Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ


Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ



Инак, 30 сол мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Истиқлоли комили давлатӣ мебошад. Дар ин муддат давлати соҳибистиқлоли мо ба дастовардҳои арзишманди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гаштааст.

Таърих собит намудааст, ки дар низоми ташаккули давлатдориву давлатсозӣ ҳеҷ як дастоварди аслӣ бидуни соҳибистиқлолии комил арзишҳои бунёдӣ надорад. Ҳамаи ин муваффақияту комёбиҳои халқу мамлакати тоҷикон аз муттаҳидӣ ва меҳандӯстии шаҳрвандон дарак медиҳад. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки миллати сулҳпарвари мо пас аз хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ бори дигар ҷаҳониёнро бовар кунонид, ки тоҷикон ҳамчун миллати дорои фарҳанги баланд, ҳамеша ҷонибдори сулҳу ваҳдат буданд, ҳастанд ва мемонанд.

Яке аз хизматҳои бузурге, ки Сарвари давлатамон дар давраи истиқлолият ба анҷом расонид, ин баргардондани гурезаҳо ба кишвар ва таъмини сулҳу ваҳдати сокинон буд. Дастоварди дигари сиёсии сокинони мамлакат бо сарварии Ҷаноби Олӣ ин дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ (1994) қабул намудани Канститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар он низоми нави қонунгузорӣ ташаккул ёфт ва кишвари мо дорои рамзҳои муқаддаси Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид.

Марҳила ба марҳила, яъне дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ таҳти дастуру супоришҳои ҳамешагии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар сартосари кишвар вусъат ёфт, аз ҷумла, ин кишвари офтобӣ тавассути мардуми меҳнатдӯсту ватанпарвар ба истиқлолияти энергетикӣ низ расид, ки мислашро тамоми дунё орзу мекунад.

Бале, ин бунёди Неругоҳи барқии обии «Роғун» мебошад. Он аз рӯи ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар Осиёи Миёна калонтарин, аз ҷиҳати баландӣ ва ҷойгиршавии агрегатҳои зеризаминӣ дар ҷаҳон беназир буда, дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон мавқеи тақдирсоз дорад. Аз ин рӯ, онро боифтихор сарчашмаи бахту саодат, омили муҳимми шукуфоии кишвар меноманд. Олимон, адибон, шоирон, журналистон ва умуман, аҳли зиёи кишвар дар бораи он шеъру тарона, очерку қисса офарида, шуҷоату мардонагии бинокоронро самимона васф намудаанд. Аз тасвирҳо ва мулоҳизаҳои аҳли зиё маълум мегардад, ки сохтмончиёни ин иншооти азим дар ин айём чи қадар корнамоиҳо мекунанд ва ҳар яки онҳоро метавон қаҳрамони замон номид.

Оре, бунёди НБО «Роғун» яке аз дастоварҳои бузурги даврони истиқлол ва иқдомҳои ҷасуронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки он чанд муддат боиси кашмакашию андешарониҳои беасоси мутахассони хориҷӣ гардид ва ниҳоят Сарвари давлат изҳор намуд, ки онро Тоҷикистон бо маблағи худ месозад. Боиси ифтихор аст, ки сохтмони он алҳол бо тамоми қувва идома дошта, пайваста агрегатҳои он ба кор даромада истодаанд.

Дар ин раванд, инчунин, як қатор роҳҳо ва нақбҳо чун «Истиқлол», «Озодӣ», «Шаҳристон» ва ғайраҳо бунёд гардидаанд, ки барои тиҷорат ва некуаҳволии мардум мусоидат менамоянд.

Моро мебояд ба қадри ин неъмати бебаҳо, ки номаш Истиқлолият аст, расем. Дастовардҳои истиқлолияти тоҷиконро аз ҳарвақта дида бештар тарғибу ташвиқ намоем, зеро Истиқлолият шиносномаи давлати тоҷикон, санаи сарнавиштсозу муқаддас, рамзи саодату шуҷоат, ташаккули муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, амалисозии ҳадафҳои муҳими миллӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами аксар кишварҳои олам шинохта шудааст.

Муқаддас РУСТАМЗОДА,
декани факултети забон ва адабиёти
руси ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода