Дар як сатр
» » Муъминобод барои парвариши картошка мусоид аст

Муъминобод барои парвариши картошка мусоид аст

9-11-2015, 14:03


Шанбеи ҳафтаи гузашта бо ташаббуси муовини аввали раиси вилояти Хатлон, номзади илмҳои кишоварзӣ Карим Ҳакимзода дар ноҳияи Муъминобод семинар-машварат оид ба картошкапарварӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши илмӣ-амалӣ олимони саршиноси Академияи улуми кишоварзии ҷумҳурӣ, ҷонишинони раисони навоҳии минтақаи Кӯлоб доир ба соҳаи кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои картошкапарварӣ ширкат варзиданд.

Қисмати якуми тақвими корӣ, ки бевосита дар саҳро тарзи гузаронидани агротехникаи кишти картошкаро дар асоси нишондодҳои илмӣ ба намоиш гузошта мешуд, коромӯзон аз фаъолияти муваффақиятнок ва натиҷаи хуби кордории чанд хоҷагиҳои картошкапарварии ҷамоатҳои «Тутқавул» ва «Кулчашма» дидан карда, дар қитъаҳои барои кишт омодакардашуда тарзи ба чашмакҳо ҷудо кардани картошка, дар чуқурии зарурӣ, дар ҷӯякҳо зери хок кардани тухмӣ ва роҳҳои аз ҳашарот безарар сохтани киштаҳоро нишон доданд.

Дар қисми назариявии кори семинар раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба таври мухтасар ба захираҳои табиии мавзеъ, ки барои рушди соҳаи кишоварзӣ созгоранд, маълумот дод. Ба гуфтаи раис таҷрибаи биёрсолаи кор дар соҳаи кишоварзӣ собит намудааст, ки иқлими Муъминобод барои парвариши картошка, сабзавот, боғу ток, чорвои калону майда ва парранда нисбати дигар манотиқи кӯҳсори мамлакат беназир аст.

Далелҳое мавҷуданд, ки ин ҷо мо баробари кишвари Ҳоланд дар баъзан қитъаҳо ҳосили баланди картошкаю сабзавот ба даст оварда, дар парандапарварӣ аз Туркия ва Эрон дида натиҷаҳои беҳтарро ноил гардидем. Ҳол он ки, ин мамолик дар Ховари Миёна дар боби бо равияҳои илмӣ самаранок гардонидани соҳа пешсафанд. Аз ин рӯ, мо омода ҳастем, ки ба олимон дар робита бошем ва ҳамкории доимӣ намуда, бадин васила боздеҳии истеҳсолотро дар нисбати имрӯза боз баланд бардорем, - гуфт Т. Амиршозода.

Сипас, олимон бо роҳбарии сарвари Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ академик Иззатулло Сатторӣ доир ба дастовардҳои ҳамарӯзаашон дар ҷабҳа, аз қабили ихтирои навъҳои нави картошка ва пиёзи ҳосилнокиашон баланду пешпазак, якчанд навъи гандум, говҳои ба иқлими гарми водиҳо тобовар ва дар айни замон хушзоту сермаҳсул нақл карда, маслиҳату тавсияҳо дод.

Семинари омӯзиширо муовини аввали раиси вилоят К. Ҳакимзода ҷамъбаст намуда, иброз дошт, ки яке аз фаслҳои асосии Паёми имсолаи Сардори давлат ба порлумон - ҳалли Барномаи озуқаворист. Дар ин давра мо бояд ба он муваффақ шавем, ки бозори дохилиро пурра бо маҳсулоти кишоварзии дохилӣ таъмин ва нарху наворо арзон намоем. Ҳамзамон, содироти ин навъҳои маҳсулотро ба хориҷи кишвар низ якчанд маротиба зиёд намоем.

Ғайбулло ҲАЛИМОВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шанбеи ҳафтаи гузашта бо ташаббуси муовини аввали раиси вилояти Хатлон, номзади илмҳои кишоварзӣ Карим Ҳакимзода дар ноҳияи Муъминобод семинар-машварат оид ба картошкапарварӣ баргузор гардид.

-->
Мубориза бар зидди малах  кори дастаҷамъона аст

Мубориза бар зидди малах кори дастаҷамъона аст

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Шанбеи ҳафтаи гузашта бо ташаббуси муовини аввали раиси вилояти Хатлон, номзади илмҳои кишоварзӣ Карим Ҳакимзода дар ноҳияи Муъминобод семинар-машварат оид ба картошкапарварӣ баргузор гардид.

-->
Д. Гулмаҳмадзода: «Дар соли 2016 истеҳсоли маҳсулоти содиротиро афзун намое ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Дар соли 2016 истеҳсоли маҳсулоти содиротиро афзун намое ...

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Тандурустӣ ва экология, АСАЛМО САФАРОВА
Шанбеи ҳафтаи гузашта бо ташаббуси муовини аввали раиси вилояти Хатлон, номзади илмҳои кишоварзӣ Карим Ҳакимзода дар ноҳияи Муъминобод семинар-машварат оид ба картошкапарварӣ баргузор гардид.

-->
Намоиш-фурӯши техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷомӣ

Намоиш-фурӯши техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷомӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Шанбеи ҳафтаи гузашта бо ташаббуси муовини аввали раиси вилояти Хатлон, номзади илмҳои кишоварзӣ Карим Ҳакимзода дар ноҳияи Муъминобод семинар-машварат оид ба картошкапарварӣ баргузор гардид.

-->
Ҳавасмандии деҳқон боиси рушди картошкапарварӣ дар ҷануб мегардад

Ҳавасмандии деҳқон боиси рушди картошкапарварӣ дар ҷануб мегардад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ
Шанбеи ҳафтаи гузашта бо ташаббуси муовини аввали раиси вилояти Хатлон, номзади илмҳои кишоварзӣ Карим Ҳакимзода дар ноҳияи Муъминобод семинар-машварат оид ба картошкапарварӣ баргузор гардид.

-->
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА