Дар як сатр
» » «Шавҳарёбӣ» ё талош барои хона?

«Шавҳарёбӣ» ё талош барои хона?

14-10-2015, 10:20

«Шавҳарёбӣ» ё талош барои хона?
(Духтар, 27-сола, сокини ш. Душанбе, маълумоташ миёна, хонашин, қадаш-164, вазн-54кг, бо ҷавонмарди то 30-35-солаи соҳиби кор ва ҷои зист оила барпо кардан мехоҳад.
– Аҳли хонадони мо ҳама хоксору самимианд. Мо ҳеҷ гоҳ аз пайи молу сарват набудем…
(аз нашрияи «Муҳаббат ва оила», №25 (706), 16-22 июн)


Чопи чунин эълонҳо дар саҳифаи маҳфили шиносоии «Бахт»- и нашрияи «Муҳаббат ва оила», аз ҷониби муштариёни он имрӯз нафареро ба ҳайрат оварда наметавонад, зеро ки зоҳиран ин шеваи «зану шавҳарёбӣ» ё талош барои хона, ба ҳукми анъана даромадааст. Пеш аз ҳама, ин усули шиносоӣ ва издивоҷ барои ҷомеаи анъанавӣ ва суннатии мо бегона буд ва ҳаст, аммо бо гузашти солҳо ин амал муқарарӣ шудан дорад. Коршиносон бар ин назаранд, ки рубрикаи шиносоии «Бахт» тавонист то андозае муҷаррадонро ба ҳам ораду оила ҳам барпо намоянд.

Солҳои пешин мақсаду ниятҳо миёни писару духтар хеле ҷиддӣ ва беолоиш буданд, ҳоло бошад, эълони «шавҳарҷӯӣ»-и занону духтарон ва ё «занҷӯӣ»-и мардон, муд шуд. Мардҳо бо духтарони шавҳарҷӯй ҳангоми мукотибаю мулоқот шартҳои худро мегузоранд: «зани дуюм шудан, манзилӣ истиқоматии доимӣ доштан». Вале аз ҷониби духтарон ҷойи кор ва манзали истиқоматӣ доштан доштани мард шарти ҳатмӣ дониста мешавад. Аз миёни ин афрод ёфтани нафаре душвор аст, ки дар асл соҳиби хонаву рӯзгори аз ҳама лиҳоз таъмин бошад. Соҳибони эълонҳо худро инсони бекасу танҳо нишон дода, тавассути нашрия ҳамсар ё рафиқи ҳаётӣ пайдо кардан мехоҳанд. Аксари нафарони эълондеҳ аз манзили истиқомативу танҳоии худ қисса мекунад.

Аз Нуъмон Низомӣ, роҳбари маҳфили шиносоии «Бахт»-и маҷаллаи «Муҳаббат ва оила», ҳангоми суҳбати телефонӣ пурсон шудам, ки чӣ теъдод аз аъзои маҳфили шумо тариқи нашрия бахти худро пайдо намудааст?

Вай бо гиламанди афзуд:

- Нафароне, ки ба идораи мо муроҷиат мекунанд, ҳатман хостаҳояшро гӯш карда, сипас дар маҷалла нашр мекунем. Дигар намедонем, ки оянда ҳамтақдири худро меёбанд ё не? То имрӯз ягон нафар маротибаи дуюм ба наздамон наомадааст. Мақоле ҳаст: «Харам аз об, ки гузашт…» бо ҳамин тамом.

Ҳангоми баррасии ин мавзӯъ хостам таҷриба кунам, ки то куҷо тариқи ин ҳафтанома мукотиба доштан ҷиддию ояндадор аст. Паёмаки санҷишие ба рубрикаи навбатии «Бахти худро меҷӯям»-и нашрияи «Муҳаббат ва оила» ба таври зайл навиштам: «Ман Комрон, мехоҳам бо духтари зебое шинос шавам 50101…». Дар поёнии чунин эълон рақами телефони шахс навишта мешавад. Дар ҳақиқат, баъд аз нашр шудани маҷалла смс- ҳои пайопай дар телефонам ворид шудан гирифт. Пайхас намудам, ки рақамҳоям дастраси духтарон гардидааст. Муддати 12 рӯзе, ки симкорти эҳтиётиам барои занг задан дастрас буд, 267 смс- паём барои шинос шудан ворид гардид. Телефонам аз зангҳои воридотӣ қарор намегирифт…

«Шавҳарёбӣ» ё талош барои хона?

«Таҷриба»-и Саидҷаъфар


Саидҷаъфар, ҷавони донишҷӯ аз ДДҚ ба номи Носири Хусрав, аъзои фаъоли маҳфили «Бахт» буда, ҳар дафъа бо мақсади шиносоӣ бо духтарон бо номҳои гуногун эълонҳо чоп мекардааст. Вай дар суҳбат бо мо чунин гуфт:

- Духтарон бисёр занг мезананд. Масалан, ҳафтае пеш тариқи нашрия бо Сабрина ном духтараке аз Душанбе шинос шудам. Барои дар бовариаш даромадан ба саволҳои додааш аз ман посух мегирифт. Нахуст саволаш чи кора буданам буд. Ба хулосае омадам, ки бигӯям дар ш. Қӯрғонтеппа ду нуқтаи савдо дорам, вале мошинамро фурӯхтааму ният дорам, ки болояш маблағ монда, мошини хубтар харам. Дар аввал пайваста занг мезадаму дили ӯро бо сухан гарм месохтам. Оҳиста- оҳиста бо ман одат кард. Аз наздик вохӯрдан хост. Ба ҷойи гуфтаам омад. Расидан пас, пурсон шуд:

– Маҳқулат шудам ё не? Ҳарчанд ман лоиқи шумо нестам, вале, чӣ илоҷ, дилро канда наметавонам, - зуд ба гуфтаҳояш изофа намуд ӯ, агарчӣ посухи суоли аввалиро нагирифта буд.

Барои бовар карданаш ҷилави суханро ба даст гирифта, оромона гуфтамаш:

- Шахсе, ки дорои шуур аст, ба сират менигарад, на ба сурат азизам. Барои ман ботамкин будани шумо басанда аст, ки фардо оилаи хуб бунёд созем, на зебогии шумо...

Аммо духтар, ки чандон зебо набуд, дурӣ меҷустам аз ӯ. Бегоҳе занги телефон баланд шуд. Гӯширо бардоштам, ки бо овози баландгиря мекард:

- Маро ба шавҳар доданианд, чӣ кунам? Хостгорҳоятро ба хонаамон фирист, ақаллан фотеҳа карда монед. То вақте ки аст, мунтазир мемонам. Ё ба модарам занг зан бугӯ, ки духтаратро мегирам...

-Майлаш, ғамгин нашав, - гуфтам. Баҳона сохтам, ки машғули кор ҳастам, баъдтар занг мезанам. Телефонро хомӯш кардаму симкортро гирифта шикастам…
Иддае аз онҳо, ки ба ин маҳфил бо мақсади оила барпо намудан муроҷиат мекунанд, дар ҳақиқат дар зиндагӣ бехонаву бенаво ҳастанд. Мехоҳанд бо ин восита соҳиби хонаву парастор шаванд. Вале бом уроди худ намерасанд. Имрӯз ба эълонҳои дар гӯшаҳои шиносоии нашрияҳо бо чашми таҳқир ва тамасхур набояд нигарист, зеро ин шояд фарёди номуродиҳост…

«Шавҳарёбӣ» ё талош барои хона?
Ин ҳама аз чӣ маншаъ мегирад?


Амале, ки тавсифаш намебояд кард, суҳбати миёни наврасу ҷавонон ба воситаи телефони мобилист. Ҳарчанд тариқи ВАО аз зарару оқибатҳои бади барзиёд истифода кардани телефони мобилӣ гуфтаанду мегӯянд, натиҷа табъи дил нест. Бахусус, вақте дар ивази 5-6 сомонӣ бидуни ҳуҷҷат ба даст овардани симкорт дар бозорҳо имконпазир аст, муоширати «бемаҳдуд»-и кӯдакону ҷавононро чӣ тавр танзим кардан мумкин аст?
Мебояд ҷиддан сари танзими фурӯши симкортҳо фикр кард.

Абдулмаҷид Тураев, истиқоматкунандаи шаҳри Қӯрғонтеппа, оиди кору пайкори имрӯзаи ҷавонон фикрашро чунин баён кард:

- Яке аз сабабҳои косташавии муносибат миёни зану шавҳари ҷавон дар назди ҳамсари худ телефонро гирифта, бо духтарони бегона суҳбат кардан аст. Шоҳиди як муноқишаи оилавие шуда будам, ки келин баъди ба хонаи шавҳар омадан бо дӯстдоштааш телефонӣ суҳбат мекардааст. Ногоҳ хушдоман дар вақти бо телфон суҳбат кардани келинаш вориди хона шуда, мебинад, ки келинаш оҳиста телефонро аз гӯшаш мегирад. Дар миёни мардум он ҷавонзан шарманда шарманда шуд. Хушдоманаш ин ҳолатро ба писараш, ки дар Маскав, ба мардикорӣ машғул буд, хабар дод. Писараш зуд бо телефон занашро талоқ дод…

Ба ҷойи охирсухан


Мисоли дар боло зикршуда бозгӯкунандаи ҳаёти имрӯзаи иддае аз ҷавонон аст. Имрӯз мебояд аз ин амалҳо ҳазар кард, зеро барои духтарон эҳтимоли фирефтаи марди «занҷаллоб» шудан ва дар зиндагӣ сиёҳбахт гардидан зиёд аст.

Ҷавонписарон ҳам бояд рафтори шоиста дошта бошанду одоби шарқиёна ва ҳурмату иззати занону духтаронро ба ҷо оваранд.

Комрони БАХТИЁР



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Келин ганда ё хушдоман?

Келин ганда ё хушдоман?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҷавонон аз матбуот чӣ мехон(ҳ)анд?

Ҷавонон аз матбуот чӣ мехон(ҳ)анд?

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Карйера хуб аст ё шавҳар?

Карйера хуб аст ё шавҳар?

Ҷавонон ва варзиш, Таҳқиқи журналистӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Пирдухтар...

Пирдухтар...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Аз мактуби кабӯтар ба «М-агент»-у «Одноклассники»

Аз мактуби кабӯтар ба «М-агент»-у «Одноклассники»

Ҷавонон ва варзиш, АМОН МАҲКАМОВ