Дар як сатр
» » Р. Азизӣ: ««Ҳидоятҳо»-и Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии ифротгароӣ дар сафҳои пайравони андешаи наҳзатӣ мебошад»

Р. Азизӣ: ««Ҳидоятҳо»-и Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии ифротгароӣ дар сафҳои пайравони андешаи наҳзатӣ мебошад»

25-09-2015, 15:12

Р. Азизӣ: ««Ҳидоятҳо»-и Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии ифротгароӣ дар сафҳои пайравони андешаи наҳзатӣ мебошад»Рустам Азизӣ, муовини раҳбари Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пайравони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро дар ноором сохтани фазои сиёсии кишвар муттаҳам намуда, гуфтааст, ки «маҳз андеша ва «ҳидоятҳо»-и Сайид Абдуллоҳи Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии тундравӣ ва ифротгароӣ дар сафҳои пайравони андешаи наҳзатӣ мебошад».

Рустам Азизӣ дар матлабе, ки АМИТ «Ховар» онро нашр кард, ҳодисаҳои нимаи якуми моҳи сентябр дар Тоҷикистонро баёнгари интиқоли ақидаҳои тундрав ба марҳилаи татбиқи амалӣ унвон кардааст, ки ба қавли ӯ, «дар натиҷаи кӯшишҳои баъзе нохалафон барои ноором кардани ҳаёти осоишта дар ҷумҳурӣ, мо шоҳиди хунрезӣ ва талафоти ҷонӣ гардидем».

Муовини раҳбари Маркази исломшиносии Тоҷикистон аз ҷумла навиштааст: «таҳлили воқеаҳои охири Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат неруҳои харобкор ва аъзову ҳаводорони ҲНИТ дар ноором сохтани фазои сиёсии Тоҷикистон даст дошта, фаъолияти минбаъдаи ин ниҳодро ҳамчун ҳизби сиёсӣ зери суол мебарад. Зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб аз коршиносон ва таҳлилгарон тақозо менамояд, ки реша ва сарчашмаҳои эътиқодӣ, идеологӣ, иҷтимоӣ ва молиявии онро биомӯзанд».

Ӯ аз исёни Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиа ва маъруф ба «Ҳоҷӣ Ҳалим» ёд оварда, дар мақолаи худ таъкид намудааст, ки он далели аҳамияти аз даст надодани зиракиву ҳушёрии сиёсӣ ва шинохти сарчашмаҳои интишори ақидаҳои тундрав мебошад. Ба навиштаи Р. Азизӣ, «фаъолияти ҳар гуна гурӯҳҳои тундрав, ифротгаро ва террористӣ решаҳои зеҳнӣ ва идеологӣ дорад, ки пайравонашро барои даст задан ба хушунат ва амалҳои харобиовар роҳнамоӣ мекунад».

Дар идомаи матлаб муаллиф аз Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба унвони падари маънавии аъзо ва ҳаводорони ин ҳизб ном бурда, гуфтааст, ки суханрониву роҳнамоиҳои вай ба андеша ва рафтори онҳо пайваста таъсир мерасонад: «Албатта, солҳои баъд аз истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ роҳбарияти ҲНИТ кӯшишҳои зиёд намуданд, то барои оқои Нурӣ симои шахсияти илмӣ, равшанфикр, таҳаммулпазир ва ҳатто яке аз меъморони сулҳи тоҷикон эҷод кунанд ва бояд эътироф кунем, ки то андозае дар ин ҷода муваффақ ҳам шуданд. Вале агар бо чашми инсоф бинигарем, маҳз андеша ва «ҳидоятҳо»-и Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии тундравӣ ва ифротгароӣ дар сафҳои пайравони андешаи наҳзатӣ мебошад».

Муовини раҳбари Маркази исломшиносӣ барои тақвияти ин суханҳои худ аз Маҷмӯаи суханронӣ ва навиштаҳои Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки соли 2007 аз ҷониби Кумитаи ҷавонони ҲНИТ бо унвони «Он сӯйи сиёсат» нашр шуд, мисол зада, муҳтавои онро «саршор аз даъватҳо ба хушунат ва хунрезӣ» гуфтааст: «Оқои Нурӣ кишвари азизу маҳбуби моро ба таври ошкор «дору-л-куфр» (кишвари куфр) ва «дору-л-ҳарб» (кишвари ҷанг) номидааст (саҳ. 190). Дар саҳифаи 198 ин китоб чунин омадааст: «Онҳое, ки феълан дар дорулкуфри Коммунист ҳастанд дар Тоҷикистон дари тавба барои онҳо боз аст ва дари ҳиҷрат низ барояшон боз аст, ки роҳ биёбанд ҳатто як рӯз ҳам дар дору-л-ҳиҷрат (яъне, Афғонистон – Р.А.) бошанд».

Дар поёни ин матлаб гуфта мешавад, «мо боварии комил дорем, ки мақомоти дахлдор ва ниҳодҳои қудратӣ ин қабил китобҳои саршор аз даъватҳои ифротиро мамнӯъ эълон намуда, онро аз дасти аъзои феълӣ ва собиқи ҲНИТ мусодира менамоянд».


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Табибон: Намехоҳем, ки нооромиҳои солҳои 90-ум такрор шаванд

Табибон: Намехоҳем, ки нооромиҳои солҳои 90-ум такрор шаванд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Тандурустӣ ва экология
«Муроҷиати ҲНИТ тафриқаандозӣ ва иғвогарии навбатист»

«Муроҷиати ҲНИТ тафриқаандозӣ ва иғвогарии навбатист»

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Худобердӣ Холиқназар: ҲНИТ ҳаққи аз номи ИНОТ ҳарф заданро надорад

Худобердӣ Холиқназар: ҲНИТ ҳаққи аз номи ИНОТ ҳарф заданро надорад

Сиёсат, Хабарҳо
Истиқболи ҲНИТ аз куштор

Истиқболи ҲНИТ аз куштор

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
ҲНИТ дар шаҳри Сарбанд фаъолияташро қатъ кард

ҲНИТ дар шаҳри Сарбанд фаъолияташро қатъ кард

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА