Дар як сатр
» » «Вахш»-у «Равшан» дар зинаҳои охир

«Вахш»-у «Равшан» дар зинаҳои охир

1-01-2015, 16:34

«Вахш»-у «Равшан» дар зинаҳои охирДар 11 моҳи соли 2014 варзишгарони вилояти Хатлон дар 35 мусобиқаи байналмилалӣ ва 78 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 1173 медал ба даст оварданд, ки аз ин ҷумла 404 ададаш тилло, 321-тояш нуқра ва 448-тоаш биринҷӣ мебошад.

Дар баробари ин, ҷиҳати густариши варзиш ва мунтазам таблиғ намудани тарзи ҳаёти солим дар деҳот ҳар рӯзи шанбе чорабиниҳои гуногуни варзишӣ гузаронида шуда, наврасону ҷавонон, кормандони муассисаву ташкилотҳо ва аҳолии деҳот ҷалб карда мешаванд. Ҳамза Бобоев, муовини сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, ин ҳама дастовардҳоро нисбат ба соли гузашта бартар донист. Вай аз ҷумла гуфт: «Варзишгарони вилоят имсол нисбати соли гузашта 75 медал зиёдтар ба даст оварданд ва барои боз ҳам афзоиш додани сафи ҷавонони боистеъдод мо нақшаи чорабиниҳоро барои соли оянда тартиб додаем».

Азизҷон Қосимов, варзишгаре, ки аз варзиши сабук, яъне ҷаҳидан ба баландӣ, 6 маротиб дар ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал гаштааст, дар Бозиҳои Осиёӣ, ки 16-уми ноябри соли 2014 дар Тайланд баргузор гардид, бори аввал ширкат варзида, сазовори ҷойи 6-ум гашт. ӯ мегӯяд: «Вақте моро ба Тайланд бурданд, то баргузор гардидани мусобиқа танҳо дар як меҳмонхона будем. Ман забони англисиро намедонистам, хеле азоб кашидам ва ин ба асаби ман низ таъсири манфӣ гузошт. Барои ҳамин дар мусобиқа фаъол буда натавонистам. Мураббиёне, ки аз Душанбе буданд, ба дигар ҷо рафта, бо шогирдони худ машғул шуда, ба ман кам аҳамият медоданд. Вале ман рӯҳафтода нестам, ҳар рӯз тамрин мекунам ва барои мусобиқаҳои соли оянда омодагӣ мебинам».

Ҳамза Бобоев, муовини сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, зимни зикри мушкилоти соҳаи варзиш дар соли 2014 танҳо паст рафтани дастаҳои футболи Хатлонро дар ҷадвали мусобиқоти Лигаи олӣ мисол овард. «Чун соли 2014 соли футболи оммавӣ буд, дар ҷойи охир мондани ду дастаи овозадори хатлонӣ - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Равшан»-и Кӯлоб, ки яке қаҳрамони секарата ва дуюмӣ қаҳрамони дукаратаи кишваранд, ҳаводорони футболро нигарон кардааст», - афзуд ӯ.

Воқеан ҳам соли 2014 дар охири ҷадвал мондани ин ду даста барои мухлисони футбол дарднок буд. Аммо Мунис Куганов, як мухлиси дастаи «Вахш», мегӯяд, ки аз дар ҷойи 9-уми чемпионати Тоҷикистон қарор гирифтани ин даста ғамгин нест, чунки сабаби инро медонад. «Ҳарчанд имрӯз бозигарон дастаро тарк намуда, ба дастаҳои дигар гузаштаанд, боварӣ дорам, ки рӯзе ин дастаро ягон соҳибкор ё ташкилот маблағгузорӣ мекунаду боз онҳо гашта меоянд», - афзуд ӯ.

Исроил Шарифов, роҳбари клуби футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, дар суҳбат бо рӯзномаи «Хатлон» мушкилоти дастаро ингуна шарҳ дод: «Аз сабаби набудани сармоягузор соли гузашта даста барҳам хӯрд ва барои пурра номаш аз чемпионат хориҷ нашудан Федератсияи футболи Тоҷикистон лозим донист, ки дастаи мунтахаби ҷавонони то ҳабдаҳсолаи Тоҷикистонро дар базаи клуби «Вахш» ҷойгир намояду маблағгузориро худи федератсия ба уҳда гирифта, ба ин васила дастаро то охири чемпионат дастгирӣ кунад. Бозигарони ботаҷриба ва мураббиён тарки даста намуда, барои кор ба Росия рафтанд. Чанд нафаре аз мураббиён муддати зиёд маош ҳам намегиранд. Ба умеди пайдо шудани сарпараст ҳастем, ки дастаро боз аз сари нав эҳё сохта, ба ҳамон дастовардҳои қаблӣ ноил гардем».

Давлатбеки КАРИМЗОД


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Талоши «Равшан» барои ҷойи 3-юм

Талоши «Равшан» барои ҷойи 3-юм

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Иштироки 3 дастаи футболбоздухтарони Хатлон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Иштироки 3 дастаи футболбоздухтарони Хатлон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Вахш» сарпараст меҷӯяд

«Вахш» сарпараст меҷӯяд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

"Равшан"-и Кӯлоб сарпараст ёфт, "Вахш"-и Қӯрғонтеппа чӣ?

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА