-афв

9-11-2015, 17:19

Сарнавишти ҷавондухтаре, ки қурбони фиреб гардида, қариб буд ба ҷанги Сурия ҷалб шавад


«Одноклассники»-Туркия-СИЗО-афвСокини ноҳияи Шаҳритуз Мавзуна Мирзоева аз шумори он гумроҳшудагони ба ном муҷоҳидест, ки баъди саргардониҳои зиёд аз давлати Туркия ба Тоҷикистон баргашта, аз кардаи худ сад бор пушаймон аст. Ӯро давлат афв кардааст ва ҳоло дар озодӣ ба сар мебарад. Мавзуна намехоҳад ягон ҳамватанаш хатои ӯро такрор намуда, ба ҷони хеш ҷабр кардаю миллату Ватани азизашро бадном созад. Мавзуна Мирзоева бо ирсоли номае саргузашти афсонамонанди худро қисса кардааст, ки фишурдаи онро барои хонандагон, хоса наврасону ҷавонон, пешкаш менамоем, то аз он дарси ибрат бигиранд.

Ман, Мирзоева Мавзуна, соли 2001 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия барои таҳсил рафта, мактаби мазкурро бо баҳои хубу аъло хатм намудам. Азбаски шароити хондан надоштам, ба ягон донишгоҳ дохил шудаю таҳсилро идома дода натавонистам. Ҳамин тавр, баъди хатми мактаб бекор монда, хонанишин шудам.

«Аз бекорӣ-кадукорӣ» гуфтагӣ барин моҳи феврали соли ҷорӣ ба воситаи шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» бо Шаҳбоз ном ҷавоне, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон будаю дар шаҳри Санкт-Петербург кору фаъолият мекард, шинос шудам. Баъди шиносоию суҳбати чормоҳа қарор додем, ки бо ҳам оила барпо намоему зиндагии якҷояи оилавиро дар мулки Россия давом диҳем.

Шаҳбоз бароям пул фиристоду бо маблағи ирсолкардааш шиносномаи хориҷӣ дастрас намудам. Баъд, ӯ боз бароям 13 ҳазор рубли русӣ пул фиристод ва ман ба шаҳри Душанбе рафта, чиптаи ҳавопайморо харида, рӯзи 3 июни соли 2015 ҷониби шаҳри Санкт-Петербург парвоз кардам. Шаҳбоз маро дар фурудгоҳ истиқбол гирифта, ба манзили зисташ бурд ва пас аз бастани никоҳи шариатӣ ба зиндагии оилавӣ оғоз намудем.

Тақрибан баъди як моҳ шавҳарамро аз давлати Туркия дӯстонаш бо тамоси телефонӣ даъват карда, гуфтанд, ки он ҷо кору зиндагӣ хуб асту наздашон биёяд. Ману шавҳарам моҳи июл ба шаҳри Москва рафта, аз он ҷо ба давлати Туркия парвоз кардем. Яке аз рафиқони шавҳарам моро пешвоз гирифта, бурда дар манзили истиқоматиаш 4-5 рӯз меҳмондорӣ кард. Сипас, моро ба автобусе шинонда, гуселамон намуд. Мо қариб 8-9 соат дар роҳ будем. Дар истгоҳе кормандони полис ба дохили нақлиёти мусофиркаш даромада, ҳуҷҷатҳоямонро тафтиш карда, сипас, моро аз автобус фароварда, ҷониби боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) бурданд.

Азбаски забони туркиро намедонистам, аз чунин рафтори полис дар тааҷҷуб афтодам. Дар он мавзеъ дигар бонувон, ҳатто занҳои рус ҳам буданд ва чун бо онҳо ҳамсуҳбат шудам, ба асли воқеа сарфаҳм рафтам. Маълум гардид, ки он автобус моро ба давлати Шом мебурдааст, то ки ба сафи ба ном «ҷиҳодиён»-и он давлат бипайвандем. Ва ман ба воситаи он занҳои рус ба кормандони полис фаҳмонидам, ки маро ба Ватанам баргардонанд, зеро аз сабаби хушбоварӣ ба дӯстони шавҳарам гумроҳ шуда, ба ин сарзамин қадам гузоштаам.

Хушбахтона, баъд аз 5-6 рӯз маро ба ватан баргардониданд. Шаҳбозро низ баргардониданд ва азбаски шавҳарам шаҳрванди Ҷумҳурии ӯзбекистон буд, ӯро ба ватанаш интиқол доданд.

Ман баъди ба Тоҷикистони азиз баргаштан якуним моҳ дар шаҳри Душанбе дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доштаму аз кирдори хеш ҳазорҳо бор пушаймон будам. Дар воқеъ, ман гунаҳкорам ва гуноҳамро ба гардан мегирам. Ҳамзамон, шукронаи тақдир менамоям, ки ба шарофати ғамхориҳои падаронаю башардӯстонаи Президенти мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон ба озодӣ баромада, гӯё бори дигар аз модар таваллуд шудам. Нисбати ман тағйирот ба моддаи 32 қисми 3-401 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шуда, маро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карданд.

Хулоса, аз бетаҷрибагию кӯтоҳназариам ба ҷавони ношинос тариқи сомонаи интернетии «Одноклассники» шиносу баъдтар ҳамхона шуда, дертар фаҳмидам, ки шавҳарам бо ҳаммаслаконаш нияти ба давлатҳои Шому Ироқ ба ҷиҳод рафтан доштаанду маро ҳам ба ин ҷиноят ҳамроҳ карданӣ будаанд. Хайрият, ки ниятҳои нопоки онҳо ҷомаи амал напӯшид.

Ба ҷавонписарону духтарон муроҷиат карда гуфтаниам, ки аз ворид шудан ба ҳар гуна сомонаҳои интернетии нозарур худдорӣ намуда, ба ҳар гуна ашхоси ноошною бегона бовар накунанд ва фирефтаи ҷавонони сустиродаю ваъдаҳои дурӯғини онҳо нашаванд. Бесабаб ниёгони мову шумо нафармудаанд: «Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?!»

«ХАТЛОН»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Эй кош, мардум дигар даҳшати ҷангро набинанд!

Эй кош, мардум дигар даҳшати ҷангро набинанд!

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Барои сулҳу амонӣ дуо мекунам

Барои сулҳу амонӣ дуо мекунам

Ҳаёти иҷтимоӣ, ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД
«Ҷанг аз сагон мондааст», мо-ку инсонем!

«Ҷанг аз сагон мондааст», мо-ку инсонем!

Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ , КОМРОНИ БАХТИЁР
Хушдоман: боз таваллуд накунӣ!

Хушдоман: боз таваллуд накунӣ!

Ҳаёти иҷтимоӣ, АМОН МАҲКАМОВ
Аз мактуби кабӯтар ба «М-агент»-у «Одноклассники»

Аз мактуби кабӯтар ба «М-агент»-у «Одноклассники»

Ҷавонон ва варзиш, АМОН МАҲКАМОВ