Дар як сатр
» » Сокини шаҳр будан масъулият надорад?

Сокини шаҳр будан масъулият надорад?

9-11-2015, 15:44


Чунин ба назар мерасад, ки фарқият дар одоби муошират, либоспӯшӣ, гаштугузор ва муносибат миёни сокинони шаҳрҳо ва рустоҳо рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст. Оё ин тамоюл пайомадҳои ногувори ахлоқиро ба дунбол нахоҳад дошт?

Сокини шаҳр будан масъулият надорад?

Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки ҳатто дар замонҳои қадим дар шаҳрҳои пешрафта на ҳама имкони маскун шуданро доштанд. Ҷиҳати омода намудани шаҳрвандон барои иқомат дар шаҳр дар наздикии онҳо шаҳристонҳо ташкил намуда, он ҷо ба нафароне, ки тасмими маскуни шаҳр шуданро доштанд, фарҳанги шаҳрнишинӣ омӯзонида мешуд. Баъд аз пурра омода ва мутобиқ шудани сокинон ба талаботи мавҷуда, ба ин нафарон иҷозаи сокини шаҳр шуданро медоданд.
Имрӯзҳо, ин гуна нест.


Ҷойи шакку шубҳа нест, ки сокини шаҳр будан назокатҳои худро дошта, масъулият ва маданияти баланди шаҳрнишиниро талаб мекунад. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки ҳатто дар замонҳои қадим дар шаҳрҳои пешрафта на ҳама имкони маскун шуданро доштанд. Ҷиҳати омода намудани шаҳрвандон барои иқомат дар шаҳр дар наздикии онҳо шаҳристонҳо ташкил намуда, он ҷо ба нафароне, ки тасмими маскуни шаҳр шуданро доштанд, фарҳанги шаҳрнишинӣ омӯзонида мешуд. Баъд аз пурра омода ва мутобиқ шудани сокинон ба талаботи мавҷуда, ба ин нафарон иҷозаи сокини шаҳр шуданро медоданд.

Сокини шаҳр будан масъулият надорад?

Имрӯзҳо, ин гуна нест. Дилхоҳ нафар метавонад, дар шаҳр иқомат дош-та бошад, вале на ҳама бошандагон қоидаҳои санитарию гигиенӣ, одоби муошират, фарҳанги либоспӯшӣ, тозагии манзилу кӯчаҳо, шустушӯи либосу гилемҳоро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя мекунанд.


Духтарони шаҳрию рустоӣ ва мафкураи тангу тасаввуроти барғалат

Дар мафкураи баъзеҳо духтари деҳотӣ нафарест, ки куртаи арзонбаҳо дар тан дораду мӯйҳояшро на ин ки кӯтоҳ, балки кокул бофта, рӯймол ба сар мекунад. Ба рӯяш рангу пардоз кунад ҳам, гоҳе маводи ороиширо номуносиб истифода мебарад. Агар ҷавондухтар ё зани миёнасолеро бо либоси одӣ дар кӯча бинанд, бонувони ба қавле мудерн ба сӯйи онҳо «қишлоқӣ» гуфта писханд мезананд.

Сокини шаҳр будан масъулият надорад?


Дар ҳамин ҳол, дар тасаввури бархеҳо духтари шаҳрӣ ҳамонест, ки либоси аврупоӣ ба бар намуда, атру упои зиёд мезанад. Тамоюли наве, ки имрӯз ба мушоҳида мерасад, ин аст, ки баъзе ҷавонон худро ҳамқадами замон дониста, дар вақти ҳарфзанӣ аз калимаву ибораҳои омехтаи русию англисӣ истифода мебаранд ва тоҷикиро хуб балад нестанд. Аммо ҷойи таассуф аст, ки баъзе ҷавонони муосири чӣ шаҳрӣ ва чӣ рустоӣ аз маданияти шаҳрнишинӣ бехабаранду бо рафтори нохушоянди худ тартиботи ҷамъиятиро халалдор мекунанд.

Мавҷуда Азимова, ҷомеашинос, дар мавриди риояи одоби шаҳрнишинӣ чунин андеша дорад: «Шояд суханонам боиси ранҷиши истиқоматкунандагони шаҳр шавад, аммо бояд бигӯям, ки фарқи зани деҳотӣ аз сокини шаҳр дар он аст, ки дар русто анъанаҳои қадимии ниёгонамон хуб риоя мешаванд. Агар баъзе сокинони шаҳр субҳ аз хоб хеста, тирезаро кушодаву пеши дарро ҷорӯб назада, рӯ-рӯи ифлосиҳои роҳраву пайроҳаи кӯча қадамзанон ҷониби кор шитобанд, бонувони рустоӣ, баръакс, субҳи содиқ аз хоб хеста, ҳавлию пеши дарашонро об зада мерӯбанд. Дар як бинои маскунӣ агар панҷоҳ фисади бонувон коргар бошанд, қисми дигар хонашинанд, вале онҳо ҳам ақаллан ҳавсалаи рӯфта гирифтани даҳлезҳоро надоранд. Аз ин рӯ, гоҳе барои рӯфтану тамиз кардани роҳравҳои бинои истиқоматӣ ҳамеша байни ҳамсояҳо моҷаро мешавад. Аммо зани рустоӣ кӯшиш мекунад, то дамидани субҳ аллакай ҳама ҷойро тамиз кунад, об занад. Оне, ки дар ин кор аҷала намекунад, ангушнамои ҳамсояҳо хоҳад шуд.

Овехтани либоси таҳпӯш магар нишони маданият аст?

Сокини шаҳр будан масъулият надорад?


Торҳое, ки мардум барои хушконидани либосҳояшон дар берун аз айвони хонаашон кашидаанд, ба «намоишгоҳ»-и либосҳо (ҳатто, маъзарат, либоси таҳпӯшро ҳам беибо овезон мекунанд) табдил ёфта, дар он тор тамоми анвои пӯшишро дидан мумкин аст. Инсон баъзан аз он шарм мекунад, ки нохост чашмаш ба ин тори либосҳо меафтад. Ин омил аз он гувоҳӣ медиҳад, ки баъзе аз сокинони шаҳр одитарин маданияти шаҳрнишиниро ё намедонанд ё қасдан риоя намекунанд. Ба ҷуз ин, дар қуттиҳои махсус напартофтани партов, вайрон кардани экология, дар роҳу ҷойҳои ҷамъиятӣ кашидани носу сигор ва партофтани пасмондаи он, ҳатто дар боғу гулгаштҳои маркази шаҳр нишаста, истеъмоли офтобпарасту ба замин ҳаво додани пӯсти он низ кароҳатовар буда, аз фарҳанги начандон баланди шаҳрвандон дарак медиҳад.

Сокини шаҳр будан масъулият надорад?

- Бовар кунед, дар бинои нуҳошёнае, ки хоҳарам зиндагӣ мекунад, аз бӯйи бади партов нафас гирифта намешавад, - мегӯяд Сафаргул Ашӯрова, нафаре, ки ба меҳмонӣ омадааст. - Азоби газидани хомӯшакҳояшро намегӯям. Дар ин бино занҳои хушрӯю хушлибос зиндагӣ мекунанд, аммо барои рафъи ин ифлосиҳо чора намеандешанд. Агар қоидаҳои одии партофтани партов дар қуттиҳои махсус риоя гардад, гирду атрофи хона ва даҳлезҳоро бонавбат рӯбучин кунанд, олам гулистон мешавад. Шаҳр бояд бо одоби баланди шаҳрнишинии сокинонаш фарқ кунад…

Либоси миллӣ хуб, ё аврупоӣ?

Сокини шаҳр будан масъулият надорад?


Коршиносон бар ин назаранд, ки фарқият дар одоби муошират, либоспӯшӣ, гаштугузор, муносибат миёни сокинони шаҳрҳо ва рустоҳо рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст. Дар шаҳр баъзан ҳамсоя бо ҳамсоя салом намекунад, кӯдакону наврасон ва ҷавонон нисбати одамони калонсол эҳтиром нишон намедиҳанд, дашному алфози қабеҳ аз забони насли ҷавон фаровон шунида мешавад. Аммо дар деҳаҳо (чашм нарасад) мардум ҳамоно пойбанди фарҳангу суннати миллӣ боқӣ монда, ба қавле қурбони тамоюлҳои «шаҳргароӣ»-ю «ҷаҳонишавӣ» нагаштаанд.

Мақоле ҳаст, ки «харбуза аз харбуза ранг мегираду ҳамсоя аз ҳамоя панд». Дар воқеъ, бояд тамоми ҷараёни таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон дар саросари кишвар тавре роҳандозӣ гардад, ки одоби муоширату муносибат, маданияти шаҳрнишинӣ ва эҳтироми ҳамдигар ба онҳо талқин ва омӯзонида шуда, ба ин масъалаҳо афзалият дода шавад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «фарзанд азиз аст, одобаш аз вай азизтар».

Фазилати Некбахт, ҷавондухтаре, ки аз деҳа барои таҳсил ба шаҳр омадааст, зимни суҳбат бо мо гуфт, ки зери таъсири дугонаҳояш аз пӯшиши либоси миллӣ даст кашидааст. «Вақте ки дар деҳот будам, ҳамеша либоси миллӣ ба бар мекардам, боре ҳам либоси аврупоӣ намепӯшидам. Зеро ки муҳити деҳот чунин аст: агар шахс либоси аврупоӣ дошта бошад, нисбаташ гумони бад мекунанд. Бархе аз ҳамкурсонам маро барои либосам мазоҳ мекарданд. Тадриҷан ман ҳам мисли онҳо либоси аврупоӣ пӯшидам», - гуфт Фазилат.

- Баъзе духтарони деҳотӣ вақте ки ба шаҳр меоянд, аз назорати волидайн дур мемонанд, - мегӯяд Бибисоро Мирзоева, коршиноси маҳаллӣ. - Ин дурӣ ба онҳо «озодӣ» медиҳад. Иддае аз духтарон гумон мекунанд, ки шаҳр омадӣ, бояд ҳатман «соҳибмаданият» бошӣ ва онҳо ин фарҳангу ҳамқадами замон буданро дар зоҳири зебо мебинанд, на дар ботин ва омӯзиши илм. Яъне аз бисёр масъалаҳои фарҳанги миллии худ дур рафта, ҳатто дар либос, ороиши мӯйи сар таҷдиди назар мекунанд. Аммо ҷавондухтаре, ки дониш дошта бошад, худшиносу фарҳангдӯст мегардад ва, албатта, ба ҳеҷ роҳи ғалат нахоҳад рафт.
Сокини шаҳр будан масъулият надорад?
Новобаста аз он, ки мо дар шаҳр зиндагӣ мекунем ё дар деҳот, бояд дар тозагии маҳалли зист, кӯча, даромадгоҳи биною ҳавлиҳо ва ободу зебо будани зодгоҳи худ масъулияти баландро эҳсос намоем. Ҳамзамон мебояд коршиносони масоили иҷтимоӣ, фаъолони ҷомеа ва ниҳодҳои масъули давлатӣ сари ин масъала биандешанд, ки бо чӣ роҳ метавонем фарҳангу тамаддуни ғании миллии худро ҳифз намоем ва насли навро дар рӯҳияи эҳтиром ба суннатҳои воло, худшиносию инсондӯстӣ тарбия намоем.

Комрони БАХТИЁР


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

А. Абдуллозода: «Ҷавонон бояд бо ҷойи кор таъмин шаванд»

А. Абдуллозода: «Ҷавонон бояд бо ҷойи кор таъмин шаванд»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Келин ганда ё хушдоман?

Келин ганда ё хушдоман?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Мансаб ва одоби расмӣ

Мансаб ва одоби расмӣ

Сиёсат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Матои синтетикӣ зарар дорад

Матои синтетикӣ зарар дорад

Тандурустӣ ва экология
Худо аз марги забон нигоҳ дорад!

Худо аз марги забон нигоҳ дорад!

Фарҳанг ва адабиёт, КОМРОНИ БАХТИЁР