Дар як сатр
» » Р. Сапармуротова: «Барои муваффақ гардидан бояд аз дили замин огоҳ бошӣ»

Р. Сапармуротова: «Барои муваффақ гардидан бояд аз дили замин огоҳ бошӣ»

16-10-2015, 10:15

«Он замон Хол Раҳмон раиси ноҳия буд. Як рўз ў маро назди худ даъват карда, гуфт, ки «модарҷон, бригадирӣ карда мегардӣ, беҳтараш як хоҷагии деҳқонӣ ташкил карда, худатро соҳибӣ кун». Ман ин пешниҳоди раисро фикр карда баромадам, ки бисёр пешниҳоди хуб буд ва ҳамин тавр, хоҷагии деҳқонии оилавиро ташкил кардам».

Р. Сапармуротова: «Барои муваффақ гардидан бояд аз дили замин огоҳ бошӣ»Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому манзалати зан дар ҷомеа баланд бардошта шуд. Сиёсати давлат дар самти дастрасии занон ба замин яке аз иқдомҳои нек дар ин раванд буда, занони деҳот имконияти соз-гори фаъолият дар заминро пайдо намуданд. Имрўз зани тоҷик дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ баробари мардон меҳнати софдилонаю арзанда дорад.

Агар саҳифаҳои китоби зиндагии бобаракати Раҷабгул Сапармуротоваро варақгардон намоем, дар пеши назарамон меҳнати софдилонаю пурбаракат, тарбияи хуби фарзандон, садоқат ба оила, Ватани азиз ва хоки муқаддаси он ҷилвагар мегарданд.

Раҷабгул Сапармуротова мегўяд, ки соли 2005 дар пайи таҷдид гардидани савхози “Тоҷикистон” ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, ў низ дар баробари дигар сокинони ноҳия бо маслиҳату машварати раиси собиқи ноҳия Холмурод Раҳмонов дар масоҳати 8,5 гектар хоҷагии худро бо номи “Ҳасанбой” ташкил намуд.

- Он замон Хол Раҳмон раиси ноҳия буд. Як рўз ў маро назди худ даъват карда, гуфт, ки “модарҷон, бригадирӣ карда мегардӣ, беҳтараш як хоҷагии деҳқонӣ ташкил карда, худатро соҳибӣ кун”. Ман ин пешниҳоди ҳокимро фикр карда баромадам, ки бисёр пешниҳоди хуб буд ва ҳамин тавр хоҷагии деҳқонии оилавиро ташкил кардам, - мегўяд Раҷабгул Сапармуротова.

Бино ба гуфти ў, дар замонҳои нав ташкил шудани хоҷагии деҳқонӣ мушкилоти зиёде, аз қабили бинобар сабаби сидқан коркард нашудани замин ҳар гуна алафҳои бегона зиёд рўйида буданд, ҳамчунин шўршавии замин садди роҳашон буд, ки барои рафъи ин камбудиҳо қариб як соли худро сарф намудаанд.

Баъди заҳматҳои зиёди апаи Раҷабгул ва фарзандону келинҳояш, заминҳои хоҷагии деҳқонии “Ҳасанбой” ба яке аз заминҳои беҳтарин дар ноҳия табдил ёфта, аз он ҳамасола ду ҳосил бардошта мешавад.

- Дар хоҷагии деҳқониам ҳамроҳи 5 писару 4 келин ва 2 набераам фаъолият менамоем, - мегўяд Раҷабгул Сапармуратова. - Аз инҳо 5 нафарашонро ҳамчун саҳмдор гузаронида, дигарҳояшон ёрдамчӣ мебошанд. Худоро шукр, ин замин оилаамро, ки аз 5 писару 5 келин ва 24 набера иборат мебошад, ҳам мехўронаду ҳам мепўшонад. Хуллас, баъди оне, ки соҳиби замин гардидем, сатҳи зиндагиамон аз замин то ба осмон ба самти мусбат тағйир ёфт.

Мувофиқи гуфтаи ин ҳам-суҳбати мо, мушкилоти аслие, ки имрўзҳо дар ин ноҳия садди роҳи рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ гардида истодаанд, ин пур шудани заҳбўру заҳкашҳо мебошад, ки боиси шўр ва корношоям гардидани заминҳо шудааст ва набудани бозори мустақим барои фурўхтани маҳсулот.

Бино ба маълумотҳо, аз зиёда аз 1,5 ҳазор хоҷагии деҳқоние, ки дар ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав мавҷуд мебошад, роҳбарии 75 нафари онҳоро занон бар уҳда доранд, ки на ҳамаашон дар ин ҷода муваффақ гардидаанд.

Раҷабгул Сапармуротова ме-гўяд, ки иллати аслии муваффақ нагаштани қисме аз занон дар ҷодаи кишоварзӣ бар он рабт дорад, ки онҳо «дили зиминро намефаҳманд».

- Масалан, худи ман то замоне, ки хоҷагии деҳқонии оилавиамро ташкил намоям, тўли 13 сол дар хоҷагии давлатии «Бешкент» ба ҳайси механизатор фаъолият намудам, ҳамчунин давоми 13 соли дигар ба ҳайси бригадир дар ҳамин хоҷагӣ кор кардаам, баъд ба ман муяссар гардид, ки бо замин забон ёбам, - зикр кард Раҷабгул Сапармуротова.

Аҳли хоҷагии деҳқонии «Ҳасанбой» каме маблағ пасандоз намуда, тасмим доранд, ки барои осон намудани корашон имсол як адад трактор хар
идорӣ кунанд.

Ёдрас шудан бамаврид аст, ки Раҷабгул Сапармуротова 4 майи соли 1951 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд шуда, дар солҳои мактабхонӣ орзуи механизатор шудан дошт. Аз ин хотир, баъди хатми муассисаи таълимии №39-и ноҳияи Қубодиён, солҳои 1969-1970, барои аз худ намудани касби механизаторӣ дар омўзишгоҳи касбӣ-техникии №23-и ноҳияи Шаҳритус таҳсилашро идома дод. Баъди оне, ки дар соли 1970 оиладор шуд, моҳи феврали соли 1977 ҳамроҳи шавҳараш На-ботов Ҳасан барои азхудкунии заминҳои водии Бешкент кўч мебандад. Ҳасан Наботов ба ҳайси булдозерчӣ дар трести сохтмонии «Бешкентводстрой» ба кор шурўъ намуд ва Раҷабгул Сапармуротова бошад, аз рўйи касби интихобкардааш дар хоҷагии давлатии «Бешкент» аз соли 1979 то соли 1992 ҳамчун механизатор кор кард.

Кори хуби апаи Раҷабгулро ба назар гирифта, ўро соли 1992 бригадири хоҷагии давлатии «Бешкент» таъин намуданд ва ў то соли 2005 ҳамчун зани кордону коршинос сарварии қитъаи мазкурро сарбаландона пеш бурдааст.

Дар баробари фаъолияти меҳнатӣ Раҷабгул Сапармуротова пайваста ҳамчун шахси кордону пуртаҷриба дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъол мебошад, солҳои 1980-1990 вакили халқи ҷамоати деҳоти «Фирўза», раиси кўчаи шаҳраки Баҳор ва дар дигар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат намудааст.
Барои хизмати шоиста Р. Сапармуротова бо ордени Байрақи сурхи меҳнат, нишони сарисинагии «Ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ» ва дар ҷашнҳои бузурги давлатӣ бо туҳфаҳои президентӣ сарфароз гардонида шудааст. Моҳи марти соли 2013 дар арафаи Рўзи модар бо қарори раиси вилояти Хатлон бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шудааст. Дар озмуни «Зан - соҳиби замин» бошад, 4 апрели соли 2014 дар шаҳри Душанбе барои иштироки фаъолона ва ғалаба аз рўйи номинатсияи «Беҳтарин зан - роҳбари хоҷагии деҳқонӣ» бо диплом ва 2000 сомонӣ мукофоти пулӣ сарфароз гардидааст.

Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷумъагелдӣ – осебшинос, анорпарвар, пахтакор

Ҷумъагелдӣ – осебшинос, анорпарвар, пахтакор

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Номаҳои Шумо
Ҳавасмандии деҳқон боиси рушди картошкапарварӣ дар ҷануб мегардад

Ҳавасмандии деҳқон боиси рушди картошкапарварӣ дар ҷануб мегардад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)

Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)

Арсаи кишоварзӣ, Матолиби чандрасонаӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Барканории раҳбарони идораҳои обёрӣ дар 8 ноҳияи Хатлон

Барканории раҳбарони идораҳои обёрӣ дар 8 ноҳияи Хатлон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА