Дар як сатр
» » «Причоска»-ра бин, гўшот меҷунба!

«Причоска»-ра бин, гўшот меҷунба!

16-10-2015, 08:50

«Сар пачкаи пичинӣ, гўшот турбаи резинӣ, бинит уштаки гаиворӣ, дандонот ришоткаи турмаворӣ», ин буд ибораҳое, ки қаблан ҷавонон ба гуфтаи худашон дар гуфтугў мисли «закуска» истифода мекарданд. Аммо имрўз чунин ба назар мерасад, ки «фарҳанг»-и кўчагии ҷавонписарону духтарон торафт «бой»-у «ғанӣ» гашта истодааст. Феълан вожаҳои «...девонашай», «хар...й», «ҳайв...най», « гўшош меҷумба», «паҳ, причоскара бин» ва амсоли инро фаровон истифода мебаранд.
«Причоска»-ра бин, гўшот меҷунба!

Имрўзҳо миёни ҷавонон калима ва ибораҳое зуҳур кардааст, ки аз лиҳози маънӣ бисёр пучу бемаънӣ аст.Ҷавонон дар ҳоли ҳозир ибораҳои дар боло зикршударо ҳатто дар муошират бо дўстону наздикон истифода мекунанд, ки агар ба маънии аслии онҳо нигарем, ба фарҳанги забони тоҷикӣ лахна мезанад. Вожаҳои «...девонашай», «хар...й», «ҳайв...най»,«гўшот меҷумба», «паҳ, причоскара бин» асосан дар муносибати байни ҷавонписарону ҷавондухтарон мушоҳида шуда, қариб ҳамагӣ ба фаҳмиши онҳо маънои зўр ва ё аълоро ифода мекунад. Вақте писар духтарро мебинад, «хай...ай», «девонаш...ай»-гуфта, гўё ўро таъриф мекунад. Инро аксаран духтарон низ хуш истиқбол мегиранд ва баъзан хурсанд ҳам мешаванд, ки онҳоро таъриф кардаанд.

Пас, суоле ба миён меояд, ки бонувони тоҷик ба ҳамин гуна «лутфҳо»-и гўшхарош ниёз доранд? Наход духтари тоҷикро бо ин гуна вожаҳо таъриф кунанду ба ҳар чиз ташбеҳ диҳанд?!

Ба гуфти Умедҷон Шамсов, донишҷў, ҷавонон ин навъи муоширатро замонавӣ ҳисобида, бо чунин гуфторҳо шаҳрӣ будани худро ба дигарон нишон додан мехоҳанд.

- Як рўз аз роҳ мегузаштам, ду писар ба як духтаре, ки аз пешашон мегузашт, луқмапартоӣ мекарданд: «Неки х..ш бдай ҳ?»,- гўён ба ҳамроҳаш суол кард, дуюмин дар ҷавоб: «ҳа х..рй неки дум надорад»,- гуфта писханд зад, ки духтар аз хиҷолат сурх шуда сар хам карду гузашта рафт. «Ана одоби мо»,-мегўяд Шамсов.

Баракатулло Валиев, яке аз он писарони ба қавле замонавие ҳаст, ки ҳамарўза дар гуфтораш чунин ибораҳои бемазмунро истифода бурда, ҳаммаслакони хешро ба ханда медарорад, роҷеъ ба ин масъала фик-рашро чунин баён намуд: «Вақте ки чунин ибораҳоро ба забон меовараму атрофиёнам механданд, шавқам омада ибораҳои нав ба нав ихтироъ мекунам. Бо ин роҳ дар дили ҳамагон зуд ҷой гирифта, корамро ба осонӣ анҷом медиҳам. Агар рўзе хомўш нишинаму аз наздамон касе гузарад, дарҳол дўстонам мегўянд, ба мисли чӣ будааст? Маҷбур мешавам чизе бигўям, то биханданд. Масалан, як рўз ба наздамон духтари зебое гузашт, духтарҳои наздамбуда гуфтанд: «Иро бин?» Давомашро ман гуфтам: «Иро бин мўйи сарат мерақсад»,-зикр кард номбурда.

-Нахустин бор, вақте ки ман чунин тарзи муоширатро шунидам,пас ба хулосае омадам, ки дар замони муосир духтарон беқадр шудаанд. Наход духтарро ба ҳайвон ё девона нисбат дод?, -мегўяд Озодаи Рауф. - То соли аввали донишҷўиям бо чунин тарзи гуфтор рў ба рў нашуда будам, баъдтар фаҳмидам, ки ин калимаҳо чӣ маъно доранд. Дар аввал вақте мешунидам зуд асабӣ мешудам, акнун мефаҳмам чиро дар назар доранд, он қадар қаҳрам намеояд,-гуфт О. Рауф.

Муҳаббат Маҳмадалиева, саромўзгори ДДҚ ба номи Н. Хусрав,оид ба ин мавзўъ фикрашро чунин баён намуд: «Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои куҳантарин ба шумор меравад. Пеш аз ҳама боигарии забони мо ин захираи луғавии мо аст, яъне калимоти зиёди таркиби луғавии забони мо боиси боигарии забони мо мегардад. Аммо падидае, ки имрўзҳо нигаронкунанда аст, асосан дар байни ҷавонон ба назар мерасад. Истифодаи калимаҳои тоҷикӣ ё ба қавле вулгаризмҳо мебошад. Масалан, ҷавонони мо калимаҳои ба монанди «хар...й», «ҳайв...най», «девон...шай» истифода мебаранд. Мо агар ба фарҳанг, ба маънии ин калимаҳо нигарем, мебенем, ки ҳеҷ робитае надоранд. Мо бояд тарзи истифода намудани чунин калимаҳоро ба онҳо фаҳмонем ва онҳо кўшиш кунанд ба меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ риоя кунанд. Моро мебояд меъёри забони адабиро ҳам ба насли наврас ва ҳам ба ҷавонон роҳандозӣ кунем ва пеш аз ҳама эҳтироми онҳоро нисбати забони тоҷикӣ бедор намоем, то онҳо ба маънии луғавии ҳар калима сарфаҳм рафта, мавқеъ ва истеъмоли онҳоро донанд»,-афзуд ў.

Пас, мебояд мо ҷавонон чунин калимаҳоро дар муоширати худ истифода накунем ва аз калимаҳои сирф тоҷикӣ дар гуфтори худ истифода намоем. Зеро ки забони мо таркиби луғавии бой дорад. Забони мо забони назм аст. Забоне аст, ки ба ҷаҳониён ҳамчун забони манзум муаррифӣ гашта. Агар ҷавонони мо дар муоширати худ аз ашъори шоирон истифода баранд, фикр мекунам беҳтарин амал хоҳад шуд.

Фаромўз БОБОЕВ,
коромўзи «Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсия саривақтист

Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсия саривақтист

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳар сешанбе – Рӯзи забони тоҷикӣ

Ҳар сешанбе – Рӯзи забони тоҷикӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм
Фидоии забони модарӣ

Фидоии забони модарӣ

Фарҳанг ва адабиёт
Нашри нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон

Нашри нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Худо аз марги забон нигоҳ дорад!

Худо аз марги забон нигоҳ дорад!

Фарҳанг ва адабиёт, КОМРОНИ БАХТИЁР