Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » 30 соли давлатсозии миллати тоҷик ва амалисозии ормонҳои миллӣ


30 соли давлатсозии миллати тоҷик ва амалисозии ормонҳои миллӣ



Истиқлоли давлатӣ дастоварди муҳимтарини миллат буда, ба мардуми тоҷик барои сохтани давлати воқеан ҳам демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона заминаи воқеӣ гузошта, кафолати сиёсӣ ва пиёда гаштани ормонҳои миллӣ, рушди ҳамаҷонибаи иқтисоду фарҳанг, илму маориф буда, ба сокинони кишвар барои зиндагонии воқеан ҳам шоиста шароит фароҳам овард.

Дар давоми 30 соли истиқлолият бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намудем.

Бо талошҳои пайгиронаи давлату ҳукумати Тоҷикистон дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолии кишвар таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, рушди афзалиятнокии саноат, ҷалб ва густариши сармоягузорӣ, дастгирии давлатии соҳибкории хурду миёна, такмили сиёсати буҷаву андозро ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ин ҳадафҳо аз ҷониби давлат марҳила ба марҳила амалӣ гашта истодааст, ки мо худ имрӯзҳо шоҳиди бевоситаи он мебошем.

Бояд қайд намуд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидани таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ яке аз муҳимтарин дастоварди давраи соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Судҳои иқтисодӣ ҳам самараи Истиқлолияти давлатии кишвар буда, дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти асосии иқтисодиёт ва низоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадаанд.

Боиси зикри хос аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо мақсади боз ҳам беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ судҳои ҷумҳурӣ ва такмил додани қонунгузории миллӣ якчанд маротиба «Барномаҳои  ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва амалӣ гардонида шудаанд. Ҳамзамон, бо Фармони Президенти мамлакат аз 19 апрели соли 2019 таҳти №1242 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст, ки барои боз ҳам самаранок гардонидани фаъолияти судҳо ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ мусоидати фаъол менамояд. 

Аз ин рӯ, мо судяҳои ҷумҳурӣ бо роҳи сари вақт баррасӣ кардани парвандаҳо, қабул намудани қарорҳои қонуниву асоснок, ҳифз намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва баровардани адолати судӣ саҳми худро гузошта метавонем.

Дар охир бояд зикр намоям, ки Истиқлоли давлатиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, сарҷамъии миллат ва пойдории сулҳу Ваҳдати миллиро ҳифз карда, дар рушду нумӯи Тоҷикистони азиз боз ҳам зиёдтар саҳми арзандаи худро аз ҳарвақта бештару беҳтар гузорем.

А. Хайриддинзода, раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон
Б. Қурбониён, судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон
Қ. Пирзода, сардори шуъбаи коргузорӣ ва назоратии Суди иқтисодии вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода