Дар як сатр
» » Чаҳор гавҳари як хонадон

Чаҳор гавҳари як хонадон

9-11-2015, 15:16


«Ба падару модарони муҳтарам бори дигар муроҷиат мекунам, ки ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ҷиддӣ муносибат кунанд, барои босаводу соҳибмаърифат шудани онҳо ҳеҷ чизро дареғ надоранд ва дар хотир дошта бошанд, ки сармоягузорӣ барои рушди фарзандон дар айни замон сармоягузорӣ барои ояндаи осудаи худи фарзандон ва волидайн, ободии давлат ва пешрафти ҷомеа мебошад».
Эмомалӣ РАҲМОН

Чаҳор гавҳари як хонадон


Аз қиссаи оилае хоҳем гуфт, ки чаҳор ниҳолаки пурбори дониш ва боистеъдод дорад. Оилае, ки чаҳор фарзанди забондону ҷаҳондон дорад. Оилае, ки пулу мол надорад, то фарзандон дар литсею гимназияҳои номӣ таҳсил кунанд. Оилае, ки падару модари олиму унвондор надорад. Оилае, ки ҳатто манзили зисташ туҳфаи як марди саховатпеша аст. Аммо оилае, ки масъулияти таълиму тарбияро бахубӣ эҳсос мекунад ва бо роҳи худомӯзӣ ба фарзандон забону илм меомӯзад, то дар оянда соҳибном гарданд. Оилае, ки ҳар банди қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро дар амал татбиқ мекунад.

Падари масъулиятшинос Халилуллоҳ Исломов роҳбари идораи «Тоҷиксуғурта» дар ноҳияи дурдасти Носири Хусрав аст. Ин марди хушбахт бо се гулдухтару як шоҳписари донишмандаш бо ифтихор сухан мегӯяд. «Ман маблағе барои таҳсили фарзандонам дар литсею гимназияҳо надорам, танҳо дар хона бо онҳо дарс мегузарам. Ҳарчанд омӯзгор нестам, аммо бештар китоб мутолиа мекунам ва аз синни хеле хурд ба онҳо машғулият мегузарам. Замони роҳбари ноҳия будани Холмурод Раҳмонов ин замини наздиҳавлигӣ ва манзили зистро бо тамоми шароит барои ҳамин фарзандонам, ки бо донишу заковаташон таваҷҷуҳи ӯро ҷалб карда буданд, туҳфа кард», - иброз дошт Х. Исломов.

Фарзанди калонии ӯ Бибисорои Халилуллоҳ, донишҷӯи факултаи физика - математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон, иштироккунандаи олимпиадаҳои фаннӣ аз забони англисӣ, кимиё, донандаи забони русию арабӣ аст. Бибисоро дар чаҳорсолагӣ Қуръони маҷид, дар панҷсолагӣ «Чаҳоркитоб» ва дар шашсолагӣ девони Ҳофизро аз худ кардааст. Ин духтараки шармгину боодоб истеъдоди худодод дорад. Ӯ муаммокушост. Аз вазну баҳр, сарфу наҳв бохабар аст. Аз чандин озмуну имтиҳон гузаштааст.

Ба андешаи Бибисоро, дар табиат 88 элементи химиявӣ мавҷуд мебошад ва танҳо яктои он, ки оҳан аст, вазни нисбии атомиаш аз нуқтаи назари Қуръон ва системаи даврӣ бароварда шудаасту халос, боқимондаи он бояд маълум гарданд.

Бибисоро мехост табиб шавад, ё ба факултаи шарқшиносӣ ҳуҷҷат супорад, зеро забони арабиро хуб балад буд. Аммо вақте муаммоҳои сарбастаро кушод, наздикону устодон ба ӯ тавсия доданд, ки физикдон шавад, зеро дар ин соҳа занон ангуштшуморанд. Азбаски Бибисоро шароити дар Душанбе таҳсил карданро надошт, ба Донишгоҳи Кӯлоб рафт ва ҳарчанд «тағо»-и дастгиру пуштибоне надорад, аз интихоби касб пушаймон нест. Зеро ӯ ба худ боварӣ дорад ва масъулиятро бахубӣ дарк мекунад.

Бибисоро нақшаҳои зиёд дорад. Ният дорад, ки кори дипломиашро дар мавзӯи «Қисми сеюми электрикии физика» ҳимоя кунад. Мехоҳад номзади илми физик-математика шавад.

Моҳитобони Халилуллоҳ, духтари дувуми ин хонавода, хонандаи фаъоли мактаби миёнаи №13-и ноҳияи Носири Хусрав аст. Майлу завқ ба фанни таъриху ҳуқуқ дорад. Соли гузашта дар олимпиадаи вилоятӣ ҷойи сеюм ва имсол дар ноҳияи Данғара аз фанни ҳуқуқ ҷойи якумро ишғол кардааст. Моҳитобон орзуи ҳуқуқшинос шуданро дорад. Дар баробари ин, Моҳитобон қобилияти шеърнависӣ ҳам дорад.

Шоҳинаи Халилуллоҳ, фарзанди сеюми ин хонадон, бошад, дар мактаби русии ноҳия дар синфи 8-ум таҳсил мекунад. Ӯ фанни математикаро бахубӣ аз худ кардааст ва омодагӣ ба озмуну олимпиадаҳои фанниро дорад.

Муҳаммадикроми Халилуллоҳ, шоҳписари хонадон, дар синфи шашум мехонад. Вай ба варзиши навъи каратэ шавқу рағбат дорад. То ин замон соҳиби чандин ифтихорнома ва ғолиби мусобиқаҳои ноҳиявию вилоятӣ гаштааст. Ба замми ин, Муҳаммадикром дар озмуни вилоятии «Донояк» якчанд маротиба иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро аз худ кардааст. Истеъдоди шоирӣ ҳам дорад.

Роҳбари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтааст, ки агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву нерӯманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, бояд коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд ва соҳибмаърифат бошанд, дастовардҳои навини илму техника ва технологияҳои инноватсиониро аз худ намоянд, забонҳои хориҷиро мисли забони модарӣ аз бар созанд ва ҳамқадами замон пеш раванд.

Бовар аст, ки хонаводаи Исломовҳо бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо ба масъалаи рушди ҳамаҷонибаи шахсияти фарзандон эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, фарзандони худро ҳамчун шаҳрвандони бошуур ба камол хоҳанд расонид.

Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Суханронии Президенти кишвар дар маросими ифтитоҳи мактаби навбунёд дар ноҳ ...

Суханронии Президенти кишвар дар маросими ифтитоҳи мактаби навбунёд дар ноҳ ...

Хабарҳо, Маориф ва илм
ДДҚ: Дастовардҳо хурсандибахшанд

ДДҚ: Дастовардҳо хурсандибахшанд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, АМОН МАҲКАМОВ
Н. Хусрав. Таҳсили 3528 хонанда дар синфҳои ӯзбекӣ

Н. Хусрав. Таҳсили 3528 хонанда дар синфҳои ӯзбекӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм
Тақдири насли пешбарандаи давлат дар дасти омӯзгор аст

Тақдири насли пешбарандаи давлат дар дасти омӯзгор аст

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Тарбиятгари наслҳои ояндасоз

Тарбиятгари наслҳои ояндасоз

Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА