Дар як сатр
» » «Хушдомани золим» ва «Гопӣ»-ро ба бозор дароварданд

«Хушдомани золим» ва «Гопӣ»-ро ба бозор дароварданд

1-01-2015, 16:40

«Хушдомани золим» ва «Гопӣ»-ро ба бозор даровардандДоир ба матоъҳое, ки соли 2014 дар мӯд буданд, чӣ медонед? Зоҳиран, соли гузашта бозори либосворӣ, пойафзол, ороиши мӯй, телефонҳои ҳушманд дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Қӯрғонтеппа бисёр гарм буд.

Ҳусния Султонова, савдогари бозори «Фаровон»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, доир ба куртавориҳое, ки соли гузашта бештар ба фурӯш рафтанд ва ба қавле, либосҳои дар ҳукми мӯди соли 2014 буданд, мегӯяд: «Имрӯз мардум бештар матоъҳои туркию ҳиндӣ ба бар намуда истодаанд. Ҷомеаи мо тақлидкор аст. Матоъҳое аз қабили «Айфон», «Ёрик», «Тредей», «Самира», «Қаср», «Гоба», «Хурремсултон», «Шабнам»-ро соли 2014 хусусан ҷавонону арӯсшавандаҳо бештар харидорӣ мекарданд. Дар баробари ин, матоъҳое бо номи рамзии «Хушдомани золим» бо арзиши 300 сомонӣ, «Гопӣ» ба қимати 80 сомонӣ, ки аз номи сериёли ҳиндӣ ва қаҳрамони он гирифташудааст, ба бозор даромада, серхаридор буданд».

Ҳатто баъзе либосҳое, ки ситораҳои эстрадаи тоҷик ба бар намуда, дар саҳна баромад мекунанд, ба хотири гарм кардани бозори худ тоҷирон зуд матоеро ба номи онҳо гузошта, бо қимати гаронтар савдо мекунанд.

Оид ба мӯд байни ҷавонон бошад, Нуриддин Давлатов, тоҷири дигари бозори «Фаровон»-и Қӯрғонтеппа, мегӯяд: «Замона пеш рафта истодааст, дар бозор ҳам тағийрот мешавад. Вақте барои бор овардан ба Душанбе ё хориҷа меравем, худи «оптовик»-ҳо борашонро ҳамин гуна ном мегиранд. Писарон имрӯз бештар курткаи дароз, жемпири итолиёӣ, шими драп, ки сифати аъло доранд, ба бар мекунанд».

Зиннатбегим Давлатова, корманди кошонаи ҳусни «Архидей», доир ба намудҳои гуногуни ороиши мӯйи соли 2014 дар мӯдбуда чунин гуфт: «Якчанд акси ороиши мӯйро дар даст дорем ва ба муштариён пешниҳод менамоем, то мақбули дили худро интихоб кунанд. Баъдан, мувофиқи хоҳишашон ороиш медиҳем. Муштариёни мо асосан кормандони идораҳои давлатӣ, савдогарон, наварӯсон ва ҷавондухтарон мебошанд. Мо мувофиқи завқи онҳо мӯйҳояшонро аз намудҳои химка, укладка, татуаш ва ғайра ороиш медиҳем».

Дар ҳамин ҳол, Исроил Яъқубов, ороишгари мӯйи мардон дар бобати мӯди соли 2014 дар байни ҷавонон якчанд намунаро номбар кард: «иракес», «ёрик», «реактивний», «модел», «молодёжний», «плошадка», «бобрик», «бокс», «полубокс». Имрӯз ҳатто қошҳои худро теғ задан ҳам талаби мӯд будааст.

Аз миёни телефонҳои мобилии мӯдшуда дар соли 2014 навъи «Самсунг Галакси-2,3, 4, 5», планшетҳои «Ноут-4», «Сонӣ-2», «Галакси-Аалфа», «Топ-4» харидори зиёдтар дошт.

Заррина Қаюмова, ҷавондухтаре аз Қӯрғонтеппа, ки мӯйи сари худро «Корея» номгузорӣ кардааст, гуфт, ки ин ороишро дар яке аз филмҳои бисёрсериягии кореягӣ дидааст. «Баъди ороиш қисми зиёди духтарон ба мӯйи ман тақлид карданд. Дар соли 2015 ният дорам, ки имиҷамро тағйир дода, мӯямро дигар хел ороиш диҳам», - афзуд ӯ.

Ба андешаи Шаҳзод Раҳимов, мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, имрӯз завқмандии ҷавонон бештар ба либосҳои аврупоӣ, телефонҳои гаронбаҳо, ороиши берабти мӯй аст, ки тақлид ва сарфи беҳудаи пул мебошад. «Хуб мебуд ҷавонон бештар ба шиму костюм, духтарон ба чакану атлас таваҷҷуҳ карда, мӯйҳояшонро тавре ороиш диҳанд, ки ба фарҳанги шарқиёнаи мо хос бошад», - зикр кард Ш. Раҳимов.

Ҳамсолони азиз, биёед дар соли нави 2015 сарулибоси миллии худро ба ҳукми мӯд дарорем, то моро ҳамчун ҷавонони тоҷик шиносанд, на ғарбӣ.

Комрони БАХТИЁР


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Причоска»-ра бин, гўшот меҷунба!

«Причоска»-ра бин, гўшот меҷунба!

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш
Эксперименти «Хатлон»: Ним рӯзи кор – 1 сомонӣ фоида…

Эксперименти «Хатлон»: Ним рӯзи кор – 1 сомонӣ фоида…

Ҷавонон ва варзиш
Ситораҳои беҷило

Ситораҳои беҷило

Ҷавонон ва варзиш, ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД, КОМРОНИ БАХТИЁР
Матои синтетикӣ зарар дорад

Матои синтетикӣ зарар дорад

Тандурустӣ ва экология
Дар 2015 ба фарзандатон чӣ ном мегузоред?

Дар 2015 ба фарзандатон чӣ ном мегузоред?

Маориф ва илм, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ