Дар як сатр
» » Омодагии зиддисӯхтор дар сармо

Омодагии зиддисӯхтор дар сармо

15-10-2015, 17:32

Аз тарафи Хадамоти давлатии оташнишонии минтақаи Кӯлоб семинар-машварат дар мавзӯи «Таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар фасли сармо» ташкил ва гузаронида шуд.
Омодагии зиддисӯхтор дар сармо
Сардори ниҳоли мазкур полковник Назирмат Аюбов доир ба сабабу омилҳои асосии ба амал омадани ҳодисаҳои сӯхтор дар фасли сармо, инчунин оид ба роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо чунин ҳодисаҳои нохуш ва дигар ҳодисаҳои фавқулодаи табиию техногенӣ, новобаста аз фаслҳои солу вақти содиршавии онҳо, ба ҳозирин маълумот ва маслиҳатҳои муфид дод. Ҳангоми баргузории машғулиятҳои амалӣ мутахассисони соҳа ба иштирокчиёни чорабинӣ иқтидору тавоноӣ, техникаву таҷҳизоти муосири дар ихтёрдошта ва имкониятҳои дружинаҳои идоравии оташнишонию қобилияти қувваю воситаҳои ХДО-ро ҳангоми рафъи ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ва наҷотдиҳии одамону молу мулки онҳо аз ҳалқаи оташ намоиш доданд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

14 дастаи РХДО қувваозмоӣ намуданд

14 дастаи РХДО қувваозмоӣ намуданд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Намоиш-фурӯши техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷомӣ

Намоиш-фурӯши техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷомӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Хатлониҳо ҳаёташонро суғурта мекунанд

Хатлониҳо ҳаёташонро суғурта мекунанд

Хабарҳо
Ду сӯхтор дар рӯзҳои ҷашн

Ду сӯхтор дар рӯзҳои ҷашн

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ду сӯхтор дар як рӯз

Ду сӯхтор дар як рӯз

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА