Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ҳунар беҳ аз зар


Ҳунар беҳ аз зар



Кандакорӣ


Кандакорӣ навъе аз ҳунарҳои анъанавӣ мебошад, ки ба сохтану ороиши иморатҳо ва баъзе ашёи рӯзгор марбут аст. Кандакорӣ асосан дар чӯб, инчунин дар гач, санг, гил, мис ва дигар ашёҳо анҷом дода мешавад.

Кандакории чӯб аз қадимтарин ва маъмултарин санъати ороишии халқи тоҷик мебошад. Ҳунармандон бештар аз чӯбҳои зардолу, арча, чанор, тут, чормағз истифода бурда, нақшҳои ҳандасӣ, ислимӣ ва гоҳе тасвирҳои ҷонваронро кандакорӣ мекунанд.

Ҳунари кандакорӣ бештар дар сутунсозӣ, ороиши раву болор, сақф, дару дарвозаҳо ва панҷараҳои чӯбин ба кор бурда мешавад. Инчунин, дар ороиши ашёи рӯзор, аз ҷумла сандуқ, ҷевон, кат, мизу курсӣ, қолибҳои нақшпартоӣ барои читгарӣ ва ғайра аз кандакорӣ истифода мекунанд.

Ҳунари кандакориро ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: халқӣ ва касбӣ. Услуби халқӣ идомаи анъанаҳои пешин буда, имрӯз дар деҳот мушоҳида мешавад. Услуби касбиро бештар наққошону меъморони соҳибмаълумот дар биноҳои муҳташами фарҳангию маърифатӣ истифода мебаранд.

Ҷараёни кор аз аввал то охир дастӣ буда, баъзан занҳо низ ба онҳо ёрӣ медиҳанд. Чунки баъзе аз занҳо қаламкаши бомаҳорат буда, нақши рӯйи чӯбро хеле моҳирона мекашанд. Устоҳои кандакор ин ҳунарро аз авлод ба авлод интиқол дода, бо ҳамин услуб кандакории қадимии худро то имрӯз ҳифз кардаанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон маҳсули кори кандакоронро дар сутуну болор ва дару тирезаҳои чойхонаҳо, масҷидҳо, осорхонаҳо, дар қасрҳои фарҳанг, биноҳои маъмурӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Намунаи кандакории қадимии чӯбиро бостоншиносон аз шаҳрҳои Панҷакенту Истаравшан дарёфт карданд, ки ба қарнҳои 7-8 тааллуқ дорад.

Таҳияи Гесӯ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода